ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ ДАР ДДМИТ
Санаи 31 август дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба муносибати Рӯзи дониш бо аҳли маорифи кишвар доир гардид, мустақиман тариқи телевизион дар чанд толор тамошо намуданд.
Зимни суханронӣ Пешвои миллат ба масъалаҳои рушди соҳаи илму маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омода намудани мутахассисони соҳибкасб, тақвияти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва истифодаи самараноки технологияҳои рақамӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Таъкид гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ пайваста дастгирӣ ёфта, барои рушди инфрасохтори соҳа, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон маблағҳои назаррас равона карда шудаанд. Аз ҷумла, дар давраи соҳибистиқлолӣ ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 70 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 10 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.
Дар идомаи суханронӣ зарурати беҳтар намудани сифати китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ, истифодаи усулҳои муосири таълим, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таъкид гардид.
Ҳамзамон, ба масъалаи рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати донишҷӯён ва омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Дар фароварди суханронӣ Пешвои миллат нақши ҷавонони донишманду соҳибмаърифат, соҳибкасбу соҳибҳунар ва ватандӯсту созандаро дар рушди минбаъдаи кишвар муҳим арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки ҷавонон неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон зимни муҳокимаи нуктаҳои асосии суханронӣ иброз доштанд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат масъулияти аҳли маорифро дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва тарбияи насли донишманду ватандӯст боз ҳам бештар менамояд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng