ҲАМКОРӢ БО ВОЛИДАЙН - ОМИЛИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲУ СИФАТИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ
25 ноябри соли равон бо ташаббуси факултети молия ва қарз ҷиҳати таҳкими робитаи муассисаи таҳсилоти олӣ бо оила, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон ва беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсил ҷаласаи васеи волидайн баргузор гардид.
Дар ҷаласа падару модарони донишҷӯёни курсҳои якум, дуюм, сеюм ва чорум, декани факултет Абдукарим Муминзода, сардори раёсати ташкиливу тарбиявӣ Сиёвуш Ҳабибов, эдвайзер оид ба тарбияи факултет Фарҳод Саъдуллозода, сармутахассиси раёсати мазкур Исматулло Ҷумаев, мутахассис Сабур Муминзода, намояндагони садорати факултет, мудирони кафедраҳо ва кураторони гурӯҳҳои академӣ иштирок намуданд.
Ҷаласаро декани факултет Абдукарим Муминзода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки дар донишгоҳ ба масъалаҳои таълиму тарбияи донишҷӯён, истифодаи мақсаднок ва дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва пешгирии зуҳуроти номатлуб дар байни ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Зикр шуд, ки яке аз вазифаҳои муҳимми муассисаи таълимӣ ва оила ҳидоят намудани ҷавонон ба роҳи донишомӯзӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва созандагӣ мебошад.
Сипас, сардори раёсати ташкиливу тарбиявӣ Сиёвуш Ҳабибов иброз дошт, ки тарбияи ҷавонон дар шароити муосир масъулияти ҷиддӣ ва ҳамкории пайвастаи донишгоҳу оиларо тақозо менамояд. Ба таъкиди мавсуф, иштироки фаъолонаи падару модарон дар раванди таълиму тарбияи фарзандон ба баланд гардидани ҳисси масъулиятшиносӣ, риояи интизом ва беҳтар шудани сатҳу сифати донишомӯзии онҳо мусоидат мекунад.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки падару модарон дар баробари фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҷисмонӣ ва равонии фарзандон, бояд ба рафтору кирдор, тарзи зиндагӣ ва муносибати онҳо ба таҳсил таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намоянд. Ҳамкории мунтазам бо омӯзгорон ва кураторони гурӯҳҳои академӣ метавонад дар ҳалли саривақтии мушкилоти таълимӣ ва тарбиявӣ нақши муассир гузорад.
Дар идомаи ҷаласа натиҷаҳои таҳсил, сатҳи азхудкунии барномаҳои таълимӣ, дастовардҳои илмиву фарҳангӣ ва иштироки донишҷӯён дар ҳаёти ҷамъиятии донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, масъалаҳои бартараф намудани камбудиҳо дар самтҳои таълим, илм ва тарбия, омодагӣ ба аттестатсияи кормандон, иҷрои нақшаҳои инфиродӣ, ҷалби донишҷӯён ба Китобхонаи миллӣ ва китобхонаи донишгоҳ, риояи талаботи либоспӯшии тавсиявӣ, навбатдории кураторон, шиносоии донишҷӯён бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва одоби муошират муҳокима гардиданд.
Зимни муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома иштирокчиён оид ба роҳҳои беҳтар намудани раванди таълиму тарбия андешаронӣ намуда, таклифу пешниҳодҳои судманд ироа карданд. Падару модарон доир ба сатҳи омодагии касбӣ, раванди таҳсил ва дастовардҳои фарзандонашон маълумот гирифта, андешаҳои худро вобаста ба беҳтар намудани сифати таълим ва тақвияти ҳамкории донишгоҳ бо оила баён доштанд. Ба саволҳои пешниҳодгардида аз ҷониби масъулон посухҳои мушаххас дода шуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа ба падару модарони донишҷӯёни фаъол барои саҳмгузорӣ дар таълиму тарбияи фарзандон, дастгирии пайваста ва мусоидат ба дастовардҳои таълимии онҳо изҳори қадрдонӣ карда шуд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng