СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДОИР БА МАСЪАЛАҲОИ КАНОРИИ МУОДИЛАҲОИ ДИФФЕРЕНСИАЛӢ
26-уми ноябри соли равон дар назди кафедраи математикаи олии донишгоҳ бо иштироки профессори факултети механика ва математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сарвар Зарифзода ва омӯзгорони кафедра семинари илмӣ дар мавзуи «Масъалаҳои канорӣ барои баъзе системаҳои таркибии муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусӣ» доир гардид.
Дар семинар ассистенти кафедраи математикаи олӣ Собир Мирзозода оид ба мавзуи мазкур маъруза намуда, масъалаҳои назариявӣ ва усулҳои ҳалли муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусиро мавриди баррасӣ қарор дод.
Зимни ирои маърӯза иброз гардид, ки барои таҳқиқ ва ҳалли муодилаҳои дифференсиалии дараҷаи дуюм бо коэффитсиентҳои тағйирёбанда ва шартҳои аввалаю канорӣ усули ҷудокунии тағйирёбандаҳо мавқеи муҳим дорад.
Ҳамчунин, масъалаи ҳосил намудани системаи пурра ва ортонормиронидашудаи функсияҳои хос ва пешниҳоди ҳалли масъала дар шакли қатори m-ченакаи мунтазам ва мутлақ наздикшаванда баррасӣ гардид. Дар ин замина, хусусиятҳои ҳалли ягонаи классикии масъалаи мавриди таҳқиқ тавзеҳ дода шуданд.
Дар семинари илмӣ устодони кафедра Рашид Раҳимов, Бобоалӣ Шарипов, Абубакр Кабиров, Миралӣ Шодмонов ва Бахтиёр Саидов иштирок намуда, атрофи мавзуи баррасишуда фикру андеша ва мулоҳизаҳои илмии худро баён карданд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng