Холбобоев Раҷабали Бозорович, соли таваллудаш 01 сентябри 1971, миллаташ тоҷик, оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад. Соли 1994  ба Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) факултети иқтисод ва идора  ихтисоси иқтисодиёти миллӣ дохил шуда, соли 1999 онро хатм намудааст.

Номбурда баъди хатми донишгоҳ фаъолияти меҳнатии худро аз соли 1999 дар кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, ба ҳайси ассистент оғоз кард.

Аз соли 2002 то 2006 с. унвонҷӯи кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон(ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон).

Аз соли 2002 то 2006 с. муаллими калони кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон).

Аз соли 2006 то 2009 с. муовини декани факултети таҳсилоти ғоибонаи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон).

Аз соли 2009 то 2010 с. муаллими калони кафедраи менеҷменти Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон (ҳозира ДДМИТ).

Аз моҳи феврал то моҳи майи соли 2010 мутахассиси пешбари бахши тайёрии  тодонишкадавӣ, касбӣ ва таълими ихтисоси шуъбаи  таъмини  стандартӣ  давлатии таҳсилоти Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон (ҳозира ДДМИТ).

Аз соли 2010 то 2012 с. сармутахассиси бахши таълими методӣ ва сифати таҳсилоти шуъбаи таъмини стандарти давлатии таҳсилоти Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон (ҳозира ДДМИТ).

Аз моҳи январ то моҳи марти соли 2012 сармутахассиси бахши идоракунии сифати таҳсилоти шуъбаи таълими стандарти давлатии тахсилоти Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон (ҳозира ДДМИТ).

Аз моҳи март то моҳи сентябри соли 2012 сардори маркази ташкил ва татбиқи низоми кредитии шуъбаи таъмини стандарти давлатии таҳсилоти Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон (ҳозира ДДМИТ).

Аз соли 2012 то 2015 с. Сармутахассиси раёсати таълим  ва  маркази   бақайдгирии  низоми  таҳсилоти  кредитии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ҳозира ДДМИТ).

Аз соли 2015 то 2021 с. сардори шуъбаи мониторинг ва  идораи  сифати  таълими раёсати таълим  ва  маркази  бақайдгирии  низоми  таҳсилоти  кредитии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ҳозира ДДМИТ).

Аз соли 2021 то ин ҷониб мутахассиси   шуъбаи мониторинг  ва  идораи  сифати  таълими Донишгоҳи давлатии  молия ва иқтисоди Тоҷикистон кор ва фаъолият менамояд.

Номбурда бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.03.2016, № 1706 гирандаи “Аълочии маориф ва илмӣ ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад.

Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ қайд бояд намуд, ки зиёда аз 80 корҳои таълимӣ методӣ ва илмӣ таҳқиқотӣ, аз ҷумла; 2- китоби дарсӣ, 2 васоити таълимӣ, 1 дастури методӣ, 1 монография ва 74 мақолаҳои илмиро ба нашр расонидааст.

Нашрияҳои илмии тақризшаванда:

- Холбобоев Р.Б. Формирование мотивационной системы управления персоналом на предприятии Республики Таджикистана / Холбобоев Р.Б. // Финансово-экономический весник (научный журнал) Таджикский государственный финансово-экономический университет – Душанбе, 2018 г. – № 3. (15). С. 97. УДК: 332.

- Холбобоев Р.Б. Ҷанбаҳои назариявии рушди устувори мувозинати иқтисодиёти минтақа / Холбобоев Р.Б. // Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Маҷаллаи “Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз”) – Душанбе, 2020 с. – № 2. (70). С. 206. ISSN: 2075-9584. УДК: 332.142;

- Холбобоев Р.Б. – Принсипҳои ташаккули рушди мутавозини ташкилию иқтисодии минтақа. / Холбобоев Р.Б. // “Рушди менеҷменти инноватсионӣ ва нақши он дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар” Бахшида ба 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон‟- Маҷмӯи маводҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ - Душанбе, ДДМИТ-2022.

- Холбобоев Р.Б. Самтҳои асосии рушди мутавозини механизми ташкилию иқтисодии вилояти Хатлон / Холбобоев Р.Б.// Паёми молия ва иқтисод (маҷаллаи илмӣ-амалӣ), Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон. – Душанбе, 2023.– № 2 (36). С.376-386. УДК: 332.142.

-  Назири Г.Н., Холбобоев Р.Б. Сбалансированности организационно-экономического развития региона / Назири Г.Н., Холбобоев Р.Б. // Центр стратегических исследований при Президенте Республики Таджикистан (Журнал «Таджикистан и современный мир»), – Душанбе, 2024г. – № 4. (88). С. 129. ISSN: 2075-9584. УДК: 332.142.