ОМИЛҲОИ ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТУНДГАРО ТАВАССУТИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ташаббускорони асосии мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикору ҳидоятҳои инсонпарваронаи хеш аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ таъкид кардаанд: “Терроризм, экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва сокинони сайёра аст”.
Айни замон истифодабарандаи асосии шабакаҳои иҷтимоиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон корбарони фаъоли шабакаи ҷаҳонӣ буда, ҳиссаи асосии иттилоотро аз интернет мегиранд.
Таҳлили шабакаҳои иҷтимоӣ, ба вижа “Фейсбук” ва дигар шабакаҳо нишон медиҳанд, ки намояндагони ҷараёнҳои динии ғайриқонунӣ ақида ва дидгоҳҳои худро ба таври ошкор баён медоранд ва аз неруву имконияти шабакаҳои иҷтимоӣ барои таблиғи онҳо истифода мебаранд.
Бо истифода аз сатҳи пасти саводи динии баъзе аъзои шабакаҳои иҷтимоӣ намояндагони гурўҳҳои ифротӣ тавонистанд ин шабакаҳоро ба майдони таблиғи ақидаҳои худ табдил диҳанд. Масалан, дар шабакаҳои иҷтимоии “Фейсбук” ва мессенҷерҳои “WhatsApp”, “Viber”, “Telegram” ва ғайра гурўҳ ва саҳифаҳои ҷонибдорон ва мубаллиғони “ДИИШ”, “Ҳизбу-т-таҳрир”, “Салафия” ва дигар созмону ҳизбҳои сиёсӣ ғайра фаъолона амал мекунанд.
Барои амалӣ намудани ҳадафҳои носолими худ ин гурўҳҳои террористию экстремистӣ ва дигар гурўҳҳои бадхоҳони миллат аз ҳар роҳу восита истифода намуда, ҷавононро, ки ҳамчун қишри ҳассос ва таъсирпазири ҷомеаанд, ба коми худ мекашанд.
Гурўҳҳои террористӣ, экстремистӣ ва дигар гурўҳҳои бадхоҳони миллат барои ҷалби ҷавонон ба сафи худ аз роҳу воситаҳои гуногун истифода менамоянд.
Интернет онҳоро дар ҳама ҷо ҳамроҳӣ мекунад. Онҳо метавонанд бо истифода аз нашрияҳо ва дастгоҳҳои гуногун ба шабакаи ҷаҳонӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Омили муҳим дар ин маврид он аст, ки ҷаҳонбинии ҷавонон ҳанӯз дар марҳилаи ташаккул ва рушд қарор дорад. Аз ин рӯ, интернет бо доираи андешаҳо ва дидгоҳҳои худ, паҳн шудани ақидаҳои мазмунашон гуногун хатари ҷиддиро ба амал оварда метавонад.
Ин ҳукм нисбат ба он порталҳо ва манобеи интернетӣ, ки барои паҳн кардани ғояҳои терроризм ва ифротгароии динию сиёсӣ таъсис ёфтаанд, дуруст аст.
Бо назардошти ин нақш, ҳоло якчанд самтҳои асосии фаъолияти террористиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ муайян кардан мумкин аст. Инҳо:
1) ҷалби омилони нави ҳамлаҳои террористӣ;
2) таблиғи фаъолияти террористӣ;
3) маблағгузории фаъолият;
4) тайёр намудани аъзои гурўҳҳои террористӣ;
5) банақшагирии ҳамлаҳои террористӣ;
6) ҳамоҳангсозӣ ва иҷрои амалҳои террористӣ;
7) ҳамлаҳои киберӣ.
Бисёре аз муҳаққиқон қайд мекунанд, ки дар айни замон таъсири иттилоотӣ ба рӯҳияи инсон ва шуури ҷамъиятӣ бо суръати хеле зиёд меафзояд. Технологияҳои муосири иттилоотӣ, ки истифода мешаванд, имкон медиҳанд, ки назорат ва идоракунии бемаҳдуд таъсири иттилоотиро ба ҷомеа таъмин кунанд.
Дар ҳоли ҳозир, шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз манбаъҳои бештар истифодашавандаи иттилоот дар байни ҷавонон ба шумор меравад, аз ин рӯ, табиист, ки он ба равандҳои азхудкунии меъёрҳои иҷтимоӣ аз ҷониби насли наврас таъсир мерасонад.
Гурўҳҳои террористӣ ва экстремистӣ хуб медонанд, ки истифодабарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ наврасону ҷавонон ба ҳисоб мераванд. Ба ин восита, дар мафкураи онҳо ғояҳои нодурусти динӣ ва тундгароиро паҳн карда, онҳоро ба харобкорӣ, қатлу куштор ва ноором сохтани суботу оромӣ ва амнияти кишвар ташвиқ менамоянд.
Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳизбу ҷамъиятҳо “Ихвон-ул-муслимин”, “Ҷамоати таблиғ”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “ТТЭ ҲНИ”, “Ҳаракати исломии Туркистон” (Ҳаракати исломии Узбекистон), “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Ал-Қоида”, “Толибон”, “Давлати исломӣ” ва ҷараёнҳои номатлуби “Салафия” ва “Ваҳҳобия”, “Гурӯҳи 24”, “Бародарони мусулмон”, “Ҷамъияти исломии Покистон” ва ғайра ташкилоти дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дониста, фаъолияташон дар Тоҷикистон манъ карда шуд.
Мавриди тазаккур аст, ки шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз сарчашмаҳои кушодаи иттилоот ба шумор мераванд, зеро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ метавон ба хулқи одам таъсир расонида, ба самти зарурӣ равона кард. Бо боварии том метавон гуфт, ки шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯзҳо ба як фазои озоди баёни фикру ақида табдил ёфтааст, ки дар қисмати бештар назорати он мушкил мебошад.
Шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯзҳо дар ҳаёти одамон нақши муҳим бозида, дар баъзе ҳолатҳо боиси таҳаввулоти амиқ дар як қатор давлатҳои ҷаҳон низ гаштааст. Мисоли одӣ инқилоби солҳои 2010-2011 дар Тунис ва норозигии оммавии ҷавонон дар Алҷазоир, Миср, Сурия, Ироқ, Либия, Яман, кишварҳои дигари Африқои шимолӣ ва Ховари наздик мебошад.
Ҳамин тариқ, шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун воситаи ҳаматарафаи алоқа ва мубодилаи ахбор байни мардуми дар нуқоти мухталифи ҷаҳон қарордошта ба ҳисоб меравад.
Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯйи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст.
Ҳамин тавр, масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм дар ҷомеаи ҷаҳонӣ яке аз масъалаҳои асосӣ ва мубрам мебошад. Аз ин рӯ, он таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд ва пеш аз ҳама, ҷавононро лозим меояд, ки дар ин масъала эҳтиёткор бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва аз ҳамроҳшавӣ ба чунин гурўҳҳо худдорӣ намоянд.
С. АБДУҶАББОРЗОДА,
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи фаъолияти гумрукӣ
Тоҷ
Рус
Eng