РУШДИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТ ДАР ТАЪМИНИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИЁТ
(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 16 декабри соли 2025)
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати шадиди иқтисодӣ рушди устувори иқтисоди миллӣ яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд, соҳаи нақлиёт ҳамчун яке аз самтҳои асосии иқтисодиёт нақши муҳим мебозад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ пайваста ба масъалаи рушди инфрасохтори нақлиёт диққати махсус медиҳанд ва онро ҳамчун омили муҳими пешрафти иқтисодӣ, ҳамгироии минтақавӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ арзёбӣ менамоянд.
Инфрасохтори нақлиётӣ заминаи асосии фаъолияти соҳаҳои гуногуни иқтисод - саноат, кишоварзӣ, савдо, сайёҳӣ ва хизматрасонӣ мебошад. Бе роҳҳои муосир, нақлиёти боэътимод ва шабакаи самараноки логистикӣ рушди устувори иқтисодӣ ғайриимкон аст.
Инфрасохтори нақлиёт маҷмуи роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан, нақлиёти ҳавоӣ, пулҳо, нақбҳо, терминалҳо ва дигар иншооти марбут ба ҳаракати молу мусофиронро дар бар мегирад. Ин соҳа на танҳо воситаи интиқол, балки омили фаъолсозандаи муносибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Дар Паёми Пешвои миллат таъкид мешавад, ки рушди инфрасохтори нақлиёт барои кишварҳои кӯҳистон, аз ҷумла Тоҷикистон аҳамияти хоса дорад. Бо назардошти мавқеи ҷуғрофии ҷумҳурӣ ва шароити табиӣ, бунёди роҳҳои замонавӣ ва бартараф намудани бунбасти коммуникатсионӣ яке аз дастовардҳои муҳимми даврони истиқлолият ба шумор меравад.
Рушди устувори иқтисодӣ маънои рушди пайваста, мутавозин ва дарозмуддатро дорад, ки ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад. Инфрасохтори нақлиёт дар ин раванд нақши ҳалкунанда дорад. Аввалан, нақлиёт гардиши молро таъмин менамояд. Бо беҳтар шудани роҳҳо хароҷоти интиқол коҳиш ёфта, маҳсулот ба бозорҳо зудтар ва бо арзиши камтар мерасад. Ин омил рақобатпазирии иқтисоди миллиро баланд мебардорад.
Сониян, инфрасохтори нақлиёт барои рушди минтақаҳо аҳамияти калон дорад. Дар Паёми Пешвои миллат зикр мегардад, ки бо сохтмони роҳҳо ва пулҳо минтақаҳои дурдаст ба марказҳои иқтисодӣ пайваст гардида, барои рушди соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ замина фароҳам меояд. Инчунин, рушди нақлиёт ба ҷалби сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ мусоидат мекунад. Сармоягузорон, пеш аз ҳама, ба мавҷудияти инфрасохтори боэътимод аҳамият медиҳанд. Аз ин лиҳоз, сиёсати давлатии Тоҷикистон дар самти рушди роҳҳо ва коммуникатсияҳо боиси баланд гардидани эътимоди сармоягузорон мегардад.
Дар паёмҳои солҳои охир Пешвои миллат рушди соҳаи нақлиётро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян кардаанд. Аз ҷумла, ба сохтмон ва таҷдиди роҳҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, инчунин, ба рушди нақлиёти транзитӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, аз қабили сохтмони нақбҳо, пулҳои муосир ва роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, Тоҷикистонро ба як кишвари транзитӣ табдил медиҳанд. Ин раванд ба афзоиши даромади давлатӣ ва таҳкими мавқеи иқтисодии кишвар дар минтақа мусоидат менамояд. Ҳамзамон, дар паёмҳо масъалаи истифодаи технологияҳои муосир ва рақамисозии соҳаи нақлиёт низ матраҳ мегардад. Ин иқдомҳо барои баланд бардоштани самаранокӣ, шаффофият ва бехатарии ҳаракат аҳамияти калон доранд.
Рушди инфрасохтори нақлиёт на танҳо нишондиҳандаҳои иқтисодиро беҳтар менамояд, балки ба зиндагии ҳаррӯзаи аҳолӣ таъсири мусбат мерасонад. Роҳҳои хуб дастрасӣ ба муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва бозорҳоро осон мекунанд. Дар минтақаҳои кӯҳистон бунёди роҳҳо ва нақбҳо ҳаракати солим ва бехатарро таъмин намуда, вақти сафарро коҳиш медиҳад. Ин раванд ба ҳамгироии иҷтимоӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ низ мусоидат мекунад, ки дар Паёми Пешвои миллат ҳамчун арзиши олӣ таъкид мегардад. Дар маҷмуъ, рушди инфрасохтори нақлиёт яке аз сутунҳои асосии рушди устувори иқтисоди миллӣ ба шумор меравад.
Паёмҳои Пешвои миллат нишон медиҳанд, ки сиёсати давлатӣ дар ин самт пайваста, ҳадафманд ва дарозмуддат мебошад. Бо рушди роҳҳо, нақбҳо ва дигар иншооти нақлиётӣ Тоҷикистон на танҳо мушкилоти дохилии худро ҳал мекунад, балки ба як кишвари дорои нақши муҳими транзитӣ дар минтақа табдил меёбад. Ин раванд ба рушди иқтисодӣ, беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими истиқлоли миллӣ мусоидат менамояд.
Бахтовар ДАВЛАТЗОДА,
омӯзгори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng