Паёме рӯшан бар пояи эҳтироми манфиатҳои миллӣ, эътимоди сиёсӣ ва рушди муштарак

Дар даҳаи сеюми асри XXI ҷаҳон вориди марҳилаи нави бозтақсими манфиатҳои иқтисодиву геополитикӣ гардидааст. Низоми байналмилалӣ, ки солҳои зиёд бар меҳвари қудратҳои маҳдуд устувор буд, имрӯз тадриҷан шакли бисёрқутбиро касб мекунад. Дар чунин шароит минтақаҳое, ки замоне танҳо дар ҳошияи сиёсатҳои ҷаҳонӣ қарор доштанд, акнун ба маркази таваҷҷуҳи абарқудратҳо табдил ёфтаанд. Яке аз ҳамин гуна минтақаҳои калидӣ Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, ки имрӯз на танҳо аз назари захираҳои энергетикӣ ва имкониятҳои транзитӣ, балки ҳамчун пули стратегии байни Шарқу Ғарб аҳамияти рӯзафзун пайдо кардааст.

Ин воқеиятро имрӯз ҳатто таҳлилгарони марказҳои бонуфузи геополитикии ҷаҳон низ эътироф мекунанд, ки ҳамакнун Осиёи Марказӣ аз минтақаи «буферӣ» ба минтақаи «ташаккулдиҳандаи равандҳо» табдил меёбад.

Таърих гувоҳ аст, ки сарнавишти давлатдории тоҷикон ва чиноиҳо аз ҳазорсолаҳо ба ин сӯ тавассути тамаддун, тиҷорат ва роҳҳои бузурги иртиботӣ бо ҳам пайванди ногусастанӣ доштааст. Роҳи абрешими қадим на танҳо василаи интиқоли молу маҳсулот, балки шоҳроҳи табодули фарҳангҳо, донишҳо ва арзишҳои башарӣ буд.

Ташаббуси глобалии «Як камарбанд - як роҳ», ки аз ҷониби Си Ҷинпин пешниҳод гардид, дар асл эҳёи муосири ҳамин рисолати таърихӣ мебошад. Аммо агар Роҳи абрешими қадим бештар характери тиҷоратӣ дошта бошад, «Як камарбанд - як роҳ» имрӯз тарҳи азими иқтисодиву геостратегӣ аст, ки тақдири иқтисоди ҷаҳониро дар даҳсолаҳои наздик метавонад тағйир диҳад.

Дар ин лоиҳа Тоҷикистон ҷойгоҳи хос дорад. Ҷуғрофияи кишвар, ки онро ба чорроҳаи табиии байни Осиёи Ҷанубӣ, Шарқӣ ва Ғарбӣ табдил медиҳад, имконият фароҳам меорад, то Тоҷикистон дар оянда ба маркази муҳими транзитӣ ва логистикии минтақа мубаддал гардад.

Дар ин радиф, ҳамоиши соли 2025-и «Осиёи Марказӣ - Чин» дар воқеъ нишон дод, ки муносибатҳои Чин бо кишварҳои минтақа аз марҳилаи ҳамкориҳои ҷудогона ба сатҳи шарикии комплексии стратегӣ гузашта, аз оғози марҳилаи нави ҳамгироӣ дарак медиҳад.

Маҳз ҳамин ҳамоиш бори дигар собит сохт, ки Чин ба Осиёи Марказӣ на ҳамчун минтақаи муваққатии манфиатҳо, балки ҳамчун шарики дарозмуддати рушд менигарад. Барои кишварҳои минтақа низ ин ҳамкорӣ имконият медиҳад, ки дар шароити буҳронҳои ҷаҳонӣ роҳҳои нави рушди иқтисодӣ ва диверсификатсияи бозорҳоро пайдо намоянд.

Дар ин миён, нақши Тоҷикистон махсус арзёбӣ мегардад. Зеро Тоҷикистон на танҳо дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, балки метавонад ба ҳалқаи муҳими амнияти минтақавӣ ва транзити байналмилалӣ табдил ёбад.

Аз ин лиҳоз, ба дунболи он ки дар паёми таърихии «Дӯстӣ - ҳамеша ва душманӣ - ҳеҷ гоҳ», ки ҳинни имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Чин зимни сафари давлатии Пешвои миллати мо дар Пекин садо дод, танҳо шиори дипломатӣ нест. Дар ҷаҳони пуртаниши имрӯз чунин формулаҳо мафҳуми амиқи сиёсӣ доранд.

Ин паём баёнгари он аст, ки муносибатҳои ду кишвар бар асоси эътимоди мутақобил, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва ҳамдигарфаҳмии стратегӣ бунёд меёбанд. Барои Тоҷикистон чунин муносибат махсусан муҳим аст, зеро суботи минтақа имрӯз аз ҷумла ба ҳамоҳангии сиёсати давлатҳои калидӣ вобаста мебошад.

Чин низ ба Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимод дар минтақа менигарад. Зеро мавқеи устувори Душанбе дар масъалаҳои амниятӣ, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории фаромиллӣ барои Пекин аҳамияти муҳим дорад.

Тавре гуфтем, яке аз самтҳои муҳимтарини ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин рушди инфрасохтор мебошад. Дар солҳои охир бо ҷалби сармояи чинӣ роҳҳо, нақбҳо, хатҳои барқ, корхонаҳои саноатӣ ва иншооти муҳими иқтисодӣ бунёд шуданд, ки воқеан симои иқтисодии кишварро тағйир доданд. Вале бо ин вуҷуд алъон масъала танҳо дар сохтмони роҳ нест. Гап сари ташаккули иқтисоди нави минтақавӣ меравад, ки бар меҳвари логистика, технология, саноатикунонӣ ва иқтисоди рақамӣ бунёд меёбад.

Дар ин раванд Тоҷикистон метавонад аз кишвари истеъмолгар ба кишвари истеҳсолкунанда ва транзитӣ табдил ёбад. Дар ин раванд захираҳои гидроэнергетикӣ, иқтидори маъданӣ, имкониятҳои кишоварзӣ ва мавқеи ҷуғрофии кишвар заминаи воқеии чунин таҳаввулро фароҳам месозанд.

Аз сӯи дигар, масъалаи амният низ дар меҳвари муносибатҳои Тоҷикистону Чин қарор дорад. Бо дарназардошти вазъи мураккаби геополитикии минтақа, таҳдидҳои марбут ба терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ ҳамоҳангии сиёсати амниятии кишварҳоро ба зарурат табдил додааст.

Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои сарҳади тӯлонӣ бо Афғонистон дар таъмини амнияти минтақавӣ нақши муҳим мебозад. Аз ин нигоҳ, таҳкими ҳамкориҳо бо Чин на танҳо манфиати дуҷониба, балки аҳамияти фароминтақавӣ низ дорад.

Азбаски таҳаввулоти солҳои охир ҷаҳонро тадриҷан ба сӯи модели нави муносибатҳои байналмилалӣ тела медиҳанд, дар ин моваро давлатҳое муваффақ хоҳанд шуд, ки тавонанд манфиатҳои миллии худро бо равандҳои глобалӣ ҳамоҳанг созанд. Алъон Тоҷикистон маҳз дар чунин марҳилаи таърихӣ қарор дорад. Иштирок дар ташаббусҳои бузурги минтақавӣ, аз ҷумла «Як камарбанд - як роҳ» ва формати «Осиёи Марказӣ - Чин» метавонад барои кишвари мо на танҳо манбаи сармоягузорӣ, балки воситаи таҳкими мавқеи геополитикӣ гардад.

Муҳим он аст, ки ин имкониятҳо бо диди миллӣ, сиёсати мутавозин ва ҳифзи манфиатҳои стратегӣ истифода шаванд. Зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад: давлатҳое, ки танҳо истеъмолгари тарҳҳои бузург мемонанд, дар ҳошияи рушди ҷаҳонӣ қарор мегиранд. Аммо кишварҳое, ки тавони истифодаи оқилонаи имкониятҳоро доранд, метавонанд ба маркази равандҳои нави иқтисодиву сиёсӣ табдил ёбанд. Дар ин раванд Тоҷикистон имкони воқеии табдил ёфтан ба маркази муҳими транзитӣ, энергетикӣ ва дипломатии минтақаро дорад.

Имрӯз барои ҷомеаи ҷаҳонӣ низ равшан гардидааст, ки дар шароити буҳронҳои пайдарпайи сиёсиву иқтисодӣ ва экологӣ инсоният ба шахсиятҳое ниёз дорад, ки на бар пояи рақобати вайронгар, балки бар асоси фарҳанги муколама, ҳамзистӣ ва ҳамкории созанда андеша мекунанд. Ва маҳз ҳамин вижагӣ аст, ки дар шароити кунунии таҳаввулоти босуръати ҷаҳонӣ нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули фарҳанги нави ҳамгироии минтақавӣ ва муколамаи созандаи байналмилалӣ ҳарчи бештар барҷаста мегардад. Таҷрибаи сиёсӣ ва ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои давлати тоҷикон нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон имрӯз на танҳо иштирокчии равандҳои байналмилалӣ, балки яке аз пешниҳодикунандагони рӯзномаи нави ҳамкориҳои башарӣ низ мебошад.

Дар воқеъ, агар ба муҳтавои формулаи нави ҳамгироии асри XXI назар афканем, мебинем, ки ҳамин арзишҳо солҳои зиёд меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон буданд.

Маҳз бо ибтикори Президенти Тоҷикистон масъалаҳое чун дипломатияи об, ҳифзи пиряхҳо, муқовимат ба тағйирёбии иқлим, таъмини рушди устувор ва густариши муколамаи тамаддунҳо ба бахши муҳими рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил ёфтанд. Имрӯз ҷомеаи байналмилалӣ эътироф мекунад, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим хусусияти на танҳо минтақавӣ, балки воқеан глобалӣ доранд. Ин ташаббусҳо нишон доданд, ки ҳатто кишвари дорои имкониятҳои маҳдуди иқтисодӣ метавонад тавассути андешаи созанда ва сиёсати дурнигарона ба ташаккули афкори байналмилалӣ таъсир расонад.

Дар ҳамин замина, ҳамгироии нави иқтисодиву геополитикӣ дар қолаби форматҳои нав низ наметавонад бидуни нақши фаъол ва мавқеи мутавозини Тоҷикистон тасаввур шавад. Зеро Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир пайваста аз зарурати табдил додани Осиёи Марказӣ ба фазои эътимод, субот, ҳамгироӣ ва рушд ҳимоят менамоянд.

Сиёсати «дарҳои боз», муносибатҳои мутавозин бо қудратҳои ҷаҳонӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар баробари эҳтироми манфиатҳои шарикон ва талош барои табдил додани Тоҷикистон ба пули муколамаи тамаддунҳо, ҳамаи ин имрӯз Сарвари давлати Тоҷикистонро ба яке аз шахсиятҳои дорои обрӯи дипломатӣ дар минтақа табдил додааст.

Аз ин рӯ, агар асри XXI воқеан асри ҳамгироии нав, иқтисоди сабз, дипломатияи эътимод ва шарикии созанда бошад, пас табиист, ки Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадоре, ки солҳо пеш ҳамин арзишҳоро ба меҳвари сиёсати давлатӣ табдил дода буданд, дар сархати чунин равандҳои таърихӣ қарор хоҳанд дошт.

Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ воқеан дар солҳои охир бештар намоён гардидааст, махсусан дар масъалаҳое, ки ба обу иқлим, амният, мубориза бо терроризм ва ҳамкориҳои минтақавӣ марбутанд. Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон тавонист худро ҳамчун ҷонибдори муколама, субот ва ҳамкории созанда муаррифӣ намояд. Аз ин ҷост, ки таҷрибаи сиёсии Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон, пешбурди дипломатияи муколама ва ташаббусҳои байналмилалӣ метавонанд ҳамчун намунаи муҳими сиёсати сулҳпарварона арзёбӣ шаванд. Маҳз ҳамин таҷриба аст, ки обрӯи байналмилалии Эмомалӣ Раҳмонро тақвият бахшида, имкони иштироки фаъолтар дар муҳокимаи масъалаҳои глобалиро фароҳам месозанд.

Имрӯз дар ҷаҳоне, ки аз низоъҳо, бӯҳронҳои гуманитарӣ ва рақобатҳои геополитикӣ ранҷ мебарад, арзишҳое чун муколама, таҳаммул, эҳтироми манфиатҳои мутақобил ва ҳалли мусолиматомези ихтилофҳо аҳамияти бештар пайдо мекунанд. Тоҷикистон низ талош менамояд маҳз ҳамин фарҳанги сиёсиро дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳимоят намояд.

Баргардем ба паёми аз ҳоло брендшудаи «Дӯстӣ - ҳамеша ва душманӣ - ҳеҷ гоҳ», ки дар асл формулаи нави ҳамгироии асри XXI буда, бар пояи эҳтироми манфиатҳои миллӣ, эътимоди сиёсӣ ва рушди муштарак бунёд меёбад. Зеро дар асре, ки инсоният ҳамзамон бо пешрафтҳои бесобиқаи технологӣ аз буҳронҳои ҷангӣ, ихтилофҳои геополитикӣ, ифротгароӣ ва буҳронҳои маънавӣ ранҷ мебарад, ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз ҳар вақти дигар ба фарҳанги нави ҳамзистӣ ва эътимод ниёз дорад. Ва бешакк танҳо давлатҳое ояндаи устувор хоҳанд дошт, ки тавонанд дӯстиро ба сармояи стратегӣ ва ҳамкориро ба муҳаррики рушди миллӣ табдил диҳанд.

Ҳамакнун ҷомеаи ҷаҳонӣ низ тадриҷан дарк мекунад, ки модели сиёсати бар пояи фишор, рақобати харобиовар ва тафаккури “қудрат болотар аз ҳақиқат” дигар наметавонад инсониятро ба суботу амнияти пойдор расонад. Баръакс, ояндаи башарият аз он вобаста хоҳад буд, ки давлатҳо то кадом андоза метавонанд манфиатҳои худро бо арзишҳои умумиинсонӣ, муколамаи тамаддунҳо ва эҳтироми мутақобил ҳамоҳанг созанд.

Аз ҳамин нигоҳ, формулаи «Дӯстӣ - ҳамеша ва душманӣ - ҳеҷ гоҳ» ба ҳайси як ҷаҳонбинии нави сиёсие, ки инсонро болотар аз низоъ, ҳамкориро болотар аз муқовимат ва сулҳро болотар аз рақобатҳои вайронгар қарор медиҳад, қодир аст, ба яке аз паёмҳои муҳими ахлоқиву сиёсии замони муосир табдил ёбад.

Маҳз ҳамин гуна паёмҳову формулаҳо дар меҳвари ташаббусҳои байналмилалии Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва талошҳои пайвастаи Сарвари давлати моро дар таҳкими фарҳанги муколама маҳбубтар месозанд ва паёми ошкор мепарокананд, ки Тоҷикистон мехоҳад дар ҷаҳони пуртазоди имрӯз на омили ихтилоф, балки пули эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ бошад.

 

Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ