ИФТИТОҲИ ЛОИҲАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ STEM-HER ДАР ДДМИТ
Бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон чорабинии расмии ифтитоҳи лоиҳаи байналмилалии омӯзишии STEM-HER доир гардид.
Ҳадафи асосии чорабинӣ муаррифии лоиҳаи мазкур, шинос намудани донишҷӯдухтарон бо имкониятҳои омӯзишии он, ҷалби онҳо ба курсҳои байналмилалии онлайн ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди дониш, малакаҳои рақамӣ, соҳибкорӣ ва тафаккури инноватсионии онҳо мебошад.
Дар оғози чорабинӣ муовини ректори донишгоҳ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Парвиз Ғафуров доир ба аҳамияти татбиқи барномаҳои байналмилалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави омӯзишӣ барои донишҷӯён, бахусус донишҷӯдухтарон ибрози андеша намуд. Таъкид гардид, ки иштироки фаъолона дар чунин барномаҳо ба баланд бардоштани сатҳи дониш, такмили малакаҳои касбӣ ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир мусоидат менамояд.
Сипас, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ Ҷаҳонгир Маҳмуродзода оид ба нақши лоиҳаҳои байналмилалӣ дар рушди фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва инноватсионии донишгоҳ, инчунин зарурати ҷалби бештари донишҷӯдухтарон ба барномаҳои омӯзишии байналмилалӣ суханронӣ намуд.
Дар идомаи чорабинӣ ифтитоҳи расмии лоиҳаи байналмилалии STEM-HER эълон гардида, мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Асел Ҷурабековна ба иштирокчиён моҳият, ҳадаф, самтҳои асосӣ ва имкониятҳои омӯзишии лоиҳаи мазкурро муаррифӣ кард.
Зимни муаррифӣ шарҳ дода шуд, ки лоиҳаи STEM-HER бо мақсади дастгирии занону духтарон ва фароҳам овардани имкониятҳои баробари омӯзишу рушди касбии онҳо дар самтҳои илм, технология, муҳандисӣ ва математика (STEM) роҳандозӣ гардидааст.
Қайд карда шуд, ки лоиҳа асосан дар шакли фосилавӣ (онлайн) амалӣ гардида, ба донишҷӯдухтарон имкон медиҳад, ки новобаста ба маҳалли зист дар курсҳои омӯзишии байналмилалӣ иштирок намуда, дониш ва малакаҳои худро дар самтҳои технологияҳои муосир, зеҳни сунъӣ, соҳибкорӣ, таҳияи ғояҳои инноватсионӣ ва истифодаи воситаҳои рақамӣ такмил диҳанд.
Ҳамзамон, ба иштирокчиён тартиби бақайдгирӣ, шартҳои иштирок, раванди баргузории машғулиятҳои онлайн ва имкониятҳои омӯзишии лоиҳа шарҳу тавзеҳ дода шуданд. Таъкид гардид, ки иштирок дар чунин курсҳо барои донишҷӯдухтарон имконияти хуби азхуд намудани донишҳои нав, шиносоӣ бо таҷрибаи байналмилалӣ ва рушди малакаҳои зарурӣ барои фаъолияти минбаъдаи касбиро фароҳам меорад.
Дар фарҷоми чорабинӣ донишҷӯдухтарон ба иштироки фаъолона дар лоиҳаи мазкур даъват гардида, ҷиҳати истифодаи самаранок аз имкониятҳои пешниҳодшуда тавсияҳои зарурӣ гирифтанд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng