Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардаву дар ҳама нуқоти ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад, экстремизм ва терроризм мебошад. Ин зуҳуррот боиси ташвишҳои ҳамаҷонибаи давлатҳо ва созмону ташкилотҳои байналхалқӣ гардидааст. Ҳарчанд экстремизм ва терроризм таърихи тулонии мавҷудияти худро дошта бошанд ҳам, аммо дар замони мо шакли навро ба худ гирифта, моҳияти он симои муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст. Имрӯзу оянда низ экстремизм ва терроризм чун хавфноктарин таҳдид барои инсоният боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд карда истодааст, тарзу усулҳои нави паҳншавиро ба худ касб мекунад.

Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавзӯи асосӣ ба пайвастани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2021 қайд намуданд, ки «Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем»

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2022 иброз намуданд, ки “Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.

Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.

Дар робита ба ин, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад”.

Тавре огаҳӣ дорем, санаи 28 декабри соли 2023 сокинони мамлакат паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо руҳияи баланди ифтихор аз Пешвои миллати худ, гарму самимӣ истиқбол намуданд.

Вобаста ба ин ҳаминро бояд қайд кард, ки душманони амният ва суботу оромӣ, дастаҷамъона бо тамоми қувва кушиш доранд, ки дар байни миллатҳо кинаю адовати нажодӣ ва диниро барангезанд.

Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Барои он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва ба ҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне, ки инсоният ба ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад.

Имрӯз Тоҷикистон аз воқеаҳои ҷаҳони ислом бетараф буда наметавонад, зеро даргириҳои Шарқи Наздик ба ватани мо низ тахдид дорад. Душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои ороми кишари моро халалдор намоянд, аз хориҷа истода тақдири тоҷиконро ҳал намоянд, тариқи телевизонҳои моҳворавӣ ва шабакаҳои интернетӣ ба халқи азизи мо таҳдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва рушди бемайлон равона шудааст, маврида интиқом қарор медиҳанд ва мехоҳанд, ки ба воситаи қувваҳои дохилӣ, аз ҷумла баъзе ҳизбу ҳаракатҳои “исломӣ”, инчунин баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллати худ барангезанд.

Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигаҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорист. Мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон посбони сулҳу суботи кишвар мебошем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрузҳо ҳамчун субъекти муносибатҳои байналмилалӣ, дар қатори кишварҳои дигари ҷаҳон ва минтақа таҳдиду хатарҳои муосирро, аз ҷумла, экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ эҳсос намуда ва бо мақсади муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб дар ҳамгироӣ бо созмонҳои бонуфузи амниятии байналмилалӣ ва минтақавӣ чораҷӯӣ менамояд.

Бояд хотирнишон намуд, ки зимни ироаи Паёми хеш супориш доданд, ки «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тољикистон барои солҳои 2021-2025»-ро таҳия ва пешниҳод намоянд.

Вобаста ба ин, бо фармони Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Нақшаи амал оид ба амалисозии стратегияи муқовимат ба экстремизм ва Терроризм дар ҷумҳурии тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул ва тасдиқ гардид.

Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст.

Низом САФАРОВ,

устоди ДДМИТ