ОҒОЗИ ИМТИҲОНҲОИ ДАВЛАТӢ ДАР ДДМИТ
18 майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аттестатсияи ниҳоии давлатии байнифаннӣ барои хатмкунандагони соли таҳсили 2025-2026 оғоз гардид. Нахустин имтиҳони давлатӣ аз рӯйи ихтисоси 1-25010402 - кори бонкии кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарз доир шуд.
Дар оғоз муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саидакмал Мирсаидов таъкид намуд, ки ҳайатҳои комиссияҳои аттестатсионии давлатӣ дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2026, таҳти №247 тасдиқ гардидаанд. Зикр шуд, ки раиси комиссияи давлатии хатм аз рӯйи ихтисоси кори бонкӣ Лоиқ Ҳалимов - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошад.
Қайд гардид, ки раванди имтиҳонҳо бояд дар фазои шаффоф, мутобиқ ба талаботи муқарраргардида ва бо риояи меъёрҳои баҳогузорӣ баргузор шавад. Ҳамзамон, ба аъзои комиссияҳо ҷиҳати ҷиддӣ ва масъулиятнок муносибат намудан ба ҷараёни имтиҳонҳо дастур дода шуд.
Бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ тамоми имтиҳонҳои давлатӣ, ҳимояи корҳои хатмкунӣ ва рисолаҳои магистрӣ дар синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо тахтаҳои электронӣ ва таҷҳизоти сабти видеоӣ баргузор мегарданд, ки ин ба шаффофият ва сатҳи баланди баргузории имтиҳонҳо мусоидат менамояд.
Аттестатсияи давлатии байнифаннӣ аз рӯйи ихтисоси кори бонкӣ дар вақти муайяншуда оғоз гардида, раиси комиссия аз сатҳи дониш ва омодагии хатмкунандагон изҳори қаноатмандӣ намуд.
Бояд гуфт, ки имтиҳонҳои давлатӣ дар ҳамаи кафедраҳои факултетҳои донишгоҳ аз 18 май оғоз гардида, то 12 июни соли равон идома хоҳанд ёфт.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng