ТАҶРИБАОМӮЗИИ КАСБИРО БО МУВАФФАҚИЯТ ГУЗАШТАНД
Донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси сайёҳии Донишкадаи омӯзгорӣ ва соҳибкории Деҳнави Ҷумҳурии Узбекистон таҷрибаомӯзии кӯтоҳмуддати таълимӣ-амалиро дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бомуваффақият сипарӣ намуданд.
Таҷрибаомӯзӣ бо мақсади омӯзиши равишҳои муосири ташкили хизматрасониҳои сайёҳӣ, менеҷменти соҳаи туризм, идоракунии фаъолияти сайёҳӣ ва такмили донишҳои назариявию малакаҳои амалии донишҷӯён роҳандозӣ гардид.
Дар доираи барнома донишҷӯён бо ҷанбаҳои амалии фаъолияти сайёҳӣ, таҷрибаи таълимии донишгоҳ ва имкониятҳои рушди сайёҳии байналмилалӣ шинос шуда, дар машғулиятҳои омӯзишӣ иштирок намуданд. Зимни дарсҳо масъалаҳои мубрами соҳаи туризм, роҳҳои баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои сайёҳӣ ва нақши сайёҳии байналмилалӣ дар рушди иқтисодиёт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, меҳмонон аз будубош дар Тоҷикистон ва шиносоӣ бо шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти зебову дорои имкониятҳои васеи сайёҳӣ таассуроти нек бардошта, андешаҳои худро оид ба ҷолибияти мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва фазои шаҳр баён намуданд.
Дар рафти барнома меҳмононро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимзода, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Парвиз Ғафуров, сардори раёсати таълим Шуҳрат Сулаймонзода, декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ Садриддин Шарифзода ва устоди кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ Суннатулло Нуриддинов ҳамроҳӣ намуданд.
Дар анҷоми таҷрибаомӯзӣ ба донишҷӯён сертификатҳои тасдиқкунандаи бомуваффақият гузаштани таҷрибаомӯзии таълимӣ-амалӣ аз ҷониби Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон супорида шуданд.
Дар баробари ин, ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои минбаъдаи илмӣ-таълимӣ, аз ҷумла табодули академии омӯзгорону донишҷӯён, иштироки муштарак дар конференсияҳои байналмилалӣ ва форумҳои илмӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ ва татбиқи барномаҳои таҳсилоти дудипломаро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.
Зикр гардид, ки роҳандозии чунин ташаббусҳо барои таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди иқтидори илмӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибкасбу рақобатпазир дар соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Наврӯз ҶОБИРЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng