Нахустин маҳаку мояи ифтихори инсони навруста падар ва модараш ба ҳисоб рафта, тамоми рафтору муносибат, суханронӣ ва амалҳояшро тақлид ба онҳо мекунад.

Фарзанд аввалин қадамҳояшро ба тақлиди роҳравии падару модар, аввалин алфозашро ба гунаи суханронии волидайн оғоз менамояд. Дар зинаҳон баъдии ҳаёт оила, яъне падару модар ва дигар фарзандони онҳо бо тамоми хубиҳо ва бадиҳояш ба орият, шараф ва нангу номуси ҳамагон табдил мешавад.

Падару модар бояд шукргузор бошанд, ки бо чунин хислату сифатҳои неки инсонӣ фарзанд ба камол мерасаду дар ӯ эҳсоси ҳақиқату адолатпарастӣ, ҷасурию далерӣ, ҳимояи шаъну шарафи оила, аъзои он ва маҳз аз ҳамин нигоҳ, хешу ақрабо, мулку диёр, халқу Ватан ва ниҳоят, ҳисси бисёр ҳам зебои масъулияти шаҳрвандӣ, тобеият ба сарзамини аҷдодӣ ва ғайра пайдо шудааст.

Тазаккур бояд дод, ки тарбияи шаҳрвандии фарзандон ҳанӯз аз синни кӯдакию наврасӣ оғоз меёбад ва он ба тарбияи ватанхоҳию меҳнатпарастӣ ҳамеша тавъам аст.

Дар хазинаи шеъру адаби мо он қадар панду андарзҳое дар бобати гиромидошти мулку диёр ғун шудааст, ки ба шумор намеғунҷад. Падару модарони моро зарур аст, ки абётеро аз шуарои шарифи гузаштаю имрӯза аз худ намуда, ба фарзандон дар мавридаш гӯянд ва шарҳу тавзеҳ низ диҳанд.

Ҳар инсон дар он мазраъае чашм ба ҳастӣ боз карда бошад, бори аввал ҷоеро дида бошад, ҳамон ҷоро мепарастад ва дар тамоми умр барои шуҳрату шаҳомати он мулк заҳмат мекашад. Дар зеҳни насли навруста пайванду парвариш кардани ғояи шаҳрвандӣ, тарзу тариқадҳои он корест хеле ҷиддӣ ва заҳматталаб. Дар кишварҳое, ки мардумонаш якфикру якнавохтанд ин ифтихорро аз гаҳвора ба гӯр мебаранд. Ҳамин тавр бояд буд.

Ҳар шаҳрванд тибқи қонунҳои амалкунандаи давлаташ вазифа, масъулият, уҳдадорӣ ва пуштибонӣ дорад. Ана аз ҳамин нуктаи назар, нақши тарбияи шаҳрвандӣ дар бедор намудани ҳисси масъулиятшиносии инсон бағоят калон аст.

Тарбияи шаҳрвандӣ, яъне бедор кардани ҳисси табаа ва вориси ҳақиқии кишваре будан бо тамоми унсурҳо ва падидаҳояш вазифаи ҷонии аввал падару модар ва баъдан мактабу ҷомеа аст.

Олимони соҳаи педагогика ва психология тарбияи оилавиро “машъали тарбия” унвон додаанд. Таваҷҷуҳ ба китобу донишандӯзӣ, маърифату ҳунаромӯзӣ, инсондӯстӣ, худшиносии фардию миллӣ ва умуман, ба роҳи рост ҳидоят намудани фарзандон бар дӯши оила бор аст.

Месазад, ки имрӯз калонсол рӯ ба ҷавонон биёранд, ба таълиму тарбияи онон камар банданд, бо лафзи ширину таъсирбахш сухан гуфта, раҳнамоии самимонаю оқилонаи онҳо гарданд.

Имрӯз ба мушоҳида мерасад, ки баъзе ҷавонон бо таъсири омилҳои бегона гоҳҳо аз доираи адаб берун рафтаву аз вижагиҳои хоси тарбияи миллӣ дар канор мондаанд, ниёз ба насиҳату тарбия доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол тамоми шароиту имкониятҳои мусоидро барои ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ фароҳам овардааст ва аз худи ҳар як шахс барои иҷрои ягон кору амали неке танҳо масъулият лозим меояд.

Чун адабиёти ҳикматбори мутафаккирони шуҳратёрро соҳибем, онро метавон сармашқи кору пайкорамон намоем. Зеро бешак адабиёти оламшумули мо дар тарбия ва ташаккули шахсияти давронсоз нақши барҷаста мегузорад. Танҳо ҳамин кофист, ки падарону модарони гиромии мо сидқан бо масъулияти баланд бо мақсади боло бурдани нуфузи миллату ватани азизамон ба тарбияи фарзанд машғул шаванд.

Мусаллам аст, ки ақли офаранда, созанда ва эҷодгар касро мехӯронаду мепӯшонад ва чунин ашхоси бофазлу дониш, мутахассисони соҳибилму бомаърифат метавонанд кишварро ба сафи кишварҳои аз нигоҳи иқтисод пешрафтаи ҷаҳонӣ шомил созанд.

Барои тақвият ва таблиғи ҳисси баланди шаҳрвандӣ, ватанхоҳию худшиносии миллӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама маҷлису тантанаҳо борҳо таъкиду таманнои зиёд ба падару модарон ва насли калонсол мегӯянд, ки дар тарбияи насли ҷавон бетараф набошанд, фарзандҳоро соҳибкасбу бомаърифат ба воя расонанд.

Дарвоқеъ, ҷавононро дар руҳияи худшиносию меҳанпарастӣ, арҷгузорӣ, самимияту садоқат ва меҳру муҳаббат ба ватану миллат ва ба таъриху фарҳанг ва адабиёти оламгирамон тарбия ва таълим додан қарзи инсонии ҳар як фардии солими ҷомеа аст.

Таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвиятбахши андешаи мо шуда метавонад: “Мо бояд ҳастии худ, қадру қимати миллатро хуб донем, худро бо миллат якҷо, ҳаммаром ва ҳамтақдир шуморем. Худро ҳамтақдири миллат донистан дараҷаи баланди худогоҳии инсон аст. Бе чунин дарку эҳсос шахс метавонад ба гирдоби бетафовутӣ ва беифтихорӣ ғарқ гардад. Дар ин сурат бешубҳа аз бузургтарин лаззат ва ифтихор, яъне аз ифтихору ватандорӣ (ва шаҳрвандӣ ҳам С.Н.) ва миллатдӯстӣ маҳрум мемонад”. (Эмомалӣ Раҳмонов “Инсон ва андешаи ҷаҳонсози ӯ”. (рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз 01.09.2005 с.).

Тарбияи шаҳрвандии насли ҷавон кори содае ҳам нест, ки он танҳо ба души мактабу муаллим вогузошта шавад. Воқеан, муассисаи таълимӣ ва омӯзгор вазифадоранд, ки дар ҳар дарс хоҳ таъриху адабиёт, хоҳ фанҳои ҷомеашиносию дақиқ, фанҳои табиатшиносӣ, иқтисодӣ ва ғайра вобаста ба мавзуи дарс бо ҳисси ифтихор аз дастовардҳои миллию ватанӣ, аз забон, мулку диёр, расму анъаноти таърихии мардум, аз корнамоиҳои пешгузаштагони шарифи мо ҳарф зананд. Аммо, ҳеҷ чиз ҷойи намунаи ибрат будани падару модар ва аъзои нисбатан бузургтари оиларо дар таблиғи тарбияи шаҳрвандӣ гирифта наметавонад.

Мавриди зикр аст, ки оила, маориф ва ҷомеа аз асоситарин ниҳодҳои иҷтимоӣ дар самти ташаккулдиҳии шахсият маҳсуб меёбанд, ки ҳамкории қавии онҳо муҳим арзёбӣ мегардад.

Маҳз, мактаби олӣ, ки вазифаи омодасозии мутахассисони соҳибтахассусро бар дӯш дорад, бояд талабот ва дархости ҷомеаи навинро қонеъ кунад. Аммо, дар иҷрои ин вазифа бидуни дахолату таъсири волидон таълиму тарбияи дуруст, сатҳи баланди донишандӯзӣ ва масъулияти хештаншиносию меҳанпарастӣ, ки як ҷузъи муҳимми тарбияи шаҳрвандӣ мебошанд, таъмин намегардад.

Саъдулло НОСИРОВ,

профессори кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ