ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДДМИТ ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ИШТИРОК НАМУДАНД
Санаи 17 майи соли 2026 омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар чорабинии оммавии варзишӣ - Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ иштироки фаъолона намуданд.
Ин иқдом ҳамасола бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол доии гардида, бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва таҳкими рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва иттифоқию солимгардонии ҷомеа доир карда мешавад.
Ин навбат ҳайати ДДМИТ зиёда аз 200 буданд, ки бо рӯҳияи баланд ва ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ дар ин ҳамоиши варзишӣ ширкат варзида, саҳми худро дар тарғиби ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш гузоштанд.
Қобили зикр аст, ки Дави миллӣ ҳамасола дар саросари мамлакат баргузор гардида, яке аз маъракаҳои муҳими варзишии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Омӯзгорону донишҷӯён пайваста дар ташаббусҳои ҷамъиятӣ фаъол мебошанд. Ин навбат низ аз субҳ дар назди мавзеи муайяншуда Чорбоғ ҳузур доштанд.
Тоҷ
Рус
Eng