Дар сарсухани китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи «Уфуқҳои истиқлол» омадааст: «...вақте сухан аз Истиқлолияти давлатӣ меравад, он на санаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон, балки санаи эҳёи Истиқлолияти давлати Тоҷикистон мебошад, яъне миллати куҳанбунёду соҳибдавлати тоҷик бори дигар соҳиби давлатдории миллии мустақили худ гардид. Ин аст, ки зимни андешаронӣ аз сарнавишти дирӯзу имрӯзи миллату давлати худ мо маҳз ибораи пурмазмуни «миллати куҳан ва давлати ҷавон»-ро ба кор мебарем, зеро достони ҳастии мо, ҳақиқати сарнавишти мо ва вазъияти имрӯзи мо ҳамин аст».

Дар партави гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки давлати ҷавони мо имрӯз дар остонаи 35-солагӣ қарор дорад. Дар тули ин 35 сол Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қадамҳои устувор роҳи бузурги созандагӣ ва пешрафтро тай намуда, аз сарзамини орзуҳо ба диёри имкониятҳо табдил ёфт. Ин роҳи пурифтихор бо роҳбарӣ ва саҳми бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тай гардида, ба таҳкими сулҳу ваҳдат, ободии кишвар ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа замина гузошт. Дар ин нигошта мо тасмим гирифтем, ки ин роҳи пуштисарнамударо ба таври мухтасар бозгӯ намоем.

Истиқлол барои ҳар як миллат бузургтарин дастоварди таърихӣ ва сарчашмаи ҳастии давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Барои миллати тоҷик низ соҳибистиқлолӣ саҳифаи тозаеро дар таърихи давлатдорӣ боз намуд. Истиқлол ба мардуми тоҷик имкон дод, ки бо такя ба таъриху фарҳанги бою қадима, забон, фарҳанг, анъана ва арзишҳои миллӣ роҳи созандагии хешро мустақилона идома диҳад. Дар ин марҳилаи муҳими таърихӣ эҳсоси худшиносии миллӣ тақвият ёфта, арҷгузорӣ ба Ватан, давлат ва мероси пурғановати ниёгон ҷойгоҳи бештар пайдо кард.

Ҳамагон дар ёд доранд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури вакилони Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар пешгоҳи халқи шарифи Тоҷикистон савганд ёд кард: «Агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бозмегардонам ва то даме, ки як гурезаи тоҷик дар хориҷ ба сар мебарад, ором зиндагӣ нахоҳам кард». Имрӯз шоҳидем, ки он суханон як шиори холии сиёсӣ набуда, балки фарёди самимии як фарзанди халқи тоҷик буд, ки дарди ҷонкоҳи миллат ва андешаи наҷоти Ватан тамоми вуҷудашро фаро гирифта буд. Барои расидан ба ин ҳадафи муқаддас Роҳбари давлат тавонистанд, ки ҳудуди як миллион гурезаро ба хонаҳояшон баргардонад, даҳҳо ҳазор манзили вайроншударо барқарор созад, ҳазорон макони ҷамъиятӣ ва нуқтаҳои истифодаи умумӣ, мисли мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ, пулҳо ва корхонаҳоро эҳё ва барқарор намояд. Ҳамин тавр, маҳз барқарории сулҳ ва ваҳдати миллӣ боис гашт, ки Тоҷикистон ҳамчун давлат аз хатари нобудӣ наҷот ёбад ва тоҷикон ҳамчун миллат аз вартаи маҳвшавӣ раҳоӣ ёбанд.

Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сулҳу суботи комил таъмин гардида, ваҳдати миллӣ ҳамчун асоси пешрафти давлат таҳким ёфт. Маҳз сулҳу оромӣ ва таъмини ваҳдати миллӣ барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард.

Давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи пурпечутобу душвори созандагиву ободкориро тай намуда, симои худро ба таври назаррас дигаргун сохт. Бо роҳбарӣ ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар корҳои бузурги бунёдкорӣ роҳандозӣ гардида, шаҳрҳо ва деҳот ободу зебо шуданд. Роҳҳои нав, иншооти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва фарҳангӣ қомат афрохтанд.

Дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (16 декабри соли 2025) натиҷаи амалишавии ду марҳилаи санади муҳим - Стратегияи миллии рушдро мавриди баррасӣ қарор дода, қайд намуданд, ки «Тайи даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳимму самарабахш амалӣ карда шуданд». Аз ҷумла, дар натиҷа, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт. Дар ин давра, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд. Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт.

Маориф яке аз соҳаҳои асосии рушди ҷамъият ба ҳисоб меравад, ки тақдири рушди ояндаи кишвар ба он зич вобаста аст. Ин аст, ки ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ зимни таҳлилу баррасии бахши иҷтимоӣ ба масъалаи маориф ва илм диққати махсус зоҳир менамоянд. Дар ин замина, Президенти кишвар махсусан таъкид намуданд, ки «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тули беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям, зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад”.

Яке аз рӯйдоди таърихӣ ва муҳими дигари соҳаи маорифи мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ба ҳисоб меравад. Ин санади муҳим мақоми иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии омӯзгорро дар ҷомеа мустаҳкам намуда, рисолати бузург ва масъулияти ӯро дар тарбияи насли созанда ва рушди фарҳангу маърифати миллӣ боз ҳам барҷаста месозад. Чоп ва паҳн гардидани осори бузургони миллат, ба монанди асари безаволи академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва ҳамосаи миллии мо, шоҳасари адабиёти ҷаҳонӣ «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба равшан гардидани решаҳои таърихӣ ва арзишҳои фарҳангии миллати тоҷик мусоидат намуданд.

Озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон - ватани азизи ман» ва «Шоҳномахонӣ» имрӯз ба як ҳаракати фарогири маърифатӣ табдил ёфта, дар таҳкими худшиносии миллӣ, рушди тафаккури илмӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни миллӣ нақши муассир мегузоранд.

Истиқлолият барои ҳар як миллат рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва шарафи миллӣ мебошад. Барои мардуми тоҷик соҳибистиқлолӣ дастоварди бузурги таърихӣ буда, имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон роҳи мустақили рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худро интихоб намояд. Аз ин рӯ, қадр кардани истиқлол ва ҳифзи дастовардҳои он вазифаи ҳар як шаҳрванд аст.

Ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисси ватандӯстӣ, дониш, меҳнат ва масъулиятшиносии ҳар яки мо вобаста мебошад. Ҳифзи истиқлол, ҳифзи шарафу ҳастии миллат ва ободии Ватан аст.

Ҳокимҷон МИРЗОЕВ,

омӯзгори ДДМИТ