Мушкилоти савдои одамон дар солҳои охир бинобар тағйирёбии шароит ва буҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ дар саросари ҷаҳон ва минтақа ташвишовар гардидааст.

Дар ҷомеаи муосир озодии инсон яке аз арзишҳои олӣ дониста шуда таъмини дахлнопазирии шахс вазифаи асосии давлат ба ҳисоб меравад. Савдои одамон дар саросари ҷаҳон ҳамчун падидаи номатлуб дониста шуда зарурат ба муқовимат намудани ин намуди ҷинояткории фаромиллиро талаб менамояд.

Хусусияти фаромиллӣ ва муташаккили ҷинояти мазкур фаъолияти ҳамбаста, фарогир ва ҳамаҷониба бо ҳам мувофиқашудаи давлатҳоро тақозо менамояд.

Савдои одамон дар асри XXI таҳдиди ҷиддӣ боқӣ мемонад ва шумораи қурбониён сол аз сол афзоиш меёбад. Тибқи иттилои СММ, дар саросари ҷаҳон беш аз 40 миллион нафар қурбонии савдои одамон шудаанд. Дар соли 2022-2024 шумораи қурбониёни савдои одамон чунин ба назар мерасад занон (39%), кӯдакон (38%) (аз шумораи умумии кӯдакон 57,89%-ро духтарон ташкил медиҳад), 23% -и боқимонда мардон ташкил медиҳанд. Дар аксари мавридҳо, занон ва духтарон барои истисмори ҷинсӣ қурбони савдои одамон мешаванд. Қайд карда мешавад, ки шумораи воқеии қурбониёни савдои одамон метавонад зиёд бошад. Шумораи умумии қурбониёни ошкоршуда дар солҳои 2022-2024 тақрибан 74,800 нафарро ташкил додааст. Мутобиқи маълумотҳо ва тадқиқотҳои гуногун гуруҳҳои нисбатан осебпазир ба савдои одамон онҳое ба шумор мераванд, ки аз ҷиҳати таъминоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мушкилӣ мекашанд. Ба чунин гуруҳҳо одатан шахсони осебпазир, занон - духтарон, кӯдакон, гурезаҳо, муҳоҷирон ва шахсони бешаҳрвандӣ, шахсоне, ки дар камбизоатӣ умр ба сар мебаранд, шахсоне, ки ба таҳсилот дастрасӣ надоранд ва онҳое, ки бесарпаноҳ мондаанд, дохил мешаванд.

 Мувофиқи муқарароти моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон”  сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон бо назардошти вазъияти дохилӣ ва берунии муқовимат ба савдои одамон, ҳолати воқеӣ, тамоюл ва пешгӯии афзоиши ин намуди ҷинояткорӣ, инчунин ҳолати расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ, савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни ҷиноятҳои зикргардида равона шудаанд, ташаккул меёбад амали  карда мешавад.

Дар ҷаҳони муосир савдои одамон дар баробари терроризму эстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухадир мушкилоти ҷиддӣ боқӣ мемонад. 

Давлат бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии қурбониёни савдои одамон, хусусан занҳо ва кӯдакон чораҳои зарурӣ андешида, ба расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ва таъмини бехатарии онҳо, аз ҷумла тавассути таҳияи барномаҳои давлатии мақсаднок дар ин самт ва муттаҳид намудани фаъолияти субъектҳои системаи давлатии муқовимат ба савдои одамон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ диққати махсус медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу дунявӣ дар радифи давлатҳои мутараққии ҷаҳон ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои дастгирӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд намегузорад гуруҳи муташакилли ҷинояткор ва шахсони алоҳида ҳадафҳои нопоки худро дар ин самт амалӣ намонд.  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза алайҳи ин зуҳуроти хавфноки иҷтимоии трансмиллӣ, ки дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон эътироф гардидааст санадҳои муҳимро қабул намудааст.

Аз ҷумла:

  1. Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон” (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №7, қ. 1, мод. 393 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.01.2019 с., № 1563);
  3. Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2025-2027 амал мекунад.

Тибқи муқарароти Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 130 (1) Савдои одамон (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1554) “Хариду фурӯши одам ва ё нисбат ба ӯ анҷом додани дигар аҳдҳои ғайриқонунӣ, ҳамчунин, новобаста аз розигии қурбонӣ, бо мақсади истисмори ӯ ё бо дигар тарз гирифтани фоидаи ғайриқонунӣ пешниҳод намудан, ҷалб кардан, интиқол, пинҳон кардан, супоридан, ё гирифтани одам бо истифодаи маҷбуркунӣ, рабудан, фиреб, сӯиистифода намудани гунаҳгор аз вазъи хизматии худ, сӯиистифода аз боварӣ ё ҳолати оҷизии қурбонии савдои одамон ва ё ришвадиҳӣ ба шахсе, ки қурбонӣ таҳти вобастагии ӯ қарор дорад” фаҳмида мешавад.

Аз гуфтаҳои боло ба хулосае омадан мумкин аст, ки барои беҳтар намудани ҳимоя ва кафолатҳо дар муқовимат ва ҳифзи қурбониёни савдои одамон, ки субъектҳои давлатӣ, ки бевосита муқовимат ба савдои одамонро амалӣ менамоянд, дар доираи ваколатҳои худ дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон, таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти мазкур, таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои мақсадноки давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон иштирок менамоянд  ҳама муборизаи беамон барем зеро ин зуҳуроти номатлуб дар миқёси байналмиллалӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва                 поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон эътироф шудааст, ки метавонад ҳама гуна андешаву идеология ба ҳаёти ҳар фард таъсири манфӣ расонад, танҳо бо такя ба имконоту иқтидори давлат ва иродаи мустаҳками мардум якҷоя шуда, метавон пеши ҷараёнҳои номатлуб ва амалӣ шудани нақшаҳои нопоки гурӯҳҳои ҷиноятпешаро гирифт.

 

Беҳрӯз ЮНУСОВ,

устоди кафедраи ҳуқуқи

иқтисодӣ ва молиявии ДДМИТ