Тарбияи маънавию ахлоқӣ яке аз самтҳои муҳимтарини рушди ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад. Ин раванд бо ҳамкории мақсадноки омӯзгорон ва шогирдон амалӣ шуда, ба ташаккули шахсияти комил, мутавозин ва дорои ҷаҳонбинии солим равона карда мешавад. Маҳз тавассути тарбияи арзишҳои маънавӣ, ахлоқӣ ва суннатҳои миллӣ инсон метавонад мавқеи худро дар ҷомеа дуруст муайян намояд.

Дар шароити ҷаҳони имрӯза инсон, махсусан ҷавонон дар муҳити пуртаъсир қарор доранд. Васоити ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар манбаъҳои иттилоотӣ ҳар рӯз ба тафаккур ва эҳсосоти онҳо таъсир мерасонанд. Ин таъсирҳо метавонанд ҳам мусбат ва ҳам манфӣ бошанд, аммо набудани пояи устувори маънавию ахлоқӣ метавонад ҷавононро ба роҳи нодуруст ҳидоят намояд.

Мутаассифона, имрӯз дар ҷомеа тамоюли болоравии арзишҳои моддӣ нисбат ба арзишҳои маънавӣ бештар ба назар мерасад. Дар натиҷа, мафҳумҳои муҳим, аз қабили меҳрубонӣ, ҳамдардӣ, саховатмандӣ, адолат ва масъулияти шаҳрвандӣ дар зеҳни баъзе ҷавонон маънои аслии худро гум мекунанд. Ин раванд метавонад боиси афзоиши таҷовузкорӣ, бераҳмӣ ва ҳатто ҷинояткорӣ гардад.

Хатарноктар аз ҳама он аст, ки баъзе намояндагони насли ҷавон тадриҷан аз тарбияи маънавӣ дур мешаванд. Дар ҳоле ки маҳз маънавият пояи асосии камолоти шахсият мебошад. Маънавият дар худшиносии инсон, дар андеша, гуфтор ва рафтори ӯ таҷассум меёбад ва сатҳи фарҳангии ӯро муайян мекунад.

Тарбияи маънавӣ рушди ахлоқии шахсияти инсон буда, тавассути санъат - мусиқӣ, театр, рассомӣ, меъморӣ ва дигар шаклҳои эҷодӣ парвариш меёбад. Ин раванд ба ғанӣ гардидани ҷаҳони ботинии инсон ва ташаккули зебоипарастӣ мусоидат мекунад.

Ахлоқ маҷмуи сифатҳои ботинӣ ва маънавиест, ки рафтори инсонро танзим менамояд. Он меъёрҳо ва қоидаҳои рафторро дар бар гирифта, шахсро дар муносибат бо дигарон ва ҷомеа роҳнамоӣ мекунад. Тарбияи ахлоқӣ бошад, равандест ҳадафманд, ки ба ташаккули шуури ахлоқӣ, рушди эҳсосоти ахлоқӣ ва парвариши одату малакаҳои рафтори дуруст нигаронида шудааст.

Яке аз муҳимтарин вазифаҳои тарбияи ахлоқӣ бедор намудани муҳаббат ба Ватан мебошад. Ин эҳсос дар дӯст доштани халқ, забон ва табиати худ, дар эҳтироми таърих ва пос доштани хотираи қаҳрамононе, ки барои озодӣ ва саодати мардум ҷоннисорӣ кардаанд, зоҳир мегардад. Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва андеша дар бораи ояндаи Ватан низ ҷузъи муҳими ин муҳаббат аст.

Дар ҷомеаи муосир рисолати омӯзгор ин аст, ки шогирдони худро дар рӯҳияи ростқавлӣ, меҳрубонӣ ва инсондӯстӣ тарбия намояд, дар онҳо ҳисси масъулият, дӯстӣ ва омодагӣ барои кумак ба дигаронро ташаккул диҳад.

Ҳангоми ба роҳ мондани тарбияи ахлоқии наврасону ҷавонон бояд синну сол, сатҳи рушди зеҳнӣ ва шавқу рағбат ва қобилиятҳои инфиродии онҳо ба назар гирифта шаванд. Дар синни мактабӣ ахлоқи кӯдакон бо мустаҳкам шудани боварҳо ва баланд шудани фаҳмиши онҳо дар бораи неку бад рушд мекунад.

Дар тарбияи ҷавонон муҳаббат ба табиат ва муносибати ғамхорона ба он аҳамияти бузурги ахлоқӣ дорад. Зебоии табиат ба ҷавонон илҳом ва эҳсосоти мусбат мебахшад, завқ ва ҳиссиёти онҳоро инкишоф медиҳад. Ин муҳаббат аз дӯст доштани Ватан оғоз меёбад.

Меҳнати инсон бо табиат робитаи зич дорад. Тамос бо табиат ба инсон таъсири нек расонида, ӯро аз ҷиҳати ахлоқӣ поктар, нармдилтар ва меҳрубонтар мегардонад.

Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш низ воситаҳои муҳими ташаккули ахлоқи насли наврас мебошанд. Онҳо саломатӣ, ирода, истодагарӣ ва ҳисси масъулиятро тақвият дода, дар баробари ин, хислатҳои ахлоқиро низ инкишоф медиҳанд.

Адабиёт дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва ахлоқи инсон нақши муҳим мебозад. Он ҷаҳони маънавии инсонро ғанӣ гардонда, арзишҳои инсондӯстӣ ва зебоиро тарғиб мекунад. Яке аз ҳадафҳои асосии тарбияи ахлоқӣ тавассути санъат ва адабиёт парвариши қобилияти дарки фаъолонаи асарҳои бадеӣ мебошад. Адабиёти бадеӣ манбаи ғании дониш дар бораи воқеияти атроф, таърихи мардум ва ҷаҳони маънавии инсон буда, ҳамзамон манбаи лаззати эстетикӣ ва ғанигардонии ахлоқӣ мебошад.

Барои тарбияи ахлоқии хонандагон истифодаи осори адибони ҷаҳон ва тоҷик аҳамияти хоса дорад. Аз ҷумла, асарҳои шоирону нависандагони адабиёти ва шоирону нависандагони адабиёти муосир ва дигарон метавонанд дар бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва худшиносӣ саҳми арзанда гузоранд. Асарҳои назмию насрии онҳо масъалаҳои муҳими ҳаёт -маънои зиндагӣ, неку бадӣ, виҷдон ва масъулияти инсонро матраҳ месозанд. Ҳамаи ин асарҳо ба инсон имкон медиҳанд, ки ба ҳаёт бо назари амиқ нигарад, маънои арзишҳои маънавиро дарк намояд ва ба худшиносӣ рӯ оварад. Зеро тарбияи маънавию ахлоқӣ бе санъат ва адабиёт тасаввурнопазир аст.

Фарҳанги тоҷикон аз замонҳои қадим бо маънавияти баланд, ахлоқи ҳамида ва арзишҳои устувори миллӣ фарқ мекард. Ин маънавият дар урфу одат, анъанаҳо, забон, адабиёт ва тарзи зиндагии мардуми тоҷик таҷассум ёфтааст. Аммо дар шароити имрӯза, ки раванди ҷаҳонишавӣ бо суръати баланд пеш меравад, нигоҳдорӣ ва рушди ин арзишҳо ба яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеа табдил ёфтааст.

Ҷаҳонишавӣ, аз як тараф, имкониятҳои нав - дастрасӣ ба илм, технология ва фарҳангҳои гуногунро фароҳам меорад, аммо аз тарафи дигар метавонад ба заъиф гардидани ҳувияти миллӣ ва арзишҳои маънавӣ оварда расонад. Агар ҷомеа ба ин раванд бо шуурона муносибат накунад, эҳтимол дорад, ки арзишҳои аслии миллӣ, аз ҷумла одобу ахлоқ, эҳтиром ба бузургон, ҳисси масъулият ва ватандӯстӣ тадриҷан коста гарданд.

Имрӯз беш аз ҳарвақта зарурати эҳёи арзишҳои маънавӣ ва эълони ғояи миллии ватандӯстӣ ба миён омадааст. Рисолати шарафмандона дар рӯи замин хидмат ба ватан аст. Дар тӯли таърих, ҳимояи ватан барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифаи муқаддас ҳисобида мешуд. Миллати тоҷик муддати тӯлонӣ исбот кардаанд, ки эҳсосоти ватандӯстонаи ҳақиқӣ, пеш аз ҳама, аз баландии хислати ахлоқии онҳо, шаъну шарафи инсонии онҳо ва чӣ гуна изҳори муносибати онҳо бо Ватан ва Модари худ вобаста аст.

Аз ин рӯ, тақвияти тарбияи маънавию ахлоқӣ вазифаи муҳими тамоми ҷомеа - оила, мактаб ва ниҳодҳои иҷтимоӣ мебошад. Танҳо бо ин роҳ метавон насли солим, босавод ва дорои ахлоқи ҳамида тарбия намуд, ки ояндаи ҷомеаро боэътимод таъмин хоҳад кард.

 

Кимиё ШЕРАЛИЕВА,

донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси омори факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ