«Эҳё ва таҷлили ҷашни Сада ҳамчун рамзи истиқболи фасли нуру гармӣ, некиву саховатмандӣ, сарҷамъӣ ва ваҳдати кулли шаҳрвандон дар густариши корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамиву пешрафти Тоҷикистони азизамон нақши муассир гузошта, дар оғози сол чун паёмовари Наврӯзи оламафрӯз ба зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон муждаи хуррамиву хушбахтӣ меоварад».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 6-уми декабри соли 2024 дар Иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид.

 Шоҳи Ҳушанг на танҳо рози оташфурўзиро дарёфт, балки ҷашни гиромидошти оташ - Садаро низ бунёд ниҳод. Кашфи оташафрӯзӣ барои инсоният қадами устуворе дар зиндагӣ ва оғози фаъолиятҳои истеҳсолӣ ба шумор меравад. Тибқи асотиру ривоёт низ Ҳушанг оғозкунандаи чандин пешаву ҳунарҳо мебошад. Пас аз истифодаи васеи оташ дар рӯзгор ҳунарҳои оҳангарӣ, мисгарӣ ва чанде дигар махсусан, сохтани олоти кор, силоҳи шикор ва баъдан силоҳи ҷангӣ, зарфҳои гуногуни филизӣ ва амсоли инҳо рушд кардаанд.

Таҷлили ҷашни Сада дар замони шоҳаншоҳии Сосониёну Сомониён ба авҷи аъло расида буд. Баъдан он дар даврони салтанати Ғазнавиён, махсусан дар замони ҳукумати Султон Мањмуди Ғазнавӣ рӯ ба инқироз овардааст. Пас аз ҳамлаи муғул ва монеъшуданҳои шоҳони турктабору мутаасибони дин Сада, ки дар меҳвари он оташ қарор дошт, расман аз ҷашнгирӣ боз монд. Ҳарчанд ки дар байни тоҷикон, аз асрҳои миёна то ба рӯзгори мо ҷашни мазкур бо номи Сада ёд намешуд, лекин он дар байни мардуми зањматкаш дар шаклҳои гуногун то дергоҳ маъмул буданд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ ба миллати тоҷик бо ибтикор ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки ба аслу гавҳари фарҳангии ниёгони хеш бипайвандад ва як силсила ҷашну маросим, намунаҳои олии санъату ҳунар ва арзишҳои дигари анъанавиро эҳёю такмил гардонад. Ҷашни Сада ҳам акнун дар қатори Наврӯзу Меҳргон бо шукӯҳу ифтихори тамом дар саросари кишвар баргузор мегардад ва он мояи асосии таблиғу таҳрики кишоварзону боғдорон ва табақаҳои дигари заҳматкаш ба ободонию ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ мебошад.

Дар назми форсӣ-тоҷикӣ низ дар байту пораҳои ќасидаву мусамматҳо ҷашни Сада борҳо тасвиру тавсиф шудааст, ки он ба Ҳушанг (Фирдавсӣ), Ҷамшед, баъзан Фаридун (Унсурӣ) нисбат дода шудааст ва онро ойини Каюмарсу Исфандёр низ номидаанд (Манучеҳрӣ). Ба қавли Унсурӣ:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.

Ҳамин тариқ, пайдоиши ҷашни Садаро ба шоҳони асотирӣ - Ҳушангу Фаридун ва ҳатто ба шоҳи таърихӣ - Ардашери Бобакон низ нисбат додаанд. Сабаби баргузорӣ ва таҷлили нахустинро дар сарчашмаҳо ба якчанд ҳодисаҳо нисбат додаанд. Чунончӣ:

  1. Ҳушанг дар ин рӯз афрӯхтани оташро кашф кард.
  2. Дар ин рӯз Ҳушанги пешдодӣ тоҷи оламро ба даст овард.
  3. Дар ин рӯз ҷаҳаннам аз зимистон ба дунё берун меояд, яъне шиддати зимистон мегузарад.
  4. Сабаби номаш чунон аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб.
  5. Гуфтаанд, ки андар ин рӯз аз фарзандони падари нахустин сад танӣ тамом шуданд. Бархе гӯянд, сабаб ин аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс - падари башар дуруст сад тан шуданд ва якеро аз байни худ бар ҳама подшоҳ гардонидаанд.
  6. Андар ин рӯз сад мардум тамом шуда буд аз насли Мешӣ ва Мешона ва эшон ду мардуми нахустин буванд, чунонки ин мардумони озодкардаи Армойил сад мардум шуда буданд ва ҳама андар кӯҳи Дамованд пинҳон буданд.
  7. Мардумони озодшуда сад оташ бияфрӯхтанд, чунонки ҳамаро Афридун бидид.
  8. Сада чашни анҷоми чиллаи калон ва пастшавии шиддати зимистон мебошад.

То кунун тоҷикон бо номҳои Хирпичор дар Бадахшон, маросими Ҳут дар водии Рашт, сайри мазорҳо дар зимистон ва маросими чоршанбеи охирон дар баъзеи шаҳру навоҳии тоҷикнишини Осиёи Миёна ойинҳои хоссе доранд, ки бозмондаҳои ҷашни Сада мебошанд.

Мувофиқи пажуҳиши олимон, дар баъзе мавзеъҳои кўҳистони Бадахшон Шогунбаҳор ва ё Наврӯзро дар се давр ҷашн мегирифтанд. Аз рӯи нақли куҳансолон, маросими аввалро, ки ибтидои ҷашни Шогунбаҳор ҳисоб меёфт, Хирпачор меноманд. Маънои хирпачор (аз хир/хӯр офтоб, пи пешоянд ва чор/чорк - мард) яъне “Офтоб дар мард” буда, он вобаста ба ҳисоби рӯзҳои сол аз рӯи аъзои тани мард, яъне аз нохуни по то фарқи сар ва баръакс шуморида мешавад.

Номи ин ойинро дар Язгулом “Граваш”, дар Шуғнон “Хӣр- пи - чор”, дар Рӯшон - “Хур па пӯдъ” “Хур дар мард” дар Бартанг “Хӯр па чор” ва “Хӯр пи чор” меноманд.

Хулоса, он чӣ дар сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ зикр гаштаанд, бештар хусусияти ривоятӣ ва оммиёна доранд, зеро муаллифон мазмуни нақлҳоро ё аз асарҳои пешиниён гирифтаанд ва ё ба гуфтори мардум такя кардаанд. Дар бунёдгузорӣ ва таҷлили Сада он чӣ муҳим аст, кашфи афрӯхтани оташ, арҷгузорӣ ба он ва ҷашн гирифтани он мебошад. Аммо заминаи дақиқтарини пайдоиши ҷашни Сада ба тақвиму гоҳшумориҳои бостонӣ, аз он ҷумла чиллашуморӣ асос ёфтааст.

А. САЪДОНОВ,

омӯзгори кафедраи иқтисоди рақамӣ ва логистика