23 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии озмуни “Беҳтарин барномасоз” баргузор мегардад. Чорабинӣ дар доираи ташаббуси солҳои 2025-2030 - «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» бо мақсади дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод, рушди малакаҳои барномасозӣ ва дастгирии ғояҳои навоварона доир мешавад.

Тавре декани факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионии ДДМИТ, раиси комиссияи тадорукот Темурбекова София Давронбековна иттилоъ дод, озмун, ки соли чорум аст, гузаронида мешавад, имкон фароҳам меорад, то донишҷӯён донишу маҳорати амалии худро нишон дода, бо ҳамсолони худ аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таҷриба мубодила намоянд.

Ба гуфтаи мавсуф, рушди иқтисоди рақамӣ ба мутахассисоне ниёз дорад, ки на танҳо технологияҳои муосирро аз худ кардаанд, балки қобилияти таҳияи барномаҳо, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои зеҳни сунъиро доранд. Аз ин рӯ, баргузории чунин озмунҳо барои рушди қобилияти эҷодӣ ва касбии ҷавонон аҳаммияти махсус дорад.

Озмун аз рӯйи се номинатсия: “Барномасозӣ”, “Лоиҳаи инноватсионӣ” ва “Зеҳни сунъӣ” баргузор гардида, дар он аз 45 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ то се довталаб (дар ҳар номинатсия як нафарӣ) сабқат менамоянд. Ширкаткунандагон вобаста ба номинатсия вазифаҳои амалиро иҷро намуда, лоиҳаҳои худро ба ҳайати ҳакамон муаррифӣ мекунанд.

Иштирокчиён дар муддати 3 соат як барномаи хурди вебӣ ё мобилӣ, прототипи интерактивӣ таҳия мекунанд ё масъалаҳои пешниҳодшударо бо забони ихтиёрии барномасозӣ ҳал менамоянд. Лоиҳаҳо бояд мавзӯъҳои пешниҳодшуда, аз ҷумла “шаҳри ҳушманд”, “маорифи рақамӣ” ё “китобхонаи рақамӣ”-ро дар доираи иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ инъикос намоянд.

Тибқи барномаи озмун, ҷиҳати иҷрои супоришҳои барномасозӣ иштирокчиён метавонанд аз забони барномасозии интихобкардаи худ истифода баранд. Дар компютерҳои озмунӣ бояд на камтар аз шаш забони барномасозӣ, аз ҷумла Pascal, насб карда шавад.

Тавре София Темурбекова таъкид намуд, ҳангоми баҳогузорӣ ба навоварӣ, аҳамияти амалии лоиҳа, сифати рамзи барномавӣ, роҳати интерфейс ва маҳорати муаррифии иштирокчиён таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Натиҷаҳо аз рӯйи холҳои ҳайати ҳакамон муайян шуда, беҳтаринҳо бо мукофотҳои молиявӣ, диплом, туҳфаҳои хотиравӣ, ифтихорнома ва сипоснома қадршиносӣ карда мешаванд.

Албатта, баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин барномасоз” қадами муҳим дар роҳи дастгирии ташаббусҳои ҷавонон, рушди технологияҳои инноватсионӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб барои иқтисоди рақамии кишвар мебошад ва бешакк, идомаи чунин иқдомҳо ба дарёфти истеъдодҳои ҷавон, тақвияти робитаи донишҳои назариявӣ бо амалия ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир мусоидат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии соҳавӣ таҷрибаи ғанӣ дошта, ба ҳайси муассис ва баргузоркунандаи озмунҳои ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Беҳтарин донандаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномасози беҳтарин” ва дар баргузории аввалин олимпиадаи ҷумҳуриявии “Маърифат ва амнияти молиявӣ” миёни донишљўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ эътироф гардидааст.

 

Муҳаммадалӣ ОЧИЛДИЕВ