Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Талаботҳо

Талаботҳо ба имтиҳонҳои дохилшавӣ


1. Реферат аз ихтисос: мавзӯъи реферат мустақилона мутобиқи ихтисос интихоб мешавад. Ҳаҷми реферат-20-25 саҳифа. Реферат иборат аз: сарсаҳифа, нақша, бобҳо ва параграфҳо,  хулоса, рӯйхати адабиёти истифодашуда. Тарзи ороиш: ҳошияи чап - 2,5 см, ҳошияи рост - 1 см, аз боло ва поён - 2 см, шрифти - 14, интервал - 1,5 ,TIMES NEW  ROMAN ё TIMES NEW ROMAN TJ. 
2. Ба реферат тақризи хаттии роҳбари илмӣ ва натиҷаи сӯҳбат бо мудири кафедра пешниҳод мешавад. 
Имтиҳон аз ихтисос
1. Имтиҳони дохилшавӣ аз ихтисос мутобиқи барномаи тасдиқшудаи имтиҳон аз ихтисоси муайян қабул карда мешавад. 
2. Довталаб бояд нишон диҳад:
• дониши барномаи фанҳои назариявиро ;
• тасаввурот оиди асарҳои фундаменталӣ ва интишор дар бораи ахбороти оммаи соҳаи интихобшуда;
• дониши маводи реферати навишташуда
Имтиҳон аз фалсафа
Ба довталаб саволҳо аз фалсафа дар ҳаҷми стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ пешкаш карда мешавад.
Имтиҳон аз забони англисӣ
Имтиҳон иборат аз:
• Хондан ва тарҷумаи хаттии текст аз ихтисос аз забони англисӣ ба забони модарӣ ё русӣ бо ҳаҷми 1800 аломати чопӣ бо истифодаи луғат. Вақти тайёрӣ - 45 дақ.
• Хондан ва тарҷумаи текст аз ихтисос бе таёрии пешакӣ ва бе луғат бо ҳаҷми 1000 аломати чопӣ.
• Сӯҳбат ба забони англисӣ дар мавзӯъи: шарҳи ҳол. Ихтисоси интихобшуда, хабарҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва ғ.
Шакл ва муҳлати таҳсил
Мӯҳлати таҳсил:
Рӯзона - 3 сол
Ғоибона - 4 сол
Унвонҷӯи - то 5 сол
Таҳсил дар аспирантура тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ мебошад.
Қабули ҳуҷҷатҳо:
1. Қабули ҳуҷҷатҳо барои аспирантон аз 01.09.2020 то 31.10.2022 ба роҳ монда мешавад
2. Қабули ҳуҷҷатҳо барои унвонҷӯён аз 01.10.2022 то 30.11.2022 ба роҳ монда мешавад
Апеллятсия
1. Дар сурати  қаноатманд набудан аз натиҷаи озмун довталаб ҳуқуқ дорад, ки мутобиқи тартиботи муқаррарнамудаи ДМИТ бо натиҷаи суҳбаташ (агар хаттӣ низ бошад) дар муҳлати то 3 рӯз тариқи апеллятсия (комиссяи апеллятисонӣ бо фармоиши ректор таъсис дода мешавад) шинос шавад. Баррасии апеллятсия аз нав гузаштани суҳбат набуда, балки танҳо санҷиши дурустии он мебошад ва он дар протокол қайд карда мешавад. 
2. Довталабоне, ки дар рӯзи муайяншуда бесабаб ба озмуни қабул ҳозир нашудаанд, аз суҳбат нагузашташуда ҳисобида мешаванд. 
3. Довталабоне, ки таҳсилоти олии касбиро дар хориҷи кишвар гирифтаанд, баъди аз нострификатсия (баробарарзишӣ) гузаронидани ҳуҷҷати таҳсилоти худ ва муайян шудани дараҷаи сатҳи таҳсилот метавонанд ба комиссияи қабули ДМИТ ҳуҷҷат пешниҳод  намоянд.