Дар ҷаҳон муосир масъалаи иттифоқ, ваҳдат ва ҳамбастагии ҷомеа аҳамияти ниҳоят бузург дорад. Пешрафти давлат, сулҳу суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва устувории ҷомеа бевосита ба сатҳи маърифати шаҳрвандон вобаста мебошад.

Худшиносӣ раванди дарк намудани шахсият, арзишҳо, масъулият ва мавқеи инсон дар ҷомеа мебошад. Ин мафҳум танҳо шинохти хусусиятҳои шахсиро дар бар намегирад, балки дарки робитаи инсон бо ҷомеа, давлат ва миллатро фарогир аст. Инсоне, ки ҳадафҳои худро дуруст муайян мекунад ва амалҳои худро бо меъёрҳои ахлоқӣ ва ҷомеавӣ мутобиқ месозад, дорои худшиносии баланд аст.

Шахсе, ки худшиносии худрро дарк мекунад, қодир аст оқибати рафтору кирдори худро пешбинӣ намояд. Маҳз чунин инсон метавонад дар равандҳои иҷтимоӣ фаъолона иштирок намуда, ба таҳкими иттифоқ саҳм гузорад.

Иттифоқ маънои ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ ва ҳамбастагии аъзои ҷомеаро дорад. Он бар асоси эҳтироми мутақобила, баробарҳуқуқӣ ва манфиатҳои умумӣ ташаккул меёбад. Дар ҷомеае, ки иттифоқ вуҷуд дорад, ихтилоф бо роҳи муколама ҳал мегарданд ва манфиати умум аз манфиати шахсӣ болотар гузошта мешавад.

Маълум аст, ки иттифоқ танҳо дар ҳолате пойдор мегардад, ки ҳар як узви ҷомеа дорои шуури баланди фаҳмиш бошад. Метавон гуфт, ки шуур маҳз тавассути худшиносӣ ташаккул меёбад ва бе худшиносӣ инсон наметавонад мавқеи худро дар ҷомеа дуруст дарк намояд ва ба қонунҳою арзишҳои ҷамъиятӣ эҳтиром гузорад.

Дар ин раванди худшиносӣ иттифоқ ба вуҷуд меояд, шахс худро мешиносад, ӯ дарк мекунад, ки зиндагии ӯ ҷудо аз ҷомеа нест. Манфиати шахсӣ бо манфиати ҷамъиятӣ пайваст мебошад. Ин ҳақиқат инсонро ба ҳамкорӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми дигарон водор месозад.

Маъмулан, маълум аст, ки шахс нисбат ба худ ва дигарон дар ҷомеа беэътино бошад, иттифоқ заиф мегардад. Баръакс, худшиносии баланд боиси таҳкими эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдат мегардад. Аз ин рӯ, худшиносӣ на танҳо сифати шахсӣ, балки омили муҳими иҷтимоӣ мебошад.

Инчунин, яке аз шаклҳои муҳими худшиносӣ худшиносии миллӣ мебошад. Худшиносии миллӣ дарки таърих, фарҳанг, забон, арзишҳо ва анъанаҳои миллатро дар бар гирифта, ҳисси ифтихор ва масъулиятро нисбат ба сарнавишти миллат тақвият медиҳад.

Маълум аст, ки худогоҳии миллӣ мардумро ба муттаҳидӣ даъват мекунад ва дар ин раванд шаҳрвандон худро як ҷузъи миллат меҳисобанд, онҳо барои ҳифзи субот, амният ва рушди давлат талош менамоянд. Аз ин рӯ, худшиносии миллӣ пояи иттифоқи миллӣ ва ваҳдати ҷомеа ба шумор меравад.

Тарбияи худшиносӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини низоми маориф мебошад. Мактаб, оила ва ҷомеа бояд дар якҷоягӣ барои ташаккули худшиносии шахсият мусоидат намоянд. Омӯзиши таърих, адабиёт, фарҳанг ва ахлоқ ба боло рафтани худшиносӣ ва шуури шаҳрвандӣ мусоидат мекунад.

Бо ҳамин тарз метавон бо итминон гуфт, ки андешаи «иттифоқро ибтидояш худшиносист» ҳақиқати илмӣ ва иҷтимоӣ дорад. Иттифоқ бидуни худшиносӣ имконнопазир аст. Худшиносӣ инсонро ба масъулият, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ водор месозад. Маҳз тавассути худшиносии шахсӣ ва миллӣ ҷомеа метавонад ба ваҳдат, субот ва рушди устувор ноил гардад. Аз ин рӯ, рушди худшиносӣ бояд яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар як давлат бошад.

 

Сайёра АХМЕДОВА,

ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ