ҲАР ЗАҲМАТЕРО ШАРАФЕСТ!
Рӯзи 7-уми августи соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон маросими супоридани дипломҳои аъло ба хатмкунандагони зинаи бакалавриат ва магистратура бо иштироки роҳбарият, ҳайати профессорону устодон ва волидони хатмкунандагон таҳти унвони “Ҳар заҳматеро шарафест!” доир гардид.
Нахуст, ректори ДДМИТ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор ҷавонони лаёқатмандеро, ки бо меҳнати содиқона, донишандӯзии пайваста ва масъулияти баланд таҳсили худро бо дипломи аъло анҷом додаанд, табрик намуда, иброз дошт, ки ин диплом рамзи заҳмати пайгирона, иродаи устувор, фарҳанги баланди омӯзиш, масъулиятшиносӣ ва талош барои расидан ба қуллаҳои илму маърифат мебошад. Ҳамзамон, он самараи муҳаббати падару модарон, роҳнамоии устодон ва муҳити солими илмии донишгоҳ аст.
Бо мақсади мутобиқ намудани таҳсилот ба талаботи бозори меҳнат, нақшаҳои нави таълимӣ таҳия гардида, ихтисосҳои нав, аз ҷумла иқтисоди сабз, иқтисоди рақамӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок роҳандозӣ шудаанд. Боиси сарфарозист, ки имрӯз ДДМИТ бо 170 муассисаи илмӣ ва таълимии хориҷӣ ва 137 вазорату идора, бонк ва корхонаҳои истеҳсолӣ ҳамкорӣ намуда, барои донишҷӯён имконияти васеи таҷрибаомӯзӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадамро фароҳам овардааст.
Ин ҳама тадбирҳо ба хотири онанд, ки хатмкунандагони мо на танҳо соҳиби диплом, балки соҳиби дониш, малака, ҷаҳонбинии васеъ ва қобилияти ҳалли масъалаҳои мураккаби иқтисодӣ бошанд, - афзуд ректор.
Ректори муассиса, инчунин қайд намуд, ки имрӯз ҷомеа ба мутахассисоне ниёз дорад, ки донишманд, ватандӯст, поквиҷдон, масъулиятшинос ва соҳибахлоқ бошанд. Аз ин рӯ, вазифаи муқаддаси мо тарбия намудани инсони комил ва шаҳрванди масъул мебошад.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мутахассисоне эҳтиёҷ дорад, ки дар татбиқи иқтисоди рақамӣ, иқтисоди «сабз», рушди низоми молиявӣ, идоракунии самаранок ва соҳибкории муосир саҳми арзанда гузошта тавонанд. Ман боварии комил дорам, ки шумо ба ин масъулияти бузург сарбаландона ҷавоб хоҳед дод.
Ректор дар идомаи суханронии хеш илова кард, ки мо дар остонаи таҷлили шоиста аз ҷашни бузургу таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвари маҳбубамон ва 30-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон қарор дорем. Донишгоҳ ба сифати боргоҳи илму маърифати зодаи замони истиқлол буда, тайи се даҳсола мактаби бузурги омодасозии кадрҳои баландихтисос, рушди илм ва тарбияи ҳазорон мутахассиси варзида барои иқтисоди миллии кишвар гардид.
Мо бо такя ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва неруи бузурги ҳайати профессорону омӯзгорон минбаъд низ барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди илм, тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ ва тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи асри XXI тамоми имкониятҳои худро сафарбар хоҳем сохт.
Бобоҷон Сатторзода дар охир бори дигар ҳамаи хатмкунандагонро бо хатми муваффақонаи донишгоҳ ва соҳиб шудан ба дипломи аъло самимона муборакбод гуфта, таманно карда, ба онҳо саломатии бардавом, рӯзгори обод, иродаи қавӣ, фаъолияти пурмаҳсул ва дастовардҳои бузург ба хотири шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол орзу намуд.
Аз номи хатмкунандагон бошад, Лоиқзода Муртазои Мустафо, Шукрона Раҳмонова ва Моҳира Исмоилова баромад намуда, ба роҳбарият ва коллективи меҳнатии донишгоҳ барои рушди шахсият ва дарёфти маҳорату малакаи баланди касбӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Дар фарҷом дар шароити тантанавӣ ба 83 нафар хатмкунандагоне, ки донишгоҳро соли таҳсили 2025-2026 бомуваффақият хатм намуданд, дипломи аъло тақдим карда шуд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng