КОРРУПСИЯ ҲАМЧУН САДДИ РОҲИ ПЕШРАФТИ УСТУВОРИ ҶОМЕА
Дар ҷомеаи имрӯза коррупсия яке аз хатарноктарин зуҳурот шуморида мешавад, ки пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии кишварҳоро боздошта истодааст. Рушди устувор ҳамчун консепсия се ҷузъро муттаҳид мекунад: афзоиши иқтисод, баробарҳуқуқӣ дар ҷомеа ва нигоҳдории табиат. Баъд аз он ки Созмони Милали Муттаҳид Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ)-ро қабул кард, ин мафҳум дар сатҳи ҷаҳонӣ шӯҳрат ёфт. Бо вуҷуди ин, вуҷуди падидаҳои коррупсионӣ амалӣ шудани ин ҳадафҳоро душвор мегардонад.
- Зарари коррупсия ба иқтисодиёт
Таъсири коррупсия пеш аз ҳама дар иқтисод ба чашм мерасад. Вақте ки ришвахӯрӣ, суиистифодаи мансаб ва тақсимоти пинҳонии маблағҳои давлатӣ густариш меёбанд, фазои сармоягузорӣ маҳдуд мегардад. Соҳибкорони дохилӣ ва хориҷӣ аз беҳимоягии ҳуқуқӣ ва эҳтимоли аз даст додани сармоя метарсанд. Оқибат ҷалби сармоягузорӣ кам шуда, шумораи ҷойҳои нави корӣ коҳиш намеёбад.
Илова бар ин, буҷети давлатӣ низ осеб мебинад. Воситаҳое, ки барои сохтмони роҳҳо ва иншооти иҷтимоӣ, маориф, тиб ва ҳифзи табиат пешбинӣ шудаанд, ба мақсадҳои дигар сарф мешаванд. Ин вазъ сифати хизматрасониҳои давлатиро паст карда, фарқи байни табақаҳои ҷомеаро зиёд мекунад.
- Оқибатҳои иҷтимоии коррупсия
Коррупсия эътимоди мардумро ба мақомоти давлатӣ коҳиш медиҳад. Вақте шаҳрвандон мебинанд, ки қарорҳо на аз рӯи адолат, балки ба манфиати шахсии мансабдорон қабул мешаванд, эҳсоси беадолатӣ ва ноумедӣ дар дили онҳо реша медавонад.. Дар натиҷа иштироки мардум дар зиндагии ҷамъиятӣ кам шуда, ҷомеаи шаҳрвандӣ заиф мегардад.
Дар маориф ва тандурустӣ ин зарар махсусан намоён аст. Ҳангоме ки барои дохил шудан ба донишгоҳ ё гирифтани кӯмаки тиббӣ ришва талаб карда мешавад, принсипи баробарии имкониятҳо вайрон мегардад. Ин сифати сармояи инсониро паст карда, ояндаи дурдасти ҷомеаро зери хатар мегузорад.
- Таъсир ба сиёсат ва идоракунӣ
Коррупсия низоми идоракуниро аз дарун вайрон мекунад. Агар вазифаҳо на аз рӯи лаёқат, балки ба воситаи ришва ё равобити шахсӣ тақсим шаванд, коркунони босалоҳият ба паси сар монда мешаванд. Ин самаранокии идораро паст карда, ба қабули қарорҳои беасос оварда мерасонад.
Ғайр аз ин, волоияти қонун суст мешавад. Вақте ки қонун нисбат ба ҳама якхела амал намекунад, мардум ба низоми ҳуқуқӣ бовар намекунанд. Дар чунин ҳолат иҷрои барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла стратегияҳои рушди устувор, ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешавад.
- Хатар барои табиат ва муҳити зист
Ҳифзи табиат яке аз рукнҳои асосии рушди устувор аст. Аммо дар шароити коррупсия иҷозатномаҳои истифодаи захираҳои табиӣ гоҳҳо бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст оварда мешаванд. Ин ба барзиёд истифода шудани захираҳо, олуда гардидани табиат ва нобуд шудани экосистемаҳо мусоидат мекунад.
Ҳамчунин, маблағҳои барои лоиҳаҳои экологӣ ҷудошуда метавонанд ба мақсадҳои дигар сарф шаванд. Аз ин рӯ, тадбирҳо оид ба мубориза бо тағйирёбии иқлим ва нигоҳ доштани гуногунии биологӣ натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд.
- Чӣ тавр метавон садди роҳи коррупсияро гирифт?
Барои паст кардани хатари коррупсия ва таъмини рушди устувор чораҳои зерин аҳамияти калон доранд:
густариши ҳукумати электронӣ ва ба шакли рақамӣ гузаронидани хизматрасониҳо;
баланд бардоштани дониши ҳуқуқии аҳолӣ;
такмили қонунгузорӣ ва таҳкими заминаи меъёрӣ;
қавӣ гардонидани назорати ҷамъиятӣ ва нақши васоити ахбори омма.
Хулоса коррупсия ба иқтисод, ҳаёти иҷтимоӣ, идоракунии сиёсӣ ва табиат зарар расонда, амалӣ шудани барномаҳои миллӣ ва байналмилалиро душвор мегардонад. Бинобар ин, мубориза бо он бояд муттасил ва ҳамаҷониба бошад. Танҳо дар асоси волоияти қонун, шаффофият ва масъулияти мансабдорон метавон ба пешрафти пойдор ва некуаҳволии воқеии ҷомеа ноил шуд.
Яъқуб ҲАСАНЗОДА, доктор (Phd).,дотсент, и.в мудири кафедраи инфарматикаи амалӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Тоҷ
Рус
Eng