Ин китоб ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Раҳимзода Баҳодур Карим таҳия гардида, таҳлили ҳамаҷонибаи ташаккул, рушд ва натиҷаҳои сиёсати иқтисодии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар давраи соҳибистиқлолии кишвар фаро мегирад.

Китоб дар асоси омӯзиш ва таҳлили паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияҳо ва барномаҳои давлатии рушд, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, адабиёти илмии соҳавӣ, маълумоти расмии оморӣ ва натиҷаҳои таҳқиқоти илмии ватаниву хориҷӣ таҳия гардида, дар он масъалаҳои муҳими зерин мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор гирифтаанд:

- дидгоҳи роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили сиёсати иқтисодӣ;

- марҳилаҳои асосии рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлоли давлатӣ;

- ташаккули фарҳанги низоми банақшагирии стратегӣ ва нақши стратегияҳои миллӣ дар рушди кишвар;

- пешбурди сиёсати давлатии дастгирии соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон;

- рушди муносибатҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалисозии ҳадафҳои рушди глобалӣ;

- таҳлили имкониятҳои рушди соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, сайёҳӣ, иқтисоди рақамӣ ва бахши молиявӣ.

Таҳияи китоби мазкур дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ як иқдоми муҳим буда, нишони эҳтироми хосса ба хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташаккул ва рушди иқтисоди кишвар мебошад.

Китоб барои олимон, муҳаққиқон, коршиносон, хизматчиёни давлатӣ, ҷомеашиносони масоили иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ, инчунин донишҷӯён, рӯзноманигорон ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.

Ин китоб ҳамчун маводи илмӣ барои таҳияи корҳои таҳқиқотӣ, аз ҷумла стратегияҳо, барномаҳо, китобҳо, рисолаҳои магистрӣ, номзадӣ ва докторӣ, инчунин барои баргузории мизҳои мудаввар, семинарҳо, машваратҳо ва форумҳои сатҳҳои гуногун истифода шуда, дар рушди афкори илмӣ ва таҳқиқоти иқтисодӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт.