НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАКОМУЛИ СОҲАИ ҲИСОБДОРӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
Дар шароити муносибатҳои иқтисоди бозорӣ бе ҳисобу китоб, таҳлили натиҷаҳои кор ва ба нақша гирифтани имкониятҳо пешрафти мунтазамро таъмин намудан ғайриимкон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Таҷрибаи ҷаҳонии ташкил ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявӣ дар субъектҳои иқтисодии бахши хусусӣ нишон медиҳад, ки дигар шудани вазъи иқтисодӣ дар мамлакат ба зарурати дигар кардани низоми миллии баҳисобгирии муҳосибӣ боис мешавад. Аз ҷумла, татбиқи СБҲМ як қадами муҳим дар самти таъмини шаффофии баланди амалиёти молиявӣ ва аҳдҳои тиҷоратӣ, баланд бардоштани эътимоди сармоягузорони хориҷӣ ва истифодаи самараноки захираҳои молиявӣ дар шароити номуайянии иқтисодиёти ҷаҳонӣ мебошад.
Ҳаминро ба назар гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли 2021 махсусан қайд намуданд, ки «масъалаҳои гузариши пурра ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва низоми маблағгузории электронӣ, аз ҷумла низоми хариди электронии давлатӣ то ҳанӯз ҳал нагардидаанд ва мо дар ин самт аз талаботи замона қафо монда истодаем. Бо мақсади танзими муносибатҳо дар самти пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҷалби сармояи мустақим ба вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз ва дигар мақомоти назоратӣ супориш дода мешавад, ки барои ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва аз аудити ҳарсолаи ҳатмӣ гузаштани субъектҳои дорои манфиати умум ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ чораҳои бетаъхир андешанд» [7]. Ҳамчунин, Сарвари давлат ҳангоми ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 бори дигар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои гузариш ба СБҲМ ва васеъ ҷорӣ кардани рақамикунонӣ дар соҳа чораҳои судманд андешад [8].
Низоми идоракунии фаъолияти соҳибкорӣ барои мақсадҳои қабули қарорҳои идоравӣ ба иттилооти гуногун ниёз дорад. Иттилоот вобаста ба талаботи истифодабарандагонаш дар бозор чун мол аст ва агар сифати хуб дошта бошад, талабот ба он зиёд мешавад. Агар иттилоот ба рушди фаъолияти ташкилот таъсир расонад, он гоҳ манфиатнок аст. Албатта, пешравии фаъолияти соҳибкории пурсамар аз сари вақт дастрас намудани иттилооти зарурӣ ва барои қабули қарорҳо самаранок вобастагӣ дорад.
Низоми молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки буҷети давлатӣ, андозу қарз, мақомоти молия, суғурта, бонкҳо, ташкилотҳои амонатию қарзӣ ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкиро дар бар мегирад, дар инкишофи иқтисоди миллӣ ва танзими давлатии иқтисод нақши калидиро мебозад. Тули солҳои истиқлоли кишвар низоми молиявии мамлакат дар асоси талаботи ислоҳоти бозорӣ ва бо дарназардошти таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ ташаккул ва инкишоф ёфта истодааст.
Дар як муддати кутоҳ санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ доир ба низоми молиявӣ ва идоракунии он мутобиқи хусусиятҳои иқтисоди бозорӣ қабул гардида, унсурҳои асосии он муайян карда шудаанд. Низоми амалкунандаи молия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклан ба муносибатҳои бозорӣ мувофиқ шуда истодааст. Бо мақсади мутобиқ намудани низоми молияи кишвар ба талботҳои замони муосир методологияи таҳияи буҷет, усулҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявӣ низ бояд такмил дода шаванд то ин ки самаранокии истифодабарии захираҳои молиявии давлатиро то дараҷаи зарурӣ таъмин наменамоянд.
Дар таъмини иттилоотии низоми идоракунӣ баҳисобгирии муҳосибӣ ҳамчун низоми иттилоотӣ мавқеи муайян дорад. Низоми баҳисобгирии муҳосибӣ ба худ низоми баҳисобгирии молиявӣ, идоравӣ ва андозиро дарбар мегирад. Иттилооти молиявӣ дар низоми баҳисобгирии молиявӣ ташаккул меёбад. Баҳисобгирии молиявӣ, ин қисми таркибии баҳисобгирии муҳосибӣ ба ҳисоб рафта, низоми ташаккули иттилооти аввалияи ҳуҷҷатигардонидашуда доир ба инъикоси амалиётҳои вобаста ба ҳаракати объектҳои баҳисобгирӣ ва пешниҳоди иттилооти ҷамъбастӣ дар намуди ҳисоботи молиявӣ ба истифодабарандагон мебошад. Мақсади асосии баҳисобгирии молиявӣ, ин пешниҳоди иттилооти саривақтӣ, боэътимод ва бо ҳуҷҷат асоснокшуда барои қабули қарорҳои идоракунӣ мебошад. Баҳисобгирии молиявӣ чун “оинаи молиявӣ”-и ташкилот ба ҳисоб рафта, бахши асоситарин ва ниҳоят муҳимми низоми баҳисобгирии муҳосибӣ мебошад.
Дар шароити муосири рушди иқтисодиёт ва раванди ҷаҳонишавӣ ба иттилооти молиявии шаффоф ва боэътимод талабот зиёд мегардад. Дар таъмини иттилооти молиявӣ таҳияи ҳисобот тибқи Стандартҳои Байналмилалии Ҳисоботи Молиявӣ (СБҲМ) мавқеи муайян дорад. СБҲМ ин қоидаҳои муайян, асос, тартиб, усулҳои таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ мебошанд. Мақсади асосии истифодабарии стандартҳои байналмилалӣ, ин таъмини шаффофияти ҳисоботи молиявӣ, саҳеҳияти пешниҳоди ҳолати молиявӣ ва натиҷаҳои фаъолияти ташкилот мебошад.
Аз ислоҳоти низоми баҳисобгирии муҳосибӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай 23 сол сипарӣ шуд. Дар давоми солҳои 2002-2025 доир ба такмили низоми миллии баҳисобгирӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд, ки аз тарафи олимони соҳа мавриди таҳқиқ қарор дода шудаанд.
Олимони ватанӣ Уроқов Д.У., Низомов С.Ф., Шобеков М., Хушвахтзода Қ.Х., Мирзоалиев А.А., Каримов Б.Ҳ., Раҳимов С.Х. ва дигарон доир ба масъалаҳои пешбурди баҳисобгирӣ ва таҳияи ҳисоботи молиявӣ, гузариш ба СБҲМ ва истифодабарии он дар ташкилотҳо таҳқиқотҳо гузаронидаанд. Дар таҳқиқоти мазкур масъалаҳои гузариш ба СБҲМ ва рушди низоми баҳисобгирии муҳосибии ватанӣ баррасӣ карда мешавад.
СБҲМ чун система низоми стандартҳои глобалӣ буда, яке аз инструментҳои боэътимоди пешниҳоди иттилооти молиявӣ ба соҳибмулкон, инвесторон, қарздеҳон ва таъминкунандагон барои қабули қарорҳои дурусти идоравӣ ба ҳисоб меравад.
Дар Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 [1], ки барои таъмини иҷрои марҳилаи дуюми Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия гардидааст, расмикунонии иқтисоди ниҳонӣ ва такмили низоми баҳисобгирӣ яке аз омилҳои рушди иқтисоди миллӣ муайян карда шудааст[9]. Вобаста ба ин, ҳар як субъекти хоҷагидорӣ бояд пешбурди баҳисобгириро тибқи қонунгузории соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва талаботҳои СБҲМ ба роҳ монад. Барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ташкилотҳо гузариши субъектҳои дорои манфиати умум ва корхонаҳои азими давлатӣ ба СБҲМ, то ҳол тадбирҳои муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки барои ноил шудан ба Ҳадафи рушди устувор - инфрасохтор ва саноатикунонӣ таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи молиявии шаффоф ва боэътимод зарурат дорад. Зеро нишондиҳандаҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявӣ барои ҳисоб намудани индикаторҳо, аз он ҷумла, барои ҳисоб кардани коркарди маҳсулоти софи саноатӣ ба сари аҳолӣ, ҳиссаи арзиши иловашудаи маҳсулоти саноатии соҳаҳои сатҳи миёнаи технологӣ ва баланди технологӣ дар ҳаҷми умумии арзиши иловашудаи маҳсулоти соҳаҳои саноатӣ, коэффитсиенти фаъолнокии инноватсионии корхонаҳо [1], истифода бурда мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки дар замони муосир СБҲМ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун қолаби ташаккул ва пешниҳоди ҳисоботи молиявии ташкилотҳо эътироф гардидааст. Ҳоло истифодаи он ҳамчун элементи обрӯву эътибори ташкилотҳо ва давлатҳои алоҳида мебошад. Тартиб додани ҳисобот тибқи СБҲМ, яке аз инструменти универсалӣ барои баҳодиҳии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар тамоми ҷаҳон ба ҳисоб меравад [2]. Аз ин ҷо барои таҳкими ҳамкории судманд барои ҳар як давлат ин гузариш ба СБҲМ мебошад. Аз тарафи дигар, СБҲМ яке аз воситаҳои табодули иттилооти молиявӣ байни субъектҳои гуногуни иқтисодӣ маҳсуб меёбад.
Ҷорӣ намудани СБҲМ ба фаъолияти ташкилотҳои ватанӣ барои гирифтани иттилооти боэътимод ва шаффофи молиявӣ аз тарафи истифодабарандагони гуногун мусоидат мекунад. Ҳисоботи молиявии баландсифати мутобиқи СБҲМ таҳияшуда, ба паст гардидани хавфҳои баҳисобгирӣ, аудиторӣ ва андозӣ оварда мерасонад, воситаи муносиб барои таҳлили молиявӣ ва идоравӣ мебошад [3].
Мувофиқи маълумоти сомонаи Фонди СБҲМ ба ҳолати 1 январи соли 2025 дар миқёси ҷаҳон 43 номгӯй СБҲМ (IFRS) қабул карда шудааст, ки аз онҳо 26 номгӯй IAS ва 17 номгӯй IFRS мебошад. Ба заминаҳои гузариш ба СБҲМ инҳо дохил мешаванд: талаботи соҳибмулки ташкилот, талаботи қонунгузории миллӣ, фаъолияти муштарак бо инвесторони хориҷӣ ва ҷалби қарзҳо бо фоизи паст [5].
Мақсади гузариши субъектҳои хоҷагидории ватанӣ ба СБҲМ, ин баланд бардоштани сифати иттилооти молиявӣ мебошад, ки ба ташаккули афзалиятҳои рақобатии ташкилот дар бозорҳои дохилӣ ва байналмилалӣ оварда мерасонад. Бояд қайд намуд, ки барои гузариш ба СБҲМ омилҳои зерин таъсир мерасонанд:
стандартҳои байналмилалӣ асоси иттилооти молиявии босифат ба ҳисоб мераванд, ки инро таҷрибаи ҷаҳонии таҳияи ҳисоботи молиявӣ нишон медиҳад;
истифодабарии СБҲМ вақт ва захираҳоро сарфа мекунанд, ки барои таҳияи стандартҳои миллӣ зарур аст, ҳамчунин, барои ташаккули низоми самараноки баҳисобгирӣ ва ҳисобот мусоидат мекунад;
СБҲМ барои рушди тахассуси муҳосибон замина гузошта, ваколату уҳдадориҳоро васеъ ва донишу малакаи муҳосибонро зиёд мегардонад;
СБҲМ аз тарафи суъектҳои хоҷагидорӣ ҳамчун тарзи ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти ватанӣ истифода бурда мешавад[2].
То ин ҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул карда шуданд, ки барои гузариш ба СБҲМ заминаи меъёрӣ гузоштанд. 4 ноябри соли 2002 таҳти рақами 428 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оиди Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ” қабул гардид, ки барои гузариш ба стандартҳои байналмилалӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошт.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ” соли 2011 дар таҳрири нав барои рушди низоми миллии баҳисобгирӣ такони ҷиддӣ бахшид, зеро мафҳум ва талаботҳои нав дохил карда шуданд.
Инчунин, тибқи талаботи СБҲМ ва қонунгузории ҷумҳурӣ корхонаю ташкилотҳо барои пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ бояд сиёсати ҳисобдориро таҳия намоянд[4]. Дар раванди эътироф ва баҳодиҳии дороиҳо ва уҳдадориҳо, даромаду хароҷот тибқи талаботи СБҲМ муҳосибон андешаи касбиро истифода мебаранд, ки ин албатта донишу малакаи касбиро талаб менамояд. Ба назари мо, андешаи касбӣ, ин фикрронии мутахассисон доир ба қабули қарорҳо дар шароити номуайянӣ ва хавф дар асоси донишу малакаи касбӣ мебошад.
Дар қатори ҳамаи чорабиниҳои дар доираи татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва барномаҳои соҳавӣ муайяншуда, ба андешаи мо, татбиқи чорабиниҳои зерин низ аз манфиат холӣ нест:
- идомаи ислоҳоти иқтисодӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолият ва боло бурдани рейтинги кишвар дар низоми баҳодиҳии созмонҳои байналмилалӣ яке аз вазифаҳои муҳим ва асос барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ;
- дар доираи татбиқи супоришҳо аз Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҷорӣ кардани низоми ҳисобдорӣ дар саросари кишвар ва бақайдгирии ҳамаи амалиётҳо. Чуноне ки Пешвои муаззами миллат қайд намудаанд “Дар шароити муносибатҳои иқтисоди бозорӣ бе ҳисобу китоб, таҳлили натиҷаҳои кор ва ба нақша гирифтани имкониятҳо пешрафти мунтазамро таъмин намудан ғайриимкон мебошад.” [6].;
- зиёд кардани ҳаҷми қарздиҳӣ ба иқтисодиёт;
- кам кардани ҳаҷми пулҳои нақдӣ дар муомилот ва истифодаи онҳо ҳамчун сарчашмаи қарздиҳӣ ба субъектҳои хоҷагидорӣ;
- татбиқи саривақтии Фармони Президенти кишвар оид ба гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ;
- боло бурдани сатҳи таъминнокии иқтисодиёт бо пули миллӣ.
Дар натиҷаи омӯзиши таълифотҳои касбӣ, бо дарназардошти таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ, талаботҳои амалия ва таҷрибаи корию машваратдиҳии самтҳои асосии рушди низоми миллии баҳисобгирӣ ва ҳисобот пешниҳод карда мешавад:
такмили асосҳои қонунгузорӣ ва муҳити институтсионалии низоми баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисобот;
баланд бардоштани талаботҳо доир ба баҳодиҳии салоҳияти касбии сармуҳосибони ташкилотҳо;
беҳтар намудани инфрасохтори истифодабарии СБҲМ дар ташкилотҳо;
баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисон бо роҳи ташкил ва гузаронидани семинару тренингҳои омӯзишӣ;
рушди иқтисоди рақамӣ ва такмили низоми автоматикии пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисобот;
такмили нақшаи ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва шаклҳои ҳисоботи молиявӣ вобаста ба талаботи замон.
Ҳамин тариқ, СБҲМ дар такмили низоми миллии баҳисобгирӣ ва ҳисобот мавқеи муайян дошта, таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ тибқи талаботи СБҲМ барои интегратсияи иқтисодиёти кишвар ба фазои ҷаҳонии иқтисодӣ, расмикунонии иқтисоди пинҳонӣ, баланд бардоштани фаъолияти самараноки ташкилотҳо, тезонидани раванди инвеститсионӣ, беҳтар намудани сифати идоракунии ташкилотҳо ва зиёдшавии афзалиятҳои рақобатии бизнес ба таври амалӣ мусоидат намуда, рушди устувори иқтисоди миллиро таъмин менамояд.
Адабиёт
Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «30» апрели соли 2021 №168 тасдиқ шудааст. - Душанбе, 2021.
Бобомуродов, Б.Э. Роль Международные стандарты бухгалтерского учета в государственном секторе Республики Таджикистана / Б. Э. Бобомуродов // Финансово-экономический вестник. - 2022. - № S2.1(31). - С. 78-83. - EDN TIQCSF.
Бобомуродов, Б.Э. Хусусияти баҳисобгирии идоракунӣ дар фаъолияти ташкилот / Б. Э. Бобомуродов // Паёми молия ва иқтисод. - 2023. - No. 4-2(39). - P. 410-416. - EDN HFVKRM.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» аз 25 марти соли 2011, №702.
Низомов, С.Ф. Проблемы внедрения МСФО в Таджикистане и пути их преодоления / С.Ф. Низомов, М. Шобеков // Известия Иссык-Кульского форума бухгалтеров и аудиторов стран Центральной Азии. - 2015. -№2- 1(9). -С.216-221.
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”;
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 21 январи соли 2021
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 21 декабри соли 2021
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030. - Душанбе, 2016.
Бобомурод БОБОМУРОДОВ,
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент,
мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng