Санаи 31-уми июли соли равон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор шуд, ки дар он намояндагони рӯзномаю маҷаллаҳо, шабакаҳои иттилоотӣ, телевизион ва радио, аз ҷумла “Синамо”, “Баҳористон”, “Сафина”, “Илм ва табиат”, “Радиои «Тоҷикистон», АМИТ “Ховар”, “Овози тоҷик”, “Ҳамсадо”, “Имрӯз”, “Садои Душанбе”, “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Мароми пойтахт”, “Фараҳ”, “Омӯзгор”, “Оила.tj”, “Время и деньги”, “Ба қуллаҳои дониш”, “Истиқлол”, “Халқ овози”, “Авесто”, “Навид”, “Молия ва ҳисобдорӣ”, “Народная газета”, “СССР”, “Ҷавонони Тоҷикистон” ва рӯзноманигорони мустақил, ҷамъ 46 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Ректори ДДМИТ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор аз ҳамкорӣ бо намояндагони васоити ахбори омма ҷиҳати амалисозии сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати мамлакат арзи сипос намуда, бо боварии том иброз дошт, ки ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо намояндагони васоити ахбори омма дар оянда низ идома ёфта, ҷиҳати ноил гардидани донишгоҳ ба дастовардҳои сазовор дар самти омода намудани мутахассисони дорои малакаю маҳорати касбӣ мусоидат менамояд.

Бобоҷон Сатторзода, инчунин зикр кард, ки ДДМИТ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, дар шашмоҳаи аввали соли 2026 дар самтҳои таълим, фаъолияти илмию инноватсионӣ, робитаҳои байналмилалӣ, ташкилию тарбиявӣ, маъмурию хоҷагӣ ва тавсеаи базаи моддию техникӣ корҳои муайянеро ба сомон расонида, дастовардҳои назаррасро ноил гардидааст.

- Мақсадҳои стратегӣ ва рафти иҷрои индикаторҳои стратегияи рушди донишгоҳ пайваста дар ҷаласаҳои шурои олимон, раёсат ва ҳисоботҳои солонаи ректори донишгоҳ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода мешаванд. Ин аст, ки ҳайати профессориву омӯзгории донишгоҳ афзалиятҳо ва самтҳои рушди касбии худро амиқтар ва вазифаҳои нави рушди муассисаро барои солҳои 2025-2030 дақиқтар намуда истодаанд, - гуфт ректор.

Гуфта шуд, ки робитаҳои байналмилалӣ низ тавсеа ёфтанд: донишгоҳ бо зиёда аз 160 муассиса ва ташкилоти хориҷӣ ва дохилӣ ҳамкорӣ дорад, ки аз ин шумора 8 шартнома соли 2025 ба имзо расидааст. Дар ин давра, 15 устод дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ширкат варзиданд, 18 донишҷӯ барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода шуданд ва 15 устоди хориҷӣ дар доираи барномаи «Профессори даъватӣ» ба донишҷӯёни ДДМИТ лексия пешниҳод намуданд.

Гуфта шуд, ки бо воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои ҷаҳонии таҳсилот дар донишгоҳ раванди таълим фаъол, ахбороти зарурӣ ғанӣ гардида, мазмуну мундариҷаи таҳсилот мукаммал шуда истодааст. Зимнан, дастовардҳои зеринро, ки натиҷаи фаъолияти босамари ҳайати профессориву омӯзгорӣ ва кормандони донишгоҳ дар шашмоҳаи аввали соли 2026 мебошанд, номбар кард:

  • бо мақсади ташкили раванди таълим ва таъмини методии ҷараёни таълим дар соли таҳсили 2025-2026 барои 15 ихтисоси бакалаври шакли таҳсили рӯзона, 7 ихтисоси таҳсилоти фосилавӣ, 5 ихтисоси магистратура ва 2 ихтисоси докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) нақшаи нави таълим ва барномаҳои нави таҳсилотии ба талаботҳои стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгў таҳия гардида, аз оғози соли таҳсили 2026-2027 мавриди истифода қарор мегиранд;
  • дар заминаи факултети навтаъсиси фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ кафедраи иқтисоди сабз ва истифодаи захираҳои табиӣ ва ҳамзамон, дар заминаи кафедраи фанҳои гуманитарӣ кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ таъсис дода шуд;

- ба мақсади ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ ба самтҳои афзалиятноки илм маҷаллаи байналмилалии илмӣ аз рӯи равияҳои иқтисоди рақамӣ ва иқтисоди сабз таъсис дода шуд;

- дар доираи Шартномаи ҳамкорӣ миёни донишгоҳ ва Донишкадаи Конфутсийи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар донишгоҳ маркази омӯзиши забони хитоӣ ташкил гардида, фаъолияти самаранокро ба роҳ мондааст.

- боиси ифтихор аст, ки 5 нафар донишҷӯи донишгоҳ барандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 нафар донишҷӯ ва 1 нафар омӯзгор барандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе мебошанд;

- бори аввал дар донишгоҳ Форуми байналмилалии Донишкадаи байналмилалии шабакавӣ дар соҳаи муқовимат бо маблағҳои бо роҳи ҷиноят ва маблағгузорӣ ба экстремизм ва терроризм бадастовардашуда доир гардид, ки дар он намояндагони 15 муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ ширкат варзиданд;

- дар нимсолаи якуми соли 2026 донишгоҳ барандаи 6 ҷой дар Олимпиадаи фаннӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар гардида, мақоми 4-умро ишғол намуд;

- дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» 13 нафар донишҷӯ ва 1 нафар омӯзгор сазовори ҷойҳои аввал гардида, ба даври шаҳрии озмун роҳ ёфтанд;

- дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 2 нафар донишҷӯ сазовори ҷойҳои аввал гардида, ба даври шаҳрӣ роҳ ёфтанд;

- китобхонаи илмии донишгоҳ дар озмуни шаҳрии “Китобхонаи беҳтарин” ширкат варзида, аз рӯи номинатсияи китобхонаи илмӣ-соҳавӣ сазовори ҷои сеюм гардид;

- маҷаллаи илмии “Паёми молия ва иқтисод” дар се бахш (иқтисодиёт, ҳуқуқ ва математика), ки ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст, барои нашри мақолаҳои илмии олимону муҳаққиқон мусоид мебошад;

- дар шаш моҳи соли 2026 тавассути фароҳам овардани шароити мусоид 10 нафар рисолаи номзадӣ ва 1 нафар устод рисолаи докторӣ дифоъ намуданд;

- дар шаш моҳи соли 2026 дар донишгоҳ ду маротиба ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ бо иштироки 34 муассисаи ба кор таъминкунанда доир карда шуд;

- давоми нимсолаи якуми соли 2026 бо мақсади дар сатҳи баланди илмию амалӣ баргузор гардидани машғулиятҳои таълимӣ толори таълимӣ-таҷрибавии мурофиавии судӣ ташкил карда шуд;

- аз оғози соли таҳсили 2025-2026 музди маоши устодони дар гурӯҳҳои русӣ ва англисӣ дарсдиҳанда аз ҳисоби суратҳисоби махсус ба андозаи 10% баланд бардошта шуд;

- дастаи футзалбозони ДДМИТ дар мусобиқаи футболи хурд миёни дастаҳои варзишии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бори сеюм аст, ки сазовори ҷойҳои аввал мегардад.

Дар идома, ректор ба саволҳои намояндагони ВАО дар мавриди мақоми омӯзгор, шароити таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ, имтиёзҳои таҳсил, ҳавасмандгардонии донишҷӯёни фаъол, шароити моддию маишии омӯзгорон ва ҷобаҷогузории хатмкунандагон ҷавобҳои мушаххас пешниҳод кард.

 

Наврӯз ҶОБИРОВ