ЗЕҲНИ СУНЪИИ ТАВЛИДГАР - ЁВАРИ ОМӮЗГОРИ АСРИ РАҚАМӢ
18 майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ташаббуси факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои иттилоотӣ маҳфили илмии “Зеҳн” дар мавзуи “Зеҳни сунъии тавлидгар - ёвари омӯзгори асри рақамӣ” доир гардид.
Дар кори маҳфил омӯзгорону муҳаққиқон, донишҷӯён ва мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ иштирок намуда, дар зимн, масъалаҳои марбут ба татбиқи зеҳни сунъӣ дар низоми маориф, имкониятҳо, мушкилот ва дурнамои рушди он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Нахуст, декани факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент София Темурбекова оид ба аҳамияти рӯзафзуни технологияҳои рақамӣ ва нақши зеҳни сунъӣ дар баланд бардоштани сифати таҳсил ибрози назар намуд. Зикр гардид, ки имрӯз зеҳни сунъӣ ба яке аз унсурҳои муҳимми рушди ҷомеаи рақамӣ табдил ёфта, истифодаи самараноки он метавонад дар такмили усулҳои таълим, омодасозии маводи таълимӣ, таҳлили маълумот ва ташаккули малакаҳои рақамии омӯзгорону донишҷӯён саҳми назаррас гузорад. Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки омӯзгорони муосир бояд ҳамқадами технологияҳои нав бошанд ва аз имкониятҳои зеҳни сунъӣ ҳамчун воситаи ёрирасони таълимӣ самаранок истифода намоянд.
Сипас, Саидзода Тоҳир Саид, роҳбари техникии ширкати муҳандисии ҶСП Saidzoda дар бораи зарурати татбиқи зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф суханронӣ намуда, қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди технологияҳои рақамӣ ва иқтисоди рақамӣ тадриҷан шароити мусоид фароҳам оварда истодааст. Аз ҷумла, таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рақамикунонии соҳаҳои гуногун, рушди инфрасохтори рақамӣ, омодасозии мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва дастгирии лоиҳаҳои инноватсионӣ имкон медиҳад, ки технологияҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ дар муассисаҳои таълимӣ васеъ истифода шаванд.
Номбурда, инчунин таъкид намуд, ки барои рақобатпазир гардидани мутахассисони оянда зарур аст донишҷӯён аз давраи таҳсил бо воситаҳои рақамӣ ва технологияҳои зеҳни сунъӣ фаъолона кор намоянд. Зеро, истифодаи дурусти чунин технологияҳо метавонад вақти омӯзгорро сарфа намуда, сифати таҳсил ва дастрасии донишҷӯёнро ба манбаъҳои муосири таълимӣ беҳтар намояд.
Дар идомаи маҳфил ду платформаи зеҳни сунъӣ, ки аз ҷониби ширкати муҳандисии ҶСП Saidzoda таҳия гардидаанд, дар амал муаррифӣ карда шуданд. Аз ҷумла, платформаи AMEENA барои соҳаи маориф, махсусан барои омӯзгорон ва донишҷӯён ҳамчун воситаи муосири омодасозии курсҳо, таҳияи маводи таълимӣ, азхудкунии фанҳои иловагӣ ва ҷустуҷӯи иттилооти илмӣ пешниҳод гардид. Қайд карда шуд, ки бартарии муҳими платформа дар он аст, ки маводҳои зиёди илмӣ ва таълимии ба забони тоҷикӣ нашргардидаро низ фаро гирифта, барои рушди муҳити рақамии миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар музокира номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Осим Фарайдунов иброз дошт, ки чунин платформаҳо барои дарк ва ҷаҳонбинии насли нав, бахусус насли Z аҳамияти махсус доранд ва метавонанд раванди таълимро бештар интерактивӣ, ҷолиб ва самаранок гардонанд. Ҳамзамон, қайд гардид, ки истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф имкон медиҳад, ки равиши инфиродии таълим татбиқ гардида, сатҳи азхудкунии дониш беҳтар шавад, таҳлили натиҷаҳои таълимӣ осон гардад ва омӯзгорон барои иҷрои корҳои эҷодӣ ва таҳқиқотӣ вақти бештар пайдо намоянд.
Мавсуф ба баъзе мушкилоти татбиқи зеҳни сунъӣ ишора намуда, таъкид кард, ки масъалаҳои омодагии кадрҳо, сатҳи саводнокии рақамӣ, дастрасӣ ба инфрасохтори техникӣ ва истифодаи масъулонаи технологияҳо бояд дар маркази таваҷҷуҳ қарор гиранд. Дар оянда зеҳни сунъӣ метавонад ба яке аз абзорҳои асосии рушди таҳсилоти рақамӣ мубаддал гардида, барои баланд бардоштани рақобатпазирии муассисаҳои таълимӣ ва мутобиқсозии низоми таҳсил ба талаботи ҷаҳони муосир мусоидат намояд.
Дар анҷоми маҳфил иштирокчиён доир ба имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар раванди таълим мубодилаи афкор намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро барои баланд бардоштани маърифати рақамӣ ва рушди муҳити инноватсионӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng