РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Ҷавониро фидо кардам, диёрам то ҷавон бошад,
Гузаштам борҳо аз ҷон, ки ҷонаш дар амон бошад.
Воқеан, мисраъҳои шоири ширинкалом Низом Қосим маҳз ба шахсияти барҷаставу некофар ва фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле арзандаву самимӣ бахшида шудаанд.
Маҳз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти сулҳовару ваҳдатофар дар саҳифаҳои таърихи навини миллат нақши арзанда, бунёдкорона ва мондагори худро гузошта, дар роҳи ҳифзи давлатдории миллӣ ва ғамхорӣ ба халқу Ватан хизматҳои назаррас анҷом додаанд.
Бояд қайд намуд, ки дар таърихи ҳар як давлат санаҳои муҳимми таърихие мавҷуданд, ки аҳаммияти бузурги сиёсӣ, таърихӣ ва иҷтимоӣ доранд. Яке аз чунин санаҳои муҳим дар таърихи навини давлатдории тоҷикон 16 ноябр - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин сана ҳамчун рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Президенти кишвар, давлатдории миллӣ, истиқлолияти сиёсӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории муосири миллати тоҷик ҳамасола таҷлил мегардад.
Ҳаминро бояд қайд намуд, ки ин сана танҳо як ҷашни расмӣ набуда, балки фурсати муносибест барои арзёбии роҳи тайнамудаи давлат дар даврони соҳибистиқлолӣ, таҳлили дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва муайян намудани вазифаҳои минбаъда дар ҷодаи пешрафту тараққиёти ҷомеаи кишвар.
Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар соли 1991 ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гардид. Ин давра барои миллати бузурги мо ҳамзамон марҳилаи имкониятҳои нав ва мушкилоти ҷиддии сиёсиву иҷтимоӣ ба ҳисоб мерафт. Ҷомеаи кишвар ба таҳкими сохторҳои давлатӣ, барқарор намудани суботи сиёсӣ ва ташаккули низоми мукаммали идоракунӣ ниёз дошт.
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дар таърихи давлатдории навини тоҷикон саҳифаи наверо боз намуд. Он дар замоне баргузор гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба буҳрони шадиди сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардида, вазъи сиёсии кишвар хеле мураккаб буд. Дар чунин шароити вазнин масъалаҳои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини суботи сиёсӣ, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва муайян намудани роҳҳои минбаъдаи рушди кишвар аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо карда буданд.
Дар ин иҷлосия аз ҷониби вакилони халқ номзадии Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович, ки он вақт Раиси Кумитаи иҷроияи Шурои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб буданд, пешниҳод гардид. Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ аз 197 нафар вакил 186 нафар ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд. Ҳамин тариқ, 19 ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Дар шароити муваққатан қатъ гардидани фаъолияти ниҳоди президентӣ Раиси Шурои Олӣ ҳамзамон вазифаи Сарвари давлатро иҷро мекард.
Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин суханронии худ пас аз интихоб гардидан ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои изҳори боварӣ ва дастгирии вакилони мардумӣ изҳори сипос намуда, зарурати ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятиву сиёсӣ ва қатъи хунрезиро таъкид карданд. Интихоби роҳбарияти нави сиёсӣ дар он давра яке аз масъалаҳои калидии барқарорсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ба шумор мерафт.
Интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози марҳилаи нави сиёсӣ дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон гардид. Баъдан, 6 ноябри соли 1994, дар интихоботи умумихалқӣ Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
16 ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон рӯйдоди муҳим ба амал омад: маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Санаи мазкур дар ташаккули давлатдории миллати тоҷик ва таҳкими сохти конститутсионии давлат аҳаммияти хосса дорад. Бо ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати вазъи сиёсиву иқтисодӣ нақши низоми устувори идоракунии давлатӣ боз ҳам муҳимтар мегардад. Аз ин лиҳоз, омӯзиши мақоми конститутсионии Президент ва вазифаҳои он барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аҳаммияти махсус дорад.
Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои арҷгузорӣ ба таърихи давлатдории миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои Истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандӣ заминаи муҳим фароҳам меорад. Таҷлили ин санаи муҳим ва сарнавиштсоз моро водор менамояд, ки ба масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла ҳифзи сулҳу суботи кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтироми қонун ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.
Яке аз арзишҳои муҳимми миллати тоҷик ба даст овардани ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад. Таҷрибаи таърихии миллати куҳанбунёди тоҷик нишон медиҳад, ки сулҳу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ барои рушду тараққиёти давлат нақши калидӣ доранд. Аз ин рӯ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни шаҳрвандон вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як узви ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар ин росто, ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндаи давлатдорӣ бояд бо дониш, маърифат, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар пешрафту тараққиёти кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.
Ҷавонон неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ва омили муҳимми рушди устувори давлат маҳсуб меёбанд. Пешрафту тараққиёти ҳар як кишвар аз сатҳи дониш, ҷаҳонбинии васеъ, маърифати ҳуқуқӣ ва қобилияти эҷодии насли ҷавон вобастагии қавӣ дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пайваста дар баромадҳои худ таъкид месозанд, ки ояндаи давлату миллат маҳз аз ҷавонони кишвар вобастагӣ дорад. Ҳамзамон, ба баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, рушди маориф, илму техникаи муосир ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳанд. Ҷавонон бояд бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои азхуд намудани донишҳои муосир, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва рушди малакаҳои касбӣ талош варзанд.
Дар ин самт нақши донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ хеле муҳим ва назаррас мебошад. Онҳо на танҳо мутахассисони соҳаҳои гуногунро омода менамоянд, балки дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, ахлоқи ҳамида ва мавқеи фаъоли шаҳрвандии ҷавонони кишвар низ саҳми арзанда доранд.
Аз ин лиҳоз, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ҳамчун заминаи муносиб барои баргузории конференсияҳои илмӣ, мизҳои мудаввар, вохӯриҳои маърифатӣ ва дигар чорабиниҳои тарбиявӣ истифода гардад.
Мавриди ёдоварист, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳимми тақвими сиёсиву ҷамъиятии кишвар маҳсуб ёфта, бо таърихи ташаккули давлатдории навини тоҷикон робитаи ногусастанӣ дорад. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дарк намояд, ки ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон аз меҳнати содиқона, донишомӯзӣ, эҳтироми қонун, ҳифзи сулҳу субот ва саҳми арзандаи ҳар як фарди бонангу номуси кишвар вобастагӣ дорад.
Аз ин рӯ, мо бояд ба ташаббусҳои ватандӯстона ва башардӯстонаи Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ барои ободии Ватан, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон саҳмгузор бошем.
Парвина ОРЗУЗОДА,
номзади илмҳои филологӣ,
устоди калони кафедраи забонҳои хориҷӣ
Тоҷ
Рус
Eng