Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,

Мужда бипазиру бидеҳ хилъату корам бигирад.

Фарҳанги миллии тоҷикон дорои ҷашну ойинҳои бостонӣ ва пурқимате мебошад, ки аз насл ба насл интиқол ёфтаанд. Ин ҷашнҳо на танҳо анъанаҳои мардумиро инъикос мекунанд, балки ҷаҳонбинӣ, тарзи зиндагӣ ва муносибати инсонро бо табиат нишон медиҳанд. Яке аз чунин ҷашнҳои қадима ва пурмазмун ҷашни Сада мебошад. Сада ҷашни нур, гармӣ ва умед ба зиндагии нав буда, дар айёми сардии зимистон таҷлил мегардад ва муждаи наздикшавии баҳорро медиҳад.

Ҷашни Сада таърихи бисёр қадим дошта, ба давраи ориёинажодон мансуб мебошад. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ, ин ҷашн пеш аз зуҳури ислом дар байни халқҳои эронитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон васеъ таҷлил мешуд. Калимаи «Сада» аз рақами «сад» гирифта шуда, ба гузашти сад рӯз аз оғози зимистон ишора мекунад. Баъзе муҳаққиқон бар ин назаранд, ки Сада панҷоҳ рӯз ва панҷоҳ шаб пеш аз Наврӯз ҷашн гирифта мешуд.

Дар осори классикии адабиёти форсу тоҷик, аз ҷумла дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, дар бораи ҷашни Сада маълумоти арзишманд оварда шудааст. Тибқи ривоятҳо, кашфи оташ ба подшоҳи афсонавӣ Ҳушанг нисбат дода мешавад. Мегӯянд, ки ҳангоми задани санг ба санг шарора пайдо шуда, инсон ба қудрати оташ ошно гардид. Аз ҳамон замон оташ ҳамчун рамзи рӯшноӣ, гармӣ ва ҳаёт дар фарҳанги мардум ҷойгоҳи хос пайдо кард.

Сада, пеш аз ҳама, ҷашни муборизаи нур бо зулмот ва гармӣ бо сармо мебошад. Дар давраи қадим зимистон барои мардум фасли душвор ба ҳисоб мерафт: сармо, камбуди хӯрок ва шароити вазнини зиндагӣ. Аз ин рӯ, афрӯхтани гулхан рамзи пирӯзии инсон бар табиат ва умеди идомаи зиндагӣ буд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд, ки ин барои бебозгашт эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, ба монанди қуроқдӯзӣ, гилембофӣ, кешбофӣ, гулдӯзӣ, сабадбофӣ, оҳангарӣ ва ғайраро тақоза менамояд. Таҷлили ҷашну суннатҳои миллии тоҷик, аз қабили Сада, Наврӯз, Меҳргон барои аз нав зинда намудану ба насли оянда мерос гузоштани нозукиҳои тоҷиконаи он қарзи ҷонии ҳар як фарди солимақли ҷомеаи тоҷикистонӣ мебошад.

Оташ дар ҷашни Сада на ҳамчун василаи сӯзондан, балки ҳамчун рамзи покӣ, рӯшноӣ ва ҳаёт истифода мешуд. Мардум бовар доштанд, ки гармии оташ сармо ва бадиро дур мекунад ва ба хонаҳо баракат меорад. Аз ин ҷиҳат, Сада на танҳо ҷашни табиат, балки ҷашни ақлу заҳмати инсон низ ба шумор меравад.

Сада реша дар қаъри таърих дорад ва дар аксари ривоятҳо ҷашнҳои миллии мо - Наврӯзу Садаву Меҳргонро ба шоҳони Эрони бостон ва шахсиятҳои таърихӣ нисбат додаанд, ки боиси мондагорӣ ва шукӯҳу ҷалоли бештари онҳо гардидааст. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти оини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд. Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифташуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ, аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамояд.

Ҷашни Сада танҳо як маросими анъанавӣ нест, балки ойинаи тафаккури миллати тоҷик аст. Он ба мо меомӯзад, ки бо ақл, дониш ва ваҳдат метавон ҳар сардиеро паси сар кард. Сада ҷашни рӯшноист, ҷашни умед аст ва то замоне, ки инсон ба нур эҳтиёҷ дорад, арзиши он поянда хоҳад монд.

 

Кароматуллои МАҲМАДУЛЛО,

омӯзгори ДДМИТ