Ба муносибати 135-солагии Муҳаммадҷон Раҳимӣ ЁДИ КӮДАКӢ Ё ТАЪРИХИ ЯК РАСМ
Бо хаёле банд гоҳе менишинам то саҳар,
Кӯдакиям бигзарад чун турна аз пеши назар…
Ҳар инсон баъди паси сар намудани айёми кӯдакӣ, наврасӣ ва ҷавонӣ ба қадри он солҳои тиллоӣ мерасад. Мехоҳад ҳар лаҳзаи он рӯзҳоро ба хотир оварда, аз ёдашон лаззати маънавӣ барад.
Банда низ гоҳ-гоҳ аз он рӯзҳои хотирмону бебозгашт ёд мекунам. Айёми кӯдакиам дар хонадони бобои модариам гузаштааст ва ба ёд овардани он рӯзҳо бароям бисёр азиз аст. Бобоям (рӯҳашон шод бод!) аз ҷумлаи шахсони фарҳангии ҷумҳурӣ буданд.
Боре модарам чунин нақли ҷолиберо ба ман ҳикоят карда буданд:
- Яке аз рӯзҳои истироҳатии тобистони соли 1953 буд. Офтоби оламоро аз паси дарахтони шамшоду сада, ки атрофи боғамонро ҳалқавор иҳота мекарданд, саховатмандона нур мепошид. Мо гурӯҳе аз кӯдакон дар гирди ҳавзи пуробу дарахтон саргарми бозӣ будем. Ногоҳ занги дар баланд шуд ва марди миёнақади чашму абрӯсиёҳе, ки ҷомадони на чандон калони сафарӣ дар даст дошт, вориди ҳавлӣ гардид ва падарамро пурсон шуд.
Падарам, ки гулқайчӣ ба даст ба буридани шохаҳои хушки ниҳолҳо машғул буданд, ба истиқболи меҳмон шитофтанд. Ӯро гарму самимӣ ба оғӯш гирифта, баъди пурсупоси зиёд ба кати зери дарахти себ даъват карданд.
- Ин кас кӣ бошад? - бо ҳисси кунҷковӣ аз ҳамдигар мепурсидем мо.
Аммо падарам ва меҳмон ба мо чандон эътибор надода, саргарми суҳбат шуданд. Дар ҳамин вақт модарам бо дастархон назди меҳмон омада, гуфтанд:
- Хуш омадед! Ин кас додархонди падаратон, амакмуллои Муҳаммадҷон Раҳимӣ ҳастанд. Мо дар бораи эшон борҳо нақл карда будем-ку!
Ман аз ин вохӯрии ногаҳонӣ бо устоди сухан, олим, забоншинос ва шоири маъруфи тоҷик бисёр шод шудам.
Устод Муҳаммадҷон Раҳимӣ дар боғи мо як моҳ истироҳат намуда, ҳамроҳи падарам ба сайру гашти шаҳр ва атрофи он мебаромаданд. Аз боду ҳавои форами Истаравшан ва меваҳои шаҳдбори он лаззат мебурданд. Шабҳо бошад, ҳамроҳи падарам байтбарак ва шеърхонӣ мекарданд.
Дар ҳамон ҷо фаҳмидам, ки ин сафари устод Раҳимӣ ба Истаравшан бори аввал набудааст. Пеш аз ин ҳам чандин маротиба меҳмони хонадони мо шудаанд. Вале барои ман як чиз муаммо буд: чӣ гуна дӯстии падарам бо устод Раҳимӣ оғоз гардидааст?
Баъдан маълум шуд, ки падарам охирҳои соли 1923, баъди хатми курси ҳуруфчинтайёркунӣ дар собиқ Ӯротеппа, ҳамчун мутахассиси ҷавон ба рӯзномаи «Озодии Бухоро», ки матбаааш дар Когон ҷойгир буд, фиристода шудаанд. Дар ҳамон ҷо бо устод Раҳимӣ шинос гардидаанд. Устод низ дар ҳамин рӯзнома фаъолият мекардаанд.
Бо гузашти вақт риштаи дӯстии онҳо мустаҳкам гардида, охирҳои соли 1924 ҳарду аз Бухоро ба Сталинобод омада, дар Комиссариати молия ба фаъолият оғоз мекунанд ва дар корҳои комсомолӣ низ иштироки фаъолона менамоянд.
Азбаски он солҳо дар Тоҷикистон мутахассисони соҳаи молия кам буданд, ташкилоти комсомолӣ ва Комиссариати молия падарам - Маъмурҷон Сафаров ва устод Муҳаммадҷон Раҳимиро барои таҳсил ба Академияи молияи СССР мефиристанд. Онҳо соли 1929 ба академия дохил шуда, соли 1931 онро хатм намуда, ба Сталинобод бармегарданд.
Соли 1941 оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ оромии мардумро халалдор намуд. Падарам низ ба фронт рафта, дар муҳорибаҳои назди Москва ва Курск иштирок карданд. Баъди захмӣ шудан ва табобат дубора ба Ӯротеппа баргаштанд.
Пас аз ҷанг ҳам ин ду дӯст робитаи худро қатъ накарданд ва ҳамеша аз ҳоли якдигар хабар мегирифтанд. Аз ҳамин сабаб, устод Муҳаммадҷон Раҳимӣ навбатӣ истироҳати худро дар Ӯротеппа, дар назди падарам гузарониданӣ шуда, ба хонаи мо омада буданд, - нақлашро ба анҷом расонд модарам.
Вақте инсон чунин хотираҳоро мешунавад, ба чунин дӯстиву вафодорӣ аҳсан мехонад.
Бояд гуфт, ки бобоям Маъмурҷон Сафаров солҳои 1927-1928 курсҳои молияи назди Комиссариати молияи собиқ СССР-ро дар шаҳри Санкт-Петербург аз рӯи сикли андоз хатм намудаанд. Баъдан соли 1929 ба Академияи молияи Ленинград дохил шуда, онро соли 1931 бомуваффақият ба анҷом мерасонанд.
Пас аз солҳои зиёди фаъолият дар Вазорати молияи Тоҷикистон, солҳои 50-уми асри ХХ ба зодгоҳашон Ӯротеппа баргашта, ба ҳайси сардори шуъбаи молияи шаҳр фаъолият намудаанд. Аз ҳамин ҷо ба нафақа баромада, соли 1987 дар синни 86-солагӣ аз олам чашм пӯшидаанд.
Пас аз нақли модарам фаҳмидам, ки дар ин расми таърихӣ гурӯҳе аз ҷавонони Осиёи Миёна, ки барои таҳсил ба шаҳри Ленинград рафта буданд, аксбардорӣ шудаанд.
Номи неку кори некашон дар қалбҳо ҷовидон хоҳад монд.
Зиндаву ҷовид монд ҳар ки накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Наргис АСЛОНОВА,
профессори кафедраи забони тоҷикии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng