ШОМИ ХОТИРМОНИ ФАРҲАНГӢ
Шоми 23-юми октябри соли 2026, қабл аз маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин барномасоз», аз ҷониби ансамбли «Ҷавонӣ»-и ДДМИТ барномаи фарҳангию фароғатӣ пешкаш гардид.
Барнома аз рақсу суруд, мусиқии дилнишин ва саҳначаҳои ҷолиб иборат буда, дар онҳо мавзӯъҳои ватандӯстӣ, шодию нишот ва ҷавонӣ инъикос ёфта буданд. Ин барномаи рангини фарҳангӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни озмун ҳусни тоза бахшида, фазои идона ва хотирмонро фароҳам овард.
Тоҷ
Рус
Eng