Суруд руҳро болида ва асабро ором месозад.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили ҷашни умумимилии 35-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми 291-уми августи соли равон бо иштироки ансамбли “Ҷавонӣ”-и назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти роҳбарии сарояндаи мумтоз Ҷӯрамуроди Муҳаммадназар бо иштироки бевоситаи мувини ректор оид ба тарбия Шаҳноз Ғаффорова дар фазои идонаи ҷашни дар боғи фарҳангу фароғатии “Кули ҷавонон”- пойтахт базми навбатии фарҳангии доир гардид,ки суруду таронаҳои дилнишин, ки саршор аз ғояҳои ватандусти, хештаншиносии миллӣ, дӯстиву ваҳдат, ҷавонӣ ва муҳаббат ба Ватани биҳистосо буданд.
Баромадщои фарщангӣ ба ҳозирин руҳияи идона эҳдо намуда, эҳсоси ифтихор аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро боз ҳам таҳким бахшид.
Тавре ба мо зимни суҳбат мувини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғаффорова иброз дошт;
-Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд. Оре, кишвари азизи соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу нерӯи созандаи ҷавонон умед бастааст. Чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд.
Ҳамин буд, ки ҳамагон пирону ҷавонон дар зери тараннуми таронаҳои дилнишин мерақсиданду мебозиданд. Хурсандии ҳозирин щадду канор надошт. Ҳама шукрона аз тинҷиву ободиву созандагии ин давлату миллат менамуданд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng