ҶАШНИ ХУДШИНОСӢ ВА СОЗАНДАГӢ
Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, рамзи ҳастии миллат ва шарти асосии пойдории давлат ба шумор меравад. Барои мардуми тоҷик 9 сентябри соли 1991 дар саҳифаи таърихи куҳанбунёди халқи тоҷик гардиши куллӣ ва тақдирсоз ба вуҷуд овард. Имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон 35-солагии санаи мубораки таърихиро дар фазои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва созандагии бесобиқа таҷлил менамояд.
35 соли соҳибистиқлолӣ нишон дод, ки мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд аз санҷишҳои сахти таърихӣ гузашта, давлати ҷавони худро ба кишвари рӯ ба рушд ва дар арсаи байналмилалӣ шинохта табдил диҳанд.
Истиқлол ба Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян намуда, барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар заминаи устувор гузорад. Барои дуруст дарк кардани аҳамияти 35 соли истиқлол зарур аст, ки ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ назар андозем. Тоҷикистон дар оғози роҳи мустақилияти худ бо фоҷиаи сангини ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид, ки иқтисодиёти кишварро фалаҷ ва сохтори давлатдориро заиф сохт. Бо вуҷуди мушкилоти сиёсӣ ва иқтисодӣ, мардуми Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ роҳи сулҳу ваҳдат ва барқарорсозии давлатро интихоб намуданд.
Сулҳу ваҳдати миллӣ барои пешрафти минбаъдаи кишвар заминаи асосӣ гардид. Таҷрибаи Тоҷикистон нишон дод, ки бо истифода аз хирад, сабру таҳаммул ва ҳамдигарфаҳмӣ метавон душвортарин мушкилотро паси сар кард. Ваҳдати миллӣ имрӯз яке аз муҳимтарин арзишҳои давлатдорӣ ва кафили суботу оромии ҷомеа мебошад.
Давоми 35 соли истиқлол Тоҷикистон дар самтҳои гуногун ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар шаҳру ноҳияҳои кишвар роҳҳо, мактабҳо, беморхонаҳо, корхонаҳо ва иншооти муҳими иҷтимоӣ бунёд гардиданд. Рушди соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ ба беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум мусоидат намуд.
Истиқлол барои эҳёи фарҳанг, забон, таърих ва анъанаҳои миллӣ низ имкониятҳои васеъ фароҳам овард. Арзишҳои миллӣ ҳамчун ҷузъи муҳими худшиносии мардум ҳифз ва эҳё гардиданд. Ҷашнҳои миллӣ, осори таърихӣ, мусиқӣ, адабиёт ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳаёти ҷомеа ҷойгоҳи хос пайдо карданд.
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ моро водор месозад, ки ба роҳи тайкардаи кишвар назар андозем, дастовардҳоро қадр намоем ва вазифаҳои ояндаро муайян созем. Истиқлол ҳамеша нигоҳубин, ҳифз ва таҳкими пайвастаро талаб мекунад. Он масъулияти бузургест, ки ба дӯши ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон гузошта шудааст.
Дар меҳвари сиёсати давлат дар даврони истиқлол инсон ва беҳбудии зиндагии ӯ қарор дорад. Танҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру деҳоти кишвар садҳо мактабҳои замонавӣ, кӯдакистонҳо ва марказҳои саломатӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Ҷавонони Тоҷикистон, бахусус ҷавондухтарони тоҷик бо дастгирии бевоситаи давлат имрӯз дар дохил ва хориҷи кишвар соҳиби донишҳои муосир ва малакаҳои кор бо технологияҳои нав мегарданд. Дар масири 35 соли истиқлол сиёсати дастгирии ҷавонон, аз ҷумла ҷавондухтарон ба неруи тавонои созанда табдил ёфт. Сафи бонувони ҷавон дар сохторҳои вазорату идораҳо ва ҳавзаҳои дипломатии кишвар ба таври чашмрас афзуда, онҳо симои Тоҷикистони навинро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд.
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҷашни озодӣ, худшиносӣ, ваҳдат ва созандагӣ мебошад. Ин ҷашн моро ба ифтихор аз таърихи миллат, эҳтиром ба Ватан ва масъулияти бештар дар назди наслҳои оянда ҳидоят мекунад.
Бошад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша ободу осуда бошад, Парчами миллӣ парафшон ва мардуми сарбаландаш дар фазои сулҳу ваҳдат зиндагӣ намоянд.
Мавзуна САИДОВА,
н.и.ф., дотсенти кафедраи забонҳои хориҷии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng