НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Ҳимояи истиқлолу озодии Тоҷикистон ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ки аз ҷумлаи нахустин ва бузургтарин ҳадафҳои сиёсии мо мебошад, имрӯз ва дар оянда низ аз фаъолияти ватандӯстонаи ҷавонон вобастагии бевосита дорад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мегардад, яке аз ҷашнҳои муҳими миллӣ ва давлатӣ аст, ки ба нақши бунёдкоронаи ҷавонон дар рушди ҷомеа ва давлат бахшида шудааст. Ин рӯз на танҳо имкони табрики насли ҷавон, балки фурсате барои арҷгузорӣ ба саҳми онҳо дар пешрафти кишвар ва муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба дурнамои сиёсати ҷавонон мебошад.
Ҳамин аст, ки Ҳукумати кишвар аз солҳои нахустини ба истиқлол расидан ва татбиқ намудани сиёсати давлат доир ба ин қишри муҳими ҷомеа ва неруи созандаву бунёдкор афзалияти бештар муқаррар намуд. Дар даврони соҳибистиқлолии давлат дар самти баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, фароҳам сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Баъд аз Истиқлоли давлатӣ ҷавонон чун як неруи пуриқтидори созанда ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа эътироф гардиданд. Ҳамаи инро ба назар гирифта мебояд, ки ин қишри муҳими ҷомеа аз файзи истиқлол бештар баҳра гирифта, ба қадри ин ҳама неъмати бебаҳо бирасанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Зеро истиқлол ин бародарию баробарии тамоми узви ҷомеа, сари баланд, зиндагии осоишта, хонаи ободи ҳар як миллати соҳибдавлат ва ватандор буда, ҳамчунин мақоми хоссаеро ба ҷавонони мамлакат додааст.
Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватани азизамон буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа арзишманд ва назаррас мебошад”.
Таъкид ба мавриди хос аст, ки ҷавонон ҳамчун қувваи пешбаранда ҳамеша дар рушди ҷомеа нақши муҳим мебозанд. Имрӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пешрафти технология ҷавонони тоҷик дар тамоми соҳаҳо, аз иқтисодиёт то фарҳанг ва илму маориф саҳми арзанда мегузоранд. Ҷавонон қишри асосиву муҳими ҷомеа, насли ояндасози Ватан ва пояи устувори давлат ба ҳисоб мераванд. Онҳо идомадиҳандаи кору пайкори пешиниён, эҳёгару посдори суннату анъанаҳои гузашта мебошанд. Маҳз ин табақаи аҳолӣ метавонанд сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро идома дода, устувориву пойдории миллату давлатро нигоҳ доранд. Нақши ҷавонон дар таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат, ҳимояву пешбарии манфиатҳои миллӣ ва рушду тараққиёти тамаддуни муосир муҳим ва бузург арзёбӣ мегардад.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки насли ҷавон донишманду босавод, соҳиби касбу ҳунар ва соҳибмаърифату тарбиядида ба камол расонида шавад. Ҳадаф аз баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ва олимпиадаю озмунҳои гуногун баланд бардоштани сатҳи саводнокию маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад.
Бо мақсади боз ҳам фаъол гардидани ҷавонон зиёда аз даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул карда шуд, ки он барои муттаҳид намудани ҷавонон, ҳимояи марзу буми Тоҷикистон, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагию бунёдкории онҳо роҳи боз ҳам васеъ кушод.
Қайд кардан зарур аст, ки ватандӯстӣ ва меҳанпарастии ҷавонон дар давраи муосир аҳамияти хосса касб карда, ҳар як ҷавони бонангу номуси кишварро лозим ва зарур аст, ки ҷиҳати омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар пайваста талош намояд, таърихи сипаригаштаи халқи худро, ки пур аз шебу фароз аст донад, ба арзишҳои таърихию фарҳангии миллат арҷгузор бошад, арзиши ин миллати тамаддунофарро аз ҳама чиз қимат донад ва дар умум, худшиносу худогоҳ бошад.
Мо ҷавонон дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат кӯшиш мекунем, ки пеш аз ҳама, зиракии сиёсиро аз даст надода, бо истифода аз донишу маҳорат ва қобилияту малакаи касбӣ, бо дасту дили гарм дар шукуфоии Ватани маҳбубамон саҳми арзандаи худро гузорем.
Савриддин ЯТИМОВ -
устоди кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ
Тоҷ
Рус
Eng