ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «БЕҲТАРИН БАРНОМАСОЗ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба маркази баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ табдил ёфтааст ва дар ин муассисаи олии таълимӣ пайваста чорабиниҳои сатҳи баланд доир мегарданд. Рӯзи 23-юми октябри соли равон дар ДДМИТ бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тақвияти донишҳои барномасозӣ ва дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин барномасоз» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар доир гардид.
Дар маросими ифтитоҳи озмун ректори ДДМИТ Бобоҷон Сатторзода меҳмонон, устодон ва иштирокчиёни озмунро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки роҳ ёфтан ба сабқати ҷумҳуриявӣ худ нишонаи муваффақият ва дастоварди назаррас мебошад. Зеро дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ омода намудани мутахассисони баландихтисос ва ташаккули маърифати илмию инноватсионии ҷавонон аҳаммияти хосса дорад.
Донишгоҳ дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди донишҳои иттилоотию технологӣ ва татбиқи ҳадафҳои барномаҳои давлатӣ минбаъд низ ташаббусҳои наву самарабахшро амалӣ менамояд.
Имсол дар озмуни мазкур аз 25 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар 53 нафар донишҷӯ иштирок намуданд. Навоварии муҳимми озмуни имсола илова гардидани номинатсияи «Зеҳни сунъӣ» буд, ки барои рушди малакаҳои кор бо технологияҳои пешрафта ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар идомаи чорабинӣ ректори ДДМИТ ба роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки барои иштироки донишҷӯёни худ дар озмун мусоидат намуданд, инчунин, ба аъзои ҳакамони озмун изҳори миннатдорӣ карда, ба онҳо Сипосномаи донишгоҳро тақдим намуд.
Ҳамзамон, барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин барномасоз» ба сарпарастони чорабинӣ муассисаҳои молиявӣ, аз ҷумла КВД БССТ «Саноатсодиротбонк», Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк», ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» ва «Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон» Сипосномаи донишгоҳ супорида шуд.
Наврӯз ҶОБИРЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng