Бо мақсади ҷалби донишҷӯён ба китобхонӣ ва тарғиби дониш дар арафаи Рузи дониш дар имрӯз дар даромадгоҳи Донишгоҳи давлати молия ва иқтисоди Тоҷикистон маросими тақдими китобҳо ба донишҷӯёни соли аввал баргузор гардид.

Устодони донишгоҳ ба донишҷӯён дар бораи аҳамияти китобу китобхонӣ, баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон ба воситаи мутолиаи китоб изҳори андеша намуда ҳамзамон қайд намуданд, ки аҷдодони мо аз қадим бо китобу китобхонӣ арҷ гузошта, онро муқаддас медонистанд ва ин анъана то ба имрӯзҳо омада расидааст.

Гуфта шуд, ки китоб беҳтарин ганҷинаи олами маърифат ва хирад аст. Маҳз китоб инсонро ба мартабаҳои баланди шинохти хеш, фатҳи қуллаҳои баланди илму дониш раҳнамоӣ мекунад. Вале асрори китобхонӣ, амиқу равшан фаҳмидани чизи хонда, ба маънӣ сарфаҳм рафтан ҳунари волост.

Хондани китоб роҳу усули худро дорад ва ҳар чизи хондашуда ба инсон таассурот ва тасаввуроти комил бояд гузорад. Пас, маълум мешавад, ки роҳу равиши хондани китоб низ омӯзондаву фаҳмонда шавад.

 Нақши муассир доштани китобро ҳамчун махзани маънавиёт ва тарбиятгари инсоният кайҳо боз одамон дарк намудаву имрӯз ҳузури онҳо дар китобхонаҳо аз таваҷҷуҳи пайваста доштанашон нисбати китобу китобхонӣ дарак медиҳад.

                                                 Шуъбаи иттилоот ва нашрия