Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ коррупсия ҳамчун яке аз монеаҳои асосии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ эътироф мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ муқовимат бо ин амали номатлубро на танҳо ҳамчун вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ мебинад. Ин мақола ҷанбаҳои сохторӣ ва таъсири чораҳои антикоррупсиониро ба суботи иқтисодии кишвар баррасӣ мекунад.

Муқовимат бо коррупсия дар Тоҷикистон дар асоси принсипи "пешгирии фаъол" сохта шудааст. Бархӯрди давлат ба ин масъала аз вокуниши одӣ ба ҷиноятҳо ба самти сохтани низоми устувори пешгирикунанда гузаштааст. Бояд қайд намоем, ки таъсиси мақомоти тахассусӣ имкон дод, ки функсияҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ дар як марказ ҷамъ карда шаванд. Ин иқдом самаранокии ошкорсозии ҳуқуқвайронкуниҳоро дар бахши хароҷоти буҷетӣ ба таври назаррас афзоиш дод. Қабули кодексҳои одоби хизматчиёни давлатӣ дар соҳаҳои мухталиф ҷузъи муҳими фарҳанги корпоративии дастгоҳи давлатӣ гардид, ки ҳадафи он коҳиш додани омилҳои субъективӣ дар қабули қарорҳо мебошад.

Яке аз роҳҳои самарабахши муқовимат бо коррупсия танг кардани доираи муомилаҳои нақдӣ ва алоқаҳои мустақими "мансабдор-шаҳрванд" мебошад. Тоҷикистон дар ин самт ба комёбиҳои зерин ноил гардид:

Автоматикунонии низоми андозсупорӣ: Ҷорӣ намудани эъломияҳои электронӣ имкони муомилаҳои ғайрирасмиро миёни нозирони андоз ва соҳибкорон ба ҳадди ақал расонид.

Низоми пардохтҳои ғайринақдӣ: Фармони Президенти кишвар дар бораи гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ (аз 1 августи соли 2023) инқилоби маъмурӣ дар ин соҳа гардид. Ин иқдом шаффофияти гардиши маблағҳои буҷетиро таъмин намуда, омили инсониро аз раванди ҷамъоварии маблағҳо дур кард.

Муқовимати муваффақ бе ташхиси дақиқи соҳаҳои осебпазир имконнопазир аст. Дар Тоҷикистон методологияи махсуси баҳодиҳии хавфҳои коррупсионӣ ҷорӣ шудааст, ки соҳаҳои зеринро фаро мегирад:

Гузариш ба тендерҳои электронӣ имкон медиҳад, ки раванди интихоби пудратчиён зери назорати доимии ҷамъиятӣ ва давлатӣ бошад.

Таҳкими назорат дар соҳаи истифодаи замин ва канданиҳои фоиданок яке аз афзалиятҳои стратегӣ барои ҳифзи сарватҳои миллӣ мебошад.

Коршиносон бар он ақидаанд, ки муқовимат бо коррупсия бидуни дастгирии фаъоли ҷомеа наметавонад комил ва натиҷабахш бошад, аз ин рӯ, дар ин ҷода ду самти асосии стратегӣ амалӣ мегардад. Аз як тараф, таваҷҷуҳи махсус ба тарбияи зиддикоррупсионӣ зоҳир шуда, мавзуъҳои марбута ба барномаҳои таълимии муассисаҳои миёна ва олӣ бо ҳадафи ташаккули насли нави дорои тафаккури поккор ворид карда мешаванд. Аз ҷониби дигар, ҳамкории зич бо воситаҳои ахбори омма ва таъмини ошкорбаёнӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла инъикоси парвандаҳои коррупсионӣ, нақши муҳими профилактикӣ бозида, ҳисси масъулиятро дар байни хизматчиёни давлатӣ ба таври назаррас боло мебарад.

Дар доираи «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия барои давраи то соли 2030» Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф дорад, ки тавассути амалӣ намудани як қатор ислоҳоти сохторӣ нишондиҳандаҳои худро дар рейтингҳои байналмилалии шаффофият ба таври назаррас беҳтар намояд. Самтҳои афзалиятноки ин раванд дар оянда аз таҳкими минбаъдаи истиқлоли мақомоти судӣ, такмили механизмҳои декларатсиякунонии даромад ва молу мулки хизматчиёни давлатӣ, инчунин тавсеаи иштироки созмонҳои ҷамъиятӣ дар раванди экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иборатанд, ки дар маҷмуъ, барои таъмини назорати ҷамъиятӣ ва волоияти қонун заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як раванди бисёрҷабҳа буда, ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ нигаронида шудааст. Муваффақияти ин сиёсат на танҳо дар шумораи ҷиноятҳои ошкоршуда, балки дар сатҳи боварии шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ ва ҷолибияти иқтисоди кишвар барои сармоягузорони дохиливу хориҷӣ инъикос меёбад. Танҳо тавассути омезиши технологияҳои муосир, иродаи сиёсӣ ва фаъолнокии ҷомеа метавон ба ҳадафҳои олии стратегӣ ноил гашт.

 

АКРАМЗОДА Малика Акбар,

омӯзгори ДДМИТ