ПЕШГИРӢ АЗ ТАЪСИРИ МАНФИИ ШАБАКАҲОИ ИҶТМОӢ
9-уми октябри соли равон дар толори таълимии донишгоҳ бо ташаббуси ассистенти кафедраи низоми иттилоотӣ-инноватсионӣ дар иқтисодиёт Неъматуллои Мирзошоҳ бо донишҷӯёни факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ дарси тарбиявӣ дар мавзуи «Пешгирӣ аз шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ» доир гардид.
Зимни дарс Неъматуллои Мирзошоҳ бо истифода аз слайдҳои таълимӣ доир ба мубрамияти мавзуъ, таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷаҳонбинӣ ва рафтори ҷавонон, инчунин роҳҳои пешгирӣ аз таъсири манфии онҳо суханронӣ намуд.
Мавсуф таъкид кард, ки ҷавонон неруи бузурги ҷомеа ва ояндаи миллату давлат ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва донишомӯзӣ вазифаи муҳимми ҳар як омӯзгор ва аҳли ҷомеа мебошад. Яке аз роҳҳои муҳими ҳифзи ҷавонон аз таъсири манфии муҳити иттилоотӣ бедор намудани шавқу рағбати онҳо ба мутолиаи китоб ва омӯзиши илмҳои муосир аст.
Дар идомаи суҳбат масъалаи таъсири манфии баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ ва гурӯҳҳои ифротгаро мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид шуд, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ бархе аз гурӯҳҳои манфиатҷӯ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш менамоянд, ҷавонони камтаҷрибаву аз донишҳои кофӣ бархӯрдор набударо ба доми андешаҳои ифротӣ ва ғаразноки худ кашанд. Чунин ҳолат метавонад ба амнияти давлат, суботи ҷомеа ва ояндаи ҷавонон таъсири манфӣ расонад.
Дар идомаи дарс ассистенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети менеҷмент ва ҳуқуқӣ иқтисодӣ Ҳумайнӣ Носиров иброз дошт, ки ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта аз ҷумлаи хатарҳои ҷиддӣ ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти миллӣ ба ҳисоб рафта, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб масъулияти ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи кишвар вазифаи муқаддаси ҳар як сокини мамлакат аст.
Дар қисмати ҷамъбастии дарси тарбиявӣ миёни баромадкунанда ва донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои пешниҳоднамудаи донишҷӯён посухҳои мушаххас ва қонеъкунанда дода шуданд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng