Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми рӯзи 6-уми августи соли равон дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар Боғи фароғатии “Кули ҷавонон”-и шаҳри Душанбе базми фарҳангӣ доир намуданд.

Ансамбли “Ҷавонӣ”-и назди донишгоҳ таҳти роҳбарии Ҷӯрамуроди Хуҷаназар бо иҷрои суруду таронаҳои дилнишин, ки саршор аз ғояҳои ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, дӯстиву ваҳдат, ҷавонӣ ва муҳаббат ба Ватан ба маҳфил ҳусну таровати тоза бахшид. Барномаи рангини консертӣ ба иштирокчиён руҳияи идона эҳдо намуда, эҳсоси ифтихор аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро боз ҳам таҳким бахшид.

Иштирокчиён зимни сайругашт аз ободиву зебоии мавзеи “Кули ҷавонон” таассуроташон нек бардоштанд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия