ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МОЛИЯВӢ ДАР ШАРОИТИ РУШДИ ТАҲДИДҲОИ КИБЕРӢ
Рӯзи 15 майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон маҳфили навбатии “Дурахши илм” доир гардид. Маҳфил чун ҳамешагӣ таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Муқимзода Қутбиддин Мирзоҷон ва инчунин, ширкати ташаббускорону масъулони чорабинии навбатӣ, Раёсати илм ва инноватсия, факултети молия ва қарз, кафедраи молия, мудирони кафедраҳо, модераторон ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ баргузор шуд.
Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимзода дар шарҳи мавзуи матраҳ зикр намуд, ки амнияти молиявӣ ҳолатест, ки дар он низоми молиявии давлат аз таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҳифз шуда, имкони рушди муттасил ва самаранокро фароҳам меорад. Аҳамияти амнияти молиявӣ дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва рақобати иқтисодӣ ба яке аз масъалаҳои калидӣ табдил ёфтааст. Он на танҳо як ҷузъи амнияти иқтисодӣ, балки заминаи асосии субот ва рушди устувори давлат мебошад. Амнияти молиявӣ кафолат медиҳад, ки иқтисодиёт ба буҳронҳо, таваррум ва ноустувории бозор муқовимат карда метавонад. Ин ба рушди мунтазам ва пешгӯишавандаи иқтисодӣ мусоидат менамояд. Бо назардошти муҳимияти мавзуъ таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин масъала пайгиронаву ташаббускорона мебошад. Ин аст, ки маҳфили имрӯзаи “Дурахши илм” маҳз ба ҳамин масъалаи актуалӣ бахшида шуд.
Сипас, ҳозирин презентатсияи донишҷӯёни соли 3-юми ихтисоси 1-25010402 – кори бонкӣ Холиқова Фархунда, Тиллозода Наргис, Саидов Абдулло ва Амиршозода Саймӯминро дар мавзуи “Таъмини амнияти молиявӣ дар шароити рушди таҳдидҳои киберӣ” шуниданд.
Нотиқон дар оғоз перомуни мафҳуми амнияти молиявӣ маълумоти муфасал дода, изҳор доштанд, ки амнияти молиявӣ яке аз пояҳои асосии рушди устувори давлат ва иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад. Он на танҳо ҳифзи захираҳои молиявиро таъмин мекунад, балки шароити мусоид барои пешрафти иқтисодӣ, суботи иҷтимоӣ ва истиқлолияти давлатӣ фароҳам меорад.
Гуфта шуд, ки амнияти молиявӣ қисми муҳими амнияти иқтисодӣ буда, маҷмӯи тадбирҳо ва механизмҳоест, ки давлат тавассути онҳо устувории низоми молиявӣ, муҳофизати манфиатҳои иқтисодӣ ва пешгирии хавфҳои дохилию хориҷиро таъмин мекунад. Муҳити молиявии устувор ва бехатар эътимоди сармоягузоронро зиёд мекунад. Ин барои рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор муҳим аст.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки давлате, ки низоми молиявии қавӣ дорад, метавонад сиёсати мустақили иқтисодиро амалӣ намояд ва аз таъсири беруна камтар вобаста бошад. Аҳамияти амнияти молиявӣ дар он аст, ки он ҳамчун сутуни асосии суботи давлат ва рушди иқтисодӣ хизмат мекунад.
Дар идома изҳори назар карда шуд, ки дар шароити муосир амнияти молиявӣ бо амнияти киберӣ пайванди зич дорад. Ин аст, ки ҳифзи пардохтҳои электронӣ ва маълумоти молиявӣ аҳамияти калон пайдо кардааст. Такмили қонунгузорӣ, рушди низоми бонкӣ, шаффофияти идоракунии молия, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва баланд бардоштани саводи молиявии аҳолӣ аз омилҳои муҳими таҳкими амнияти молиявӣ номбпр карда шуд.
Ба хулосаи баромадкунандагон амнияти молиявӣ кафили рушди устувор, суботи иҷтимоӣ ва қудрати иқтисодии давлат буда, бе он наметавон иқтисоди рақобатпазир ва мустақилро бунёд кард. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, таҳкими он бояд яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ боқӣ монад.
Дар поёни презентатсия аз ҷониби баромадкунандагон ба донишҷӯён саволҳо вобаста ба мавзуи баррасишаванда пешниҳод гардид, ки дар он Файзалиев Фаридун, Толибшоҳи Замон ва Раҷабов Сиёвуш фаъолона ширкат намуданд.
Ёдовар мешавем, ки “Дурахши илм” яке аз ташаббусҳои илмиву маърифатии раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон буда, бо дастури бевоситаи ректори муассисаи таълимӣ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор ва ташаббуси Шурои рушди илм ва инноватсияи ДДМИТ таъсис ёфтаву ҳадафаш ташаккули тафаккури зеҳнии донишҷӯён ва ба ин васила пайдо намудани чеҳраҳои нави илмӣ ва дар умум пурқувват кардани пойгоҳи илмиву зеҳнии донишгоҳ мебошад, ки моҳе се маротиба доир мегардад. Алъон аз моҳи октябр то кунун 19 маҳфили “Дурахши илм” бо ширкати фаъолона ва маърузаву презентатсияҳои бевоситаи худи донишҷӯён баргузор гардидааст.
Дар назар аст, ки то охири соли таҳсили равон боз ду маҳфили дигар доир карда шавад.
Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ
Тоҷ
Рус
Eng