ЧОРАБИНИИ ИДЕОЛОГӢ-ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА ҶАШНҲОИ БУЗУРГИ МИЛЛӢ ВА ДАВЛАТӢ
Дар партави сиёсати хирадмандона ва ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ҳувияти миллии донишҷӯён, санаи 15 апрели соли равон дар саҳни бинои таълимии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон чорабинии идеологӣ - фарҳангӣ зери унвони «Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат ва созандагони фардои дурахшон» баргузор гардид.
Ин ҳамоиши бошукӯҳ дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсати ташкилию тарбиявӣ ва Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ дар ҳамбастагӣ бо садорати факултети ҳисобдорӣ ва омор ва факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ роҳандозӣ шуд. Чорабинии мазкур ба се санаи муҳими таърихӣ: «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Моҳвораи ҷавонон» ва «30-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон» бахшида шуд.
Дар чорабинӣ меҳмонон ва роҳбарияти донишгоҳ иштирок намуданд, аз ҷумла: Муслим Усмонзода - сардори Шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар шаҳри Душанбе, Шаҳноза Ғафорова - муовини ректор оид ба тарбияи ДДМИТ, Сиёвуш Ҳабибов - сардори раёсати ташкилию тарбиявии донишгоҳ, Ҷаъмахон Ҷангиев - сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ, Ёрибек Тилабов - декани факултети ҳисобдорӣ ва омор, Навруз Умарзода - декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ.
Ҳамчунин, дигар деканҳои факултетҳо, устодону кормандони раёсат ва доираи васеи донишҷӯёни фаъоли факултетҳои номбурда ҳузур доштанд.
Чорабиниро муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва ҳозиринро хайрамақдам гуфт. Номбурда зимни суханронии худ иброз намуд, ки: «Ҷавонон қувваи пешбаранда ва ояндасози давлату миллат ба шумор мераванд. Имрӯз, дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30-солагии донишгоҳи азизамон, мо шоҳиди он ҳастем, ки донишҷӯёни мо на танҳо дар соҳаи илму дониш, балки дар корҳои ҷамъиятиву созандагӣ пешсаф мебошанд. Раёсати донишгоҳ ҳамеша ташаббусҳои созандаи ҷавононро дастгирӣ намуда, барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо тамоми шароитҳоро муҳайё месозад».
Сипас, сардори Шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Муслим Усмонзода оид ба нақши ҷавонон дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, пешгирии ҷавонон аз пайвастан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ суханронии таъсирбахш намуд. Ӯ таъкид дошт, ки ҲХДТ ҳамчун ҳизби зодаи даврони соҳибистиқлолӣ, таҳти раҳбарии Пешвои муаззами миллат ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, онҳоро пайваста ба омӯзиши илмҳои муосир ва ҳифзи манофеи миллӣ ҳидоят менамояд.
Яке аз лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда ва ифтихории чорабинӣ ин қадршиносии устодону донишҷӯёни фаъол ба ҳисоб мерафт. Дар фазои тантанавӣ устодон ва донишҷӯёне, ки дар давоми соли таҳсил фаъолияти назарраси ҷамъиятиву сиёсӣ дошта, дар омода намудани шогирдон ба озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ саҳми арзанда гузоштаанд, бо Ифтихорномаҳо ва Сипосномаҳо-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Раёсати донишгоҳ ва садорати факултетҳо сарфароз гардонида шуданд. Ин иқдом, бешубҳа, барои ҳавасмандгардонии ҷавонон ва рушди минбаъдаи истеъдодҳои онҳо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Баъд аз анҷоми қисмати расмӣ ва табрикоти меҳмонон, барномаи рангини фарҳангӣ оғоз гардид, ки он аз ҷониби донишҷӯёни лаёқатманди факултетҳои ҳисобдорӣ ва омор, инчунин менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ омода шуда буд.
Донишҷӯён дар васфи Ватан-Модар, ҷавонӣ, сулҳу ваҳдат ва ифтихори миллӣ шеърҳои баландмазмун қироат намуда, сурудҳои дилнишин сароиданд. Намоиши рақсҳои зебои миллӣ, ки таҷассумгари фарҳанги бою қадимаи тоҷикон мебошанд, ба чорабинӣ шукӯҳу таровати хоса бахшида, табъи ҳозиринро болида сохт.
Чорабинии мазкур бори дигар собит намуд, ки донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон на танҳо дар азхудкунии илмҳои дақиқу иқтисодӣ, балки дар ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ низ намунаи ибрат мебошанд.
Сиёвуш ҲАБИБОВ,
сардори раёсати ташкилию тарбиявии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng