Дар ҷаҳони муосир ҷавонон неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ба шумор мераванд, зеро онҳо дорои фикри тоза, неруи зиёд ва орзую ҳадафҳои баланд мебошанд

Ҳар як давлат барои рушд ва пешрафти худ, пеш аз ҳама ба ҷавонон такя мекунад ва барои ҳамин низ рӯзҳои махсусе барои қадрдонии онҳо муайян шудаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Рӯзи ҷавонон бо эҳтироми зиёд таҷлил мегардад ва рамзи эътирофи ҷойгоҳи ҷавонон дар ҷомеа мебошад

Ҷавонон як қишри махсуси иҷтимоӣ мебошанд ки дар марҳилаи ташаккули шахсият қарор доранд. Дар ҳамин давра ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва мақсадҳои ҳаётии инсон шакл мегиранд. Ҷавонон одатан бо фаъолнокӣ, ташаббускорӣ ва омодагӣ ба навовариҳо фарқ мекунанд. Маҳз ҳамин хусусиятҳо онҳоро ба қувваи асосии тағйирот ва пешрафт табдил медиҳанд.

Дар Тоҷикистон ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Барномаҳои давлатӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди қобилият ва таъмин намудани шароити мусоиди зиндагии ҷавонон равона шудаанд. Дастгирии ҷавонони боистеъдод, фароҳам овардани имконият барои таҳсил ва ҷалби онҳо ба фаъолияти ҷамъиятӣ яке аз самтҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Ин ҳама нишон медиҳад ки ҷавонон дар сиёсати давлатӣ мавқеи муҳим доранд. Ҳар сол санаи 23 май дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад. Дар ин рӯз дар тамоми кишвар чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд, аз ҷумла барномаҳои фарҳангӣ, вохӯриҳо, конфронсҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ. Ин чорабиниҳо на танҳо барои фароғат балки барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва фаъолиятнокии ҷавонон хизмат мекунанд.

Ҷавонон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа иштирок мекунанд. Онҳо дар рушди иқтисод, илм, фарҳанг ва технология саҳми назаррас доранд. Соҳибкорони ҷавон бо идеяҳои нав ба бозор ворид мешаванд ва олимони ҷавон ба кашфиётҳо ноил мегарданд. Ин ҳама нишон медиҳад, ки бе иштироки ҷавонон пешрафти ҷомеа ғайриимкон аст.

Рӯзи ҷавонон на танҳо як ҷашн, балки як имконият барои баррасии масъалаҳои муҳими ҷавонон мебошад. Ин рӯз ҳисси масъулият ва худшиносии онҳоро баланд мебардорад ва онҳоро ба фаъолияти бештар ҳавасманд мекунад. Ҳамзамон, ин рӯз робитаи байни наслҳоро мустаҳкам намуда, таҷрибаи калонсолонро ба ҷавонон мерасонад.

Бо вуҷуди имкониятҳои зиёд ҷавонон бо баъзе мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд, аз ҷумла бекорӣ, муҳоҷират ва камбуди таҷриба. Барои ҳал намудани ин масъалаҳо зарур аст ки шароити беҳтар барои таҳсил ва кор фароҳам оварда шавад.

Дар оянда ҷавонон бояд бештар ба омӯзиши донишҳои муосир ва рушди малакаҳои касбӣ таваҷҷуҳ намоянд

 

Суҳайлӣ ҲАЛИМЗОДА,

раиси Созмони ҷавонони факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ