Душанбе шаҳри калонтарини ҷумҳурӣ, маркази илму фарҳанг ва пойтахти Тоҷикистон мебошад. Ин шаҳри зебову дилоро таърихи худро дорад. Душанбе ҳамчун шаҳри дилоро дар Осиёи Марказӣ дар фазои минтақаи Авроосиё ҷойгир буда, мувофиқи маъхазҳои таърихӣ аз даврони қадим бо ҳамин ном машҳур будааст.

24-уми августи соли 1924 пас аз ташкили ҶМШС Тоҷикистон, Комиссияи марказии тақсимоти ҳудудии миллӣ аз Комиссияи миллии тоҷикон хост, ки пойтахти мухторияти ояндаи худро муайян кунад. Комиссия аввал шаҳраки Қаратоғро чун маркази нави маъмурӣ пешниҳод кард, аммо бо пешниҳоди ҳарбиён Душанбе пойтахти давлати навбунёди тоҷикон интихоб гашт.

2-юми сентябри соли 1926 маҷлиси раёсати Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон тарҳи нави Душанберо баррасӣ намуда, моҳи апрели соли 1927 Шурои комиссарони халқии ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи сохтмони шаҳри Душанбе» қарор қабул намуд. Дар ибтидои асри ХХ Душанбе аз 14 гузар иборат буд. Шаҳраки Душанбе калонтарин минтақаи аҳолинишин ба шумор рафта, қалъаи мудофиавӣ дошт. Дар ҳудуди Душанбе шаҳрак ва деҳкадаҳои Шоҳмансур (дар ҷои имрӯзаи ҳудуди Вазорати маориф ва илм), Сариосиё (доманаи теппа дар шарқу шимол), Ғофилобод (дар мавзеи имрӯзаи ҳудуди Китобхонаи миллӣ), Миришикор, Хуҷанбиёи Боло ва Хуҷанбиёи Поён (дар мавзеи корхонаи семент), Қарияи миршикор, Чармгарон ва Заргар воқеъ буданд.

15-уми октябри соли 1929 дар Душанбе анҷумани сеюми фавқулодаи умумитоҷикии Шуроҳо кори худро оғоз намуда, 16-уми октябр эъломияи таъсис додани ҶШС Тоҷикистон қабул гардид ва шаҳри Душанбе ба Сталинобод табдили ном кард. Нахустин лоиҳаи генералии бунёди Душанбе соли 1930 қабул шуд. Дар Душанбеи навбунёд заминаҳои маъмуриву идоракунии мамлакат гузошта шуд, аз ҷумла бинои нозирони Комиссариати халқӣ, Комиссариати зироат, Комиссариати алоқа ва ғайра бунёд гардиданд. 10-уми сентябри соли 1929 тавассути роҳи оҳани паҳнбар қатораи нахустин ба Душанбе омад. Робита тавассути роҳи оҳан бо Москва ва дигар шаҳрҳои иттифоқӣ шуруъ гардида, рушди иқтисоди Тоҷикистон оғоз ёфт. 3-юми марти соли 1938 Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи генералии шаҳри Душанберо тасдиқ намуд, ки барои 170 ҳазор сокин муқаррар шуда, сохтмони шаҳр дар соҳили чапи дарёи Варзоб пешбинӣ гардид. 23-юми январи соли 1939 бо фармони раёсати Шурои вазирони Тоҷикистон дар Душанбе се ноҳияи маъмурӣ - Душанбе, Марказӣ ва Роҳи Оҳан таъсис ёфт. Солҳои ҳокимияти шуравӣ Душанбе ба маркази бузурги фарҳангӣ ва илмӣ табдил шуд. Соли 1961 дар пайи сиёсати зиддисталинӣ дар ИҶШС номи таърихии шаҳр - Душанбе баргардонда шуд.

Душанбе ба сифати пойтахти Тоҷикистон оинаи фарҳанг ва тамаддуни ориёӣ маҳсуб мешавад. Аҳаммияти таърихӣ ва бостонии шаҳр зимни ҳамоишҳои фарҳангӣ, нишастҳои дипломатӣ, конференсияҳои сатҳи гуногуни илмиву фарҳангӣ ба мушоҳида мерасад. Душанбе баъд аз соҳибистиқлолӣ намои худро куллан дигаргун карда, ба як шаҳри азиму муҳташам аз назари меъмориву фарҳангӣ табдил ёфтааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо бунёд гардидани маҷмааву кохҳои меъмориву фарҳангӣ, хиёбонҳову кӯчаҳои васеи мумфарш, иморатҳои маъмуриву истиқоматӣ, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои маърифативу илмӣ ва адабӣ Душанбе ба яке аз шаҳрҳои бошукӯҳи ҷаҳон табдил ёфт. Бо қарори ЮНЕСКО барои саҳми бузург доштан дар мустаҳкам намудани пояҳои сулҳ, гуногунандешӣ ва якдилӣ дар ҳаёти ҳаррӯза соли 2003 Душанбе дар минтақаи Осиёву уқёнуси Ором ба Ҷоизаи «Шаҳри сулҳ» дараҷаи I сазовор гардид.

Имрӯз қалби Тоҷикистон, Душанбе оғӯш ва дарвозаи худро ба рӯйи садҳо донишманд ва сайёҳ боз кушодааст. Воқеан, имрӯз таҳти сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо талошҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шаҳри Душанбе ободу зебо гардида, ба яке аз шаҳрҳои амнтарин дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифии бештар гардидааст.

Шаҳри Душанбе узви Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо, Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо, Ташкилоти Боулдер - Душанбе бародаршаҳрҳо, Ташкилоти ҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимияти маҳаллӣ, узви Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ мебошад. Маврид ба зикри хос аст, ки бо заҳмату талошҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рушду пешрафти шаҳри Душанбе бесобиқа аст. Имрӯз шаҳри Душанбе ҳамчун қалби Тоҷикистони азиз дар сатҳи ҷаҳонӣ бо рушду пешрафти худ шинохта гардидааст. Маҳз бо ибтикори бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯзҳо дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор гардида истодаанд, ки барои боз ҳам муаррифӣ гардидани кишвари маҳбубамон Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ имкониятҳои беназирро фароҳам овард.

Имрӯз дар пойтахти маҳбубамон - шаҳри Душанбе намояндаҳои Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Фонди байналхалқии асъор ва дигар институтҳои байналмилалии бонуфуз, корпуси дипломатии давлатҳои хориҷӣ, ки Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари сулҳхоҳ мешиносанд, мустақар мебошанд. Бо иштироки сарони давлатҳо, намояндагони расмӣ, арбобҳои сиёсӣ, намояндагони тиҷоратии ҷаҳонӣ, конференсияҳои сатҳи гуногун, симпозиумҳои байналмилалӣ ва мулоқоти судманди тиҷориву фарҳангӣ доир ба масъалаҳои муҳимми рӯзмарра дар дили Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

Ҳамин тариқ, дар солҳои соҳибистиқлолӣ шаҳри Душанбе ба таври бесобиқа рушд карда, ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфтааст. Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми созандаи Раиси ҷавони шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пойтахти ватани мо рӯз ба рӯз ободу зебо ва макони мақбулу писандидаи ҷаҳониён гардидааст. Тамоннои онро дорем, ки қалбу пайкари пойтахти кишвари азизам Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ҳамеша дар амон бошад.

 

Файзализода Муҳаммадраббӣ Музафар,

омузгори ДДМИТ