Шоми 15 майи соли 2026 дар доираи нақшаи чорабиниҳои раёсати ташкилию тарбиявӣ ва шуъбаи кор бо ҷавонони ДДМИТ дар ҳамбастагӣ бо маъмурияти хобгоҳҳои донишгоҳ чорабинии тарбиявӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Ҷавонон – созандагони меҳан ва пайравони Пешвои миллат» доир гардид.

Чорабинии мазкур ба се санаи муҳими таърихӣ - 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (дар доираи «Моҳвораи ҷавонон») ва 30-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида шуда, мақсади асосии он баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва дастгирии истеъдодҳои санъаткори донишҷӯён мебошад.

Дар чорабинӣ меҳмонон аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давронзода Ҷонибек, сардори шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Муслим Усмонзода, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе Гулзод Маҳкам Ҷума, муовини ректори ДДМИТ оид ба тарбия Ғафорова Шаҳноза, сардори раёсати ташкилию тарбиявии донишгоҳ Ҳабибов Сиёвуш, сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Ҷангиев Ҷаъмахон, инчунин, коменданти хобгоҳ ва доираи васеи донишҷӯёни истиқоматкунанда иштирок намуданд.

Чорабиниро муовини ректор оид ба тарбия Ғафорова ифтитоҳ намуда, нахуст ҳамаи ҷавонону донишҷӯёнро ба муносибати фарорасии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва ҷашнҳои дарпешистодаи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30-солагии таъсисёбии донишгоҳ самимона табрик гуфт. Қайд гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон тамоми шароити мусоид ҷиҳати таҳсил, зиндагӣ ва рушди касбӣ фароҳам оварда шудааст. Донишҷӯёни ДДМИТ низ ҳамчун неруи пешбаранда дар пайравии Пешвои миллат бояд илм омӯзанд ва дар пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳмгузор бошанд.

Сипас, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе Гулзод Маҳкам Ҷума суханронӣ карда, афзуд, ки пойтахти кишвар шаҳри Душанбе имрӯз ба шаҳри ҷавонон ва маркази ташаббусҳои созанда табдил ёфтааст. Вай аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки аз шароити фароҳамовардаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе самаранок истифода бурда, дар ободонию тозагии пойтахт ва корҳои ҷамъиятӣ фаъол бошанд.

Дар идома сардори шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Муслим Усмонзода оид ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташаккули сиёсати ҷавонон ва таҳкими худшиносии миллии насли наврас ибрози андеша кард. Ӯ таъкид намуд, ки ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат ба муқобили падидаҳои номатлуби ҷомеа мубориза баранд ва ғояҳои созандаи ҳизбро сармашқи кори худ қарор диҳанд.

Намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давронзода Ҷонибек дар бораи моҳияти баргузории «Моҳвораи ҷавонон», ҷалби бештари донишҷӯён ба варзиш, тарзи ҳаёти солим ва татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар кишвар маълумоти муфассал дод. Вай донишҷӯёнро ба азхудкунии илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ талқин намуд.

Инчунин, аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе донишҷӯёни истиқоматкунандаи хобгоҳи донишгоҳ, ки дар корҳои сиёсиву ҷамъияти фаъолона иштирок менамоянд, бо сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.

Баъд аз қадрдонии донишҷӯён чорабинии фарҳангию фароғатӣ, ки аз ҷониби худи донишҷӯёни истиқоматкунандаи хобгоҳ омода шуда буд, пешкаши ҳозирин гардид. Донишҷӯёни соҳибистеъдод бо барномаи рангини консертӣ, аз ҷумла қироати шеърҳо, сурудҳои дилнишин дар васфи ҷавонӣ ва Модар-Ватан, иҷрои рақсҳои миллӣ, инчунин, намоиши саҳначаҳои ҳаҷвии тарбиявӣ ва тақлидкорӣ хотири иштирокчиёнро болида гардониданд. Фазои идона ва ҳунарнамоии самимонаи донишҷӯён ба чорабинӣ шукӯҳи хосса бахшид.

Дар анҷоми чорабинӣ меҳмонон ва масъулини донишгоҳ ба сатҳи баланди ташкилӣ ва омодагии донишҷӯён баҳои сазовор дода, ба ташаббускорон ва роҳбарияти раёсати ташкилию тарбиявӣ ва шуъбаи кор бо ҷавонони ДДМИТ барои чунин як шоми фаромӯшнашаванда ва муфид изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.

Баргузории чунин чорабиниҳо дар хобгоҳҳои донишгоҳ баёнгари он аст, ки раванди таълиму тарбия ва фароғати донишҷӯён ҳамеша зери таваҷҷуҳи пайвастаи раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон қарор дорад.

 

Сиёвуш ҲАБИБОВ,

сардори раёсати ташкилию тарбиявии ДДМИТ