ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ «ДОНИШҶӮИ СОЛ” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ масъалаи дастгирии ҷавононро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, барои илмомӯзӣ ва рушди маънавию касбии онҳо тадбирҳои густурда амалӣ намудааст. Маҳз бо ташаббус ва сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон шароити мусоиди таҳсил, таҳқиқоти илмӣ ва рушди истеъдодҳо фароҳам гардидааст.
Аз ҷумла, дар кишвар барномаҳои давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон қабул ва татбиқ шуда истодаанд, ки ҳадафи асосияшон баланд бардоштани сатҳи дониш, ҷаҳонбинии илмӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос мебошад.
Дар навбати худ талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки насли ояндасози миллатамон бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ минбаъд низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.
Дар ҷамъбасти озмуни донишгоҳии “Донишҷӯи сол”, ки санаи 15 майи соли равон дар ДДМИТ бо ширкати муовини аввал, муовини ректор оид ба илм Саидакмал Мирсаидов, муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова, инчунин, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, роҳбарони илмии донишҷӯёни ғолиб ва доираи васеи омӯзгорону муҳассилин доир гардид, ҳамин нукта махсусан таъкид гардид.
Бо ишора ба талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ҷавонон дар роҳи илмомӯзӣ, муовини аввали ректор С. Мирсаидов таъкид намуд, ки чунин иқдомҳои нек на танҳо ба омодасозии ҷавонони донишманду соҳибкасб, ки алъон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа ва кафили рушди минбаъдаи давлат арзёбӣ мешаванд, ҳамчунин, ба рушду таҳкими иқтидори зеҳнии миллат ва таъмини ояндаи устувори кишвар равона гардидаанд.
Муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова низ зимни баромади хеш зикр намуд, ки озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи беҳтарин», ки бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, яке аз тадбирҳои муҳими давлатӣ дар самти дастгирии ҷавонони болаёқат ба шумор меравад. Ҳадафҳои асосии ин озмун бисёрҷанба буда, ба рушди зеҳнӣ, илмӣ ва иҷтимоии донишҷӯён равона шудаанд.
- Ҳадафи калидии озмун қабл аз ҳама дарёфт ва дастгирии донишҷӯёни боистеъдод буда, ин ташаббус имконият фароҳам меорад, то ҷавонони дорои дониши амиқ, малакаи баланди таҳлил ва ҷаҳонбинии васеъ шинохта ва қадрдонӣ шаванд, - иброз дошт Ш. Ғафорова ва ҳамзамон афзуд, ки озмун ба ҳавасмандсозии донишҷӯён барои илмомӯзӣ ва таҳқиқоти илмӣ нигаронида шудааст. Иштирок дар чунин сабқатҳо донишҷӯёнро водор месозад, ки сатҳи дониш ва маҳорати касбии худро боло баранд.
Сипас, сардори раёсати ташкилию тарбиявии донишгоҳ Сиёвуш Ҳабибов зимни муаррифии ғолибони даври донишгоҳии озмуни “Донишҷӯи сол” иброз дошт, ки тибқи тартиботи низомномавии озмун аз миёни 7 нафар ғолиб пас аз баҳогузории ҳакамон танҳо 3 нафар донишҷӯ метавонад ба даври ҷумҳуриявӣ, ки бо ширкати 42 нафар донишҷӯ аз муассисаҳои олии касбии кишвар дар Рӯзи ҷавонон доир мегардад, роҳ ёбад.
Пас аз шунидани маросими муаррифӣ ва презентатсияи ҳамаи довталабон бо раъйи умумии ҳайати ҳакамон ҷойи якумро ба донишҷӯйи курси 3-юми ихтисоси аудит ва ревизияи факултети ҳисобдорӣ ва омор Исмоил Асроров, ҷойи дуюмро ба Ҳаймаҳмадов Муҳаммад Азаматшоҳович - донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси идораи давлат ва ҳуқуқ ва ҷойи сеюм Додоҷонова Мавҷуда - донишҷӯи соли 3-юми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ихтисоси молия ва қарз ба даври ҷумҳуриявии озмуни “Донишҷӯи сол” дар соли таҳсили 2025 - 2026 роҳхат гирифтанд.
Раёсат ва ҳайати профессориву омӯзгории Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба ғолибони даври донишгоҳии озмуни “Донишҷӯи сол” самимона муваффақият орзу намуда, итминон дорад, ки иштироки ӯ дар даври ҷумҳуриявӣ ҷойгоҳи сазоворро соҳиб гардида, шарафу нуфуз ва эътибору обрӯи донишгоҳро ҳимоя хоҳад кард.
Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ
Тоҷ
Рус
Eng