Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16-уми ноябр таҷлил мегардад, яке аз санаҳои муҳими таърихию сиёсии кишвар ба шумор меравад. Вақте ки дар бораи нақшу мақом ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди кишвари азизамон сухан мегӯем, пеш аз ҳама, заҳматҳои пайвастаи Сарвари давлат дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ, татбиқи сиёсати созанда ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа пеши назар меоянд.

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кишвари мо аҳаммияти хоссаи сиёсӣ ва таърихӣ дорад. Ин сана ба рӯйдоди муҳими таърихи давлатдории навини тоҷикон иртибот дорад. Маҳз 16-уми ноябри соли 1994 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд. Аз ин рӯ, ин рӯз барои ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус ҷавонон ва насли наврас, имконияти хубест, ки бо таърихи давлатдории миллӣ, марҳилаҳои ташаккули Тоҷикистони соҳибистиқлол ва нақши ниҳодҳои давлатдорӣ дар рушди ҷомеа бештар шинос шаванд.

Рӯзи Президент бо назардошти саҳми назаррас ва хизматҳои таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини Тоҷикистон, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ, эҳёи давлатдории миллӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҷлил карда мешавад.

Бояд таъкид намуд, ки роҳи тайкардаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва марҳилаҳои муҳими рушди давлатдории он бо фаъолияти сиёсию созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Дар давраҳои ҳассосу тақдирсози таърихи кишвар, ки давлатдории миллӣ ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардида буд, масъалаи таъмини сулҳу субот, ҳифзи истиқлол ва муттаҳид сохтани ҷомеа аҳаммияти аввалиндараҷа касб мекард.

Дар марҳилаи ҳассосу тақдирсози гузариш ба низоми нави давлатдорӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути татбиқи сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва тарғиби таъриху тамаддуни бостонии миллати тоҷик барои муттаҳид сохтани ҷомеа дар атрофи ғояҳои миллӣ ва арзишҳои умумидавлатӣ талошҳои зиёд ба харҷ доданд. Дар натиҷа, эҳсоси худшиносию худогоҳии миллӣ тақвият ёфта, таваҷҷуҳ ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бештар гардид.

Тоҷикистони соҳибистиқлол дар марҳилаҳои минбаъдаи рушди худ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Барқарорсозии иншооти муҳим, рушди инфрасохтор, бунёди роҳу пулҳо, неругоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, инчунин татбиқи барномаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуданд.

Яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат дастгирии занон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромаду вохӯриҳо ва паёмҳои ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ пайваста масъалаи баланд бардоштани мақому манзалати занон, таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва фароҳам овардани шароити мусоидро барои иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар таъкид менамоянд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои густариши имкониятҳои занон, ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ, рушди соҳибкорӣ, илму маориф ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд. Ин раванд барои таҳкими мавқеи занон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеа ва истифодаи самараноки неруи зеҳнию созандаи онҳо аҳаммияти муҳим дорад.

Ҳамзамон, таваҷҷуҳ ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва масъулиятшиносӣ дар назди ҷомеа яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва бунёди ояндаи ободи кишвар нақши калидӣ доранд.

Хулоса, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як санаи муҳими таърихӣ, балки фурсатест барои арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдорӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба истиқлоли давлатӣ. Ин рӯз ҳар як шаҳрванди кишварро ба андеша дар бораи масъулияти шаҳрвандӣ, ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан раҳнамун месозад.

 

Ишқина ТАВАКАЛОВА,

ҳуҷҷатнигори кафедраи забони русӣ