ХУШХАБАР: БОЗ ЯК ҲИМОЯИ РИСОЛАИ ИЛМӢ
Бо дастгирии пайвастаи роҳбарияти ДДМИТ аз фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии омӯзгорон, таваҷҷуҳ ба тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ сол то сол бештар гардида, сафи олимони ҷавон дар муассиса афзоиш меёбад. Ин раванд барои рушди муҳити илмӣ ва такмили фаъолияти илмӣ-педагогии донишгоҳ нақши муҳим дорад.
Санаи 19 июни соли 2026 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-030 назди Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ҳимояи муваффақи диссертатсияи Мирзозода Акрам Рустам, муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ доир гардид.
Рисолаи илмии ӯ дар мавзуи «Ташаккули ҳисси ватандӯстии насли наврас бо истифода аз имконоти тарбиявии муассисаҳои фарҳангӣ-маърифатӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 5.3.9 - назария ва методикаи ташкили фаъолияти фарҳангӣ-иҷтимоӣ (педагогикаи иҷтимоӣ) таҳти роҳбарии илмии Гулшан Наврӯзова, номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи забони русии ДДМИТ ҳимоя карда шуд.
Мубрамияти мавзуи таҳқиқот дар он ифода меёбад, ки масъалаи тарбияи ватандӯстии насли наврас ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи Тоҷикистон ва роҳбарияти давлат қарор дорад. Ин масъала дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», Консепсияи миллии тарбия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикоси худро ёфтааст.
Дар доираи таҳқиқот шароитҳои педагогии аз ҷиҳати назариявӣ асоснокшуда барои татбиқи самараноки раванди тарбияи ватандӯстии насли наврас дар муассисаҳои фарҳангӣ-маърифатӣ мавриди омӯзиш ва озмоиш қарор гирифтаанд. Натиҷаҳои бадастомада аҳамияти назариявӣ ва амалӣ дошта, метавонанд дар такмили фаъолияти тарбиявии муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ истифода шаванд.
Ҳайати омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ин дастоварди арзишманди илмиро ба Мирзозода Акрам Рустам самимона табрик гуфта, барояш дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ-таҳқиқотӣ ва омӯзгорӣ муваффақиятҳои боз ҳам бештар орзу менамоянд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng