Дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (марҳалаи дуюм, солҳои 2026-2030) ва бо мақсади иҷрои фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Бобоҷон Сатторзода 30 майи соли 2026 вохӯрии омӯзишӣ дар мавзуи «Сиёсати давлат дар пешгирии муқовимат ба коррупсия» доир гардид.

Дар чорабинӣ ҳуқуқшиноси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Шарифзода Шарифбек Мурод оид ба сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб ва нақши ҷомеа дар пешгирии он суханронӣ кард.

Зикр гардид, ки бо мақсади тақвияти мубориза бар зидди коррупсия ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба ин раванд, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис дода шуд. Дар ин замина, дар кишвар як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва чандин стратегияҳои давлатӣ қабул гардидаанд, ки барои коҳиш додани сатҳи коррупсия ва таҳкими шаффофият мусоидат менамоянд.

Маърузачӣ таъкид намуд, ки коррупсия ба рушди иқтисодӣ, суботи иҷтимоӣ ва эътимоди мардум ба ниҳодҳои давлатӣ таъсири манфӣ мерасонад. Аз ҷумла, он боиси коҳиши даромади буҷет, паст гардидани сифати хизматрасониҳои давлатӣ, афзоиши нобаробарии иҷтимоӣ ва суст шудани ҷалби сармоя мегардад.

Ҳамчунин, масъалаи таъсири манфии коррупсия ба тарбияи насли ҷавон мавриди баррасӣ қарор гирифта, зикр шуд, ки ин амал ба арзишҳои ахлоқӣ ва принсипи баробарии имкониятҳо дар ҷомеа таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Дар идомаи вохӯрӣ Шарифзода Шарифбек Мурод ба як қатор моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои коррупсионӣ дахл доранд, шарҳу тавзеҳ дод.

Дар анҷоми чорабинӣ миёни иштирокчиён ва маърузачӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, ба суолҳои пешниҳодшуда посухҳои мушаххас дода шуданд. Ҳамзамон, ҳозирин ба саҳмгузорӣ дар пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва бетараф набудан нисбат ба ин зуҳуроти номатлуб даъват гардиданд.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА