Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи андозбандӣ ва суғуртаи факултети иқтисод ва идораи давлатӣ дар доираи зермаҳфили «Зеҳн» таҳти унвони «Бахши бозори миллии суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳфили илмӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ, ки 24-уми марти соли равон дар толори конфронсии донишгоҳ доир шуд, намояндагони ҶДММ «Ташкилоти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунии БИМА», устодону донишҷӯён ва дигар иштирокчиён ширкат варзиданд. Аз ҷумла, директори генералии ташкилоти мазкур Неъматҷон Ҷамолиддинов, директори шуъбаи фурӯш Манучеҳр Мамадов, директори шуъбаи суғурта Фаррух Раҳимов ва директори захираҳои инсонӣ Зумрат Умарова ба ҳайси меҳмонон иштирок карданд.

Нахуст декани факултети иқтисод ва идораи давлатӣ Қаландар Сафарзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки барои такмили фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ ва баланд бардоштани самаранокии кори онҳо робитаи назария бо амалия аҳаммияти махсус дорад. Ба гуфтаи ӯ, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ бо ташкилотҳои суғуртавӣ ва ҷалби мутахассисони соҳа ба раванди таълиму омӯзиш тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Зикр гардид, ки баргузории чунин маҳфилҳои илмӣ барои устодону донишҷӯёни ихтисосҳои марбутаи факултет имконият фароҳам меорад, ки бо вазъи бозори суғурта, таҷрибаи амалии мутахассисон ва равандҳои нави соҳа аз наздик шинос шаванд.

Сипас, директори генералии ҶДММ «Ташкилоти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунии БИМА» Неъматҷон Ҷамолиддинов доир ба фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ ва аҳаммияти хизматрасониҳои суғуртавӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ сухан гуфт. Ӯ таъкид кард, ки пардохти ҷуброни суғуртавӣ ҳангоми рух додани ҳодисаҳои нохуш, аз ҷумла сӯхтор, офатҳои табиӣ, зарари вобаста ба об ва садамаҳо, тибқи шартҳои шартномаи суғурта амалӣ мегардад.

Ҳамзамон, мавсуф ба масъалаи омодагии касбии кормандони соҳа таваҷҷуҳ намуда, иброз дошт, ки дар шароити муосир малакаи муоширати самаранок бо мизоҷон ва донистани забонҳои хориҷӣ аз омилҳои муҳими фаъолияти муваффақонаи кормандони ташкилотҳои суғуртавӣ ба шумор мераванд.

Дар идомаи маҳфил масъалаи таъмини молиявии давраи нафақа низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Таъкид шуд, ки дар шароити рушди иқтисоди бозорӣ ва низоми суғуртаи иҷтимоӣ зарурати тақвияти ҷанбаи молиявии таъминоти нафақавӣ бештар мегардад. Дар ин замина, андӯхти суғуртавӣ ва робитаи он бо таъминоти молиявии шахс дар давраи нафақа аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар қисми ҷамъбастии маҳфил мудири кафедраи андозбандӣ ва суғурта Муродалӣ Ҳусейнов оид ба хусусиятҳои бозори суғурта дар шароити рушди иқтисоди рақамӣ андешаронӣ кард.

Ӯ зикр намуд, ки рушди технологияҳои рақамӣ шаклу усулҳои анъанавии муносибатҳои бозориро тағйир дода, барои анҷом додани амалиёти иқтисодӣ бидуни мулоқоти бевоситаи фурӯшанда ва харидор имкониятҳои нав фароҳам овардааст. Имрӯз бисёр амалиёти хариду фурӯш тавассути платформаҳои электронӣ ва воситаҳои рақамӣ анҷом дода мешаванд.

Ба таъкиди ӯ, бозори суғурта низ маҷмуи муносибатҳои иқтисодии байни суғуртакунанда ва суғурташаванда мебошад, ки дар заминаи пешниҳоду хариди хизматрасониҳои суғуртавӣ ташаккул меёбад. Фаҳмиши дурусти моҳияти ин бозор, унсурҳои таркибии он ва тарзи фаъолияти иштирокчиён барои омода намудани мутахассисони соҳибкасб аҳаммияти муҳим дорад.

Дар бахши музокира устодону донишҷӯён оид ба унсурҳои бозори суғурта, иштирокчиёни он ва шаклҳои ташкилию ҳуқуқии ширкатҳои суғуртавӣ изҳори назар карда, ба саволҳои пешниҳоднамудаи меҳмонон посухҳои қаноатбахш доданд. Иштирокчиёни фаъол бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Баргузории чунин маҳфилҳои илмӣ дар таҳкими робитаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо ташкилотҳои соҳавӣ, баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявию амалии донишҷӯён ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир барои бозори меҳнат саҳми назаррас мегузорад.

.                                                                                                Тағоймурод ЭШЗОДА