Муқовимат бо коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳадафи асосии ин сиёсат мубориза бо коррупсия, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҳамкории неруҳои солимфикри ҷомеа, ташаккул ва татбиқи сиёсати муассири муқовимат ба коррупсия, инчунин андешидани чораҳои гуногунҷабҳа ва пешгирикунанда мебошад. Ин иқдомҳо ба идомаи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар самти таъмини ислоҳоти мақомоти давлатӣ ва таҳкими низоми идоракунии давлатӣ равона гардидаанд.

Коррупсия ва ҷиноятҳои коррупсионӣ дар марҳалаи кунунии рушди ҷомеа, бо дарназардошти мушкилоти мубрами ҷаҳонӣ, ҳамчун хатари ҷиддӣ ба амнияти миллӣ ва иқтисодии як қатор давлатҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, боқӣ мемонанд. Ин зуҳуроти номатлуб дар роҳи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар монеа эҷод намуда, ба суботи иҷтимоӣ, эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ ва татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъкид намудаанд: «…Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок мебошад. Мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар аст. Барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ва ҷалб кардани тамоми мақомоти давлатӣ ва ҷомеа ба мубориза бо коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад».

Бо дарназардошти шаклҳои гуногуни зуҳури коррупсия ва зарурати муборизаи пайваста бо он, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъоли раванди байналмилалии муқовимат ба коррупсия баромад намуда, ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо ва татбиқи чораҳои муассир дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Дар сатҳи байналмилалӣ яке аз санадҳои муҳими ҳуқуқии мубориза бо коррупсия Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия мебошад, ки Тоҷикистон ба он 25 сентябри соли 2006 ҳамроҳ шудааст. Дар сатҳи миллӣ низ бо мақсади тақвияти муқовимат ба коррупсия ва андешидани тадбирҳои зарурӣ маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб ташаккул дода шудаанд.

Бо мақсади такмили низоми идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Аз замони таъсиси ин ниҳод то имрӯз барои такмили заминаҳои ҳуқуқӣ, тақвияти назорати давлатӣ ва беҳтар намудани низоми муқовимат ба коррупсия як қатор иқдомҳои муҳимми ҳуқуқию маъмурӣ амалӣ гардидаанд.

Тибқи муқаррароти Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021 тасдиқ шудааст, коррупсия яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳо ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон низ муқовимат ба коррупсияро ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ муайян намуда, барои пешгирии ин зуҳурот ва коҳиш додани омилҳои ба он мусоидаткунанда мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Дар ин замина, мақомоти омори давлатӣ низ ҷиҳати таъмини шаффофият, дастрасии васеъ ба маълумоти оморӣ ва такмили низоми идоракунии маълумот тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд. Интишори мунтазами маълумоти оморӣ, истифодаи технологияҳои муосири ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот, рушди низомҳои иттилоотӣ ва густариши хизматрасониҳои рақамӣ аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки ба таҳкими эътимоди ҷомеа, баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва беҳтар гардидани сифати хизматрасониҳои давлатӣ мусоидат мекунанд.

Мубориза бо коррупсия на танҳо масъалаи ҳуқуқӣ, балки масъалаи муҳими таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ низ мебошад. Коррупсия ба муҳити сармоягузорӣ таъсири манфӣ расонида, рақобати солимро маҳдуд месозад ва имкониятҳои рушди соҳибкориро коҳиш медиҳад. Баръакс, таъмини шаффофият, риояи қонун ва идоракунии самаранок ба ҷалби сармоя, рушди бахши хусусӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ ва баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ ва таъмини рушди устувор тадбирҳои гуногунро амалӣ менамояд. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии кишвар ва татбиқи ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ зарур аст, ки ҳар як корманди давлатӣ, намояндаи бахши хусусӣ ва шаҳрванди кишвар дар муқовимат ба коррупсия масъулияти баланд эҳсос намуда, саҳми арзандаи худро гузорад.

Танҳо бо саъю кӯшиши муштарак, риояи принсипҳои қонуният, адолат, шаффофият ва масъулиятшиносӣ метавон ҷомеаи аз коррупсия озод ва давлати пешрафтаву шукуфонро бунёд намуд. Маҳз чунин ҷомеа заминаи боэътимод барои рушди иқтисодӣ, таҳкими суботи сиёсӣ, баланд бардоштани эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум хоҳад буд.

 

Азима РАҲИМОВА,

муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкии ДДМИТ