ОҒОЗИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС
Тибқи нақшаи дурнамои гузаронидани курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2026, 25 майи соли равон дар маҷлисгоҳи бинои таълимии донишгоҳ машғулиятҳои навбатии курси такмили ихтисос оғоз гардид.
Тавре муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саидакмал Мирсаидов иброз дошт, ҳадафи асосии баргузории ин курсҳо баланд бардоштани сатҳи дониш, малака ва маҳорати касбии омӯзгорон мебошад. Ҳар як омӯзгор вазифадор аст, ки аз чунин курсҳо гузашта, дониш ва таҷрибаи андӯхтаи худро дар фаъолияти минбаъдаи омӯзгорӣ самаранок истифода намояд.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта омӯзгорони донишгоҳ аз курсҳои такмили ихтисос аз рӯйи равияи педагогика ва психология гузашта, соҳиби диплом гардида буданд. Имсол низ 73 нафар омӯзгорону кормандони донишгоҳ ба курсҳои такмили ихтисос аз рӯйи равияи иқтисодиёт ҷалб шудаанд.
Ба шунавандагони курс устодони варзида аз Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дарс мегӯянд.
Бино ба иттилои сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият Гуландом Латипова, пас аз анҷоми курсҳои такмили ихтисос 11 июни соли равон дар вазъияти тантанавӣ ба хатмкунандагон дипломҳо тақдим карда мешаванд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng